Баррасии  омодасозии мутахассисони соҳаи IT-технология 

Навид

Баррасии  омодасозии мутахассисони соҳаи IT-технология

Дар вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва директори филиали Ташкилоти амонатии қарзии хурди «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе масъалаҳои омодасозии мутахассисони соҳаи IT-технология, ҷалби донишҷӯёни самти IT-технология ба таҷрибаомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин гардидани онҳо баррасӣ гардидааст.Ҷонибҳо ҳамзамон баргузории суҳбатҳо оид ба имконияти бонк ва сиёсатии кадрии он, таъсиси маркази таълимӣ-бонкӣ дар донишгоҳ, таъсиси стипендияҳои номӣ барои донишҷӯёни фаъол, аз машғулияти таълимӣ-сертификатсионӣ гузаронидани кормандони бонк ва амалигардонии лоиҳаҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ректори Донишгоҳи технологӣ Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки ҳоло дар факултети технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъии донишгоҳ мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои системаҳои компютерӣ ва интернет – технологияҳо, системаи автоматишуда, системаҳои компютерии бонкӣ, системаҳои таъмини бехатарии маълумот, таъминоти барномавӣ ва математикии истеҳсолоти автоматонӣ, муҳандисии барномавӣ, интеллекти сунъӣ ва технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт омода карда мешаванд.

Ҳамкории байналмилалии донишгоҳ дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи IT-технология васеъ буда, донишгоҳ бо донишгоҳҳои бонуфузи Кореяи Ҷанубӣ, ташкилоти «WTIT — Интиқоли ҷаҳонии технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон», Фонди миллии таҳқиқотии Корея (NRF) ва Ташкилоти кореягӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди тадрис ва омодасозии мутахассисон тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.

Иброз гардид, ки ҷонибҳо бо пайдо гардидани имконияти бештар кӯшиш менамоянд дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи IT-технология дар сатҳи сифатан нав ҳамкорӣ намуда, ба натиҷаҳои назарраси муштарак ноил шаванд.