Бастаҳои “MIX”: интернети бештар бо нархи камтар

Навид

Бастаҳои “MIX: интернети бештар бо нархи камтар

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ бастаҳои интернетии силсилаи “MIX”-ро роҳандозӣ намуд. Онҳо ба муштариён имкон медиҳанд, ки ҳаҷми зарурии трафик мувофиқи талабот интихоб карда шуда, барои мақсадҳои гуногун истифода бурда шавад. Ба ғайр аз ин интернети мобилӣ аз ҷиҳати нарх якчанд маротиба дастрастар шуд.

Силсилаи “MIX” аз шаш бастае иборат аст, ки рақамҳо дар таркиби номҳояшон ҳаҷми умумии трафики дастрасро ифода мекунанд. Масалан, “MIX 4” аз 4 000 Мб – 1 000 Мб барои дилхоҳ мақсадҳо ва 3 000 Мб барои истифодаи хизматрасониҳои маъруф иборат мебошад. Ба қатори онҳо Viber, WhatsApp, Telegram, IMO, WeChat, Facebook, Facebook Messenger, Instagram, “ВКонтакте”, “Одноклассники”, TikTok ва YouTube дохил мешаванд.

Бастаи калонтарини силсилаи нав “MIX 90” буда, нархи он ба 170 сомонӣ баробар аст. Ба он 90 000 Мб: 30 000 Мб трафики умумӣ ва 60 000 Мб барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва видеохостинги YouTube одохил мешаванд.

Муҳлати амали ҳамаи бастаҳои “MIX” – 30 рӯз аз лаҳзаи пайвасткунӣ. Онҳоро метавон мустақилона, масалан, дар замимаи мобилии “МегаФон Life” пайваст намуд. Бастаҳои интернетии  “MIX” аз тарофаи муштарӣ вобаста набуда, ҳангоми ивази тарофа қатъ карда намешаванд.

Бо интихоби яке аз бастаҳои нав муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” на танҳо ҳаҷми зарурии трафики интернети мобилиро ба даст меорад, балки то дараҷаи назаррас маблағи худро сарфа мекунад. Агар қаблан бо маблағи қариб 20 сомонӣ, масалан, пайвасткунии бастаи “Light 1” бо 1000 Мб имконпазир буд, акнун бо чунин нарх бастаи “MIX 4” бо 4 000 Мб дастрас мебошад. Бо ҳамон як нарх истифодабаранда чор маротиба зиёдтар интернетро ба даст меорад.

Таркиби бастаҳо низ хеле қулай шуд. Дар силсилаҳои қаблӣ трафик аз рӯйи мақсадҳои истифода тақсим нашуда, аз ҳисоби ҳаҷми умумӣ сарф мегардид. Акнун ҳатто ҳангоми истифодаи фаъолонаи хизматрасониҳо (паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ) миқдори муайяни мегабайтҳо барои манбаъҳои дигари интернетӣ боқӣ мемонад. Таркибу арзиши бастаҳои силсилаи “MIX” дар ҷадвали зерин оварда шудаанд.

Агар ҳаҷми интихобшудаи трафик кам барояд, метавон бастаи иловагиро вобаста ба мақсадҳои худ пайваст намуд. Барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо “MIX Хизматрасониҳо + 1 000 Мб” пешбинӣ шудааст, ки он 5 сомонӣ арзиш дорад. Ҳангоми зарурати зиёд кардани ҳаҷми умумӣ кофист, ки “MIX + 1 000 Мб” бо нархи 10 сомонӣ пайваст карда шавад. Бастаҳои иловагие, ки то охири мӯҳлати бастаи асосии силсилаи “MIX” дастрас ҳастанд, имкониятҳои муштариёнеро, ки мехоҳанд хизматрасониро мувофиқи ниёзу талаботи худ танзим намоянд, васеъ мекунанд.