Баррасии масъалаи истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон дар Санкт-Петербург
Ҳамзамон вазири адлия дар ҷаласаи пленарии Форуми XII байналмилалии ҳуқуқии Петербург, ки таҳти раёсати муовини раиси Шурои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, форуми мазкур майдони васеи муколама ва мубоҳисаҳои ҳуқуқшиносон аз як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, дар он вазирони адлияи давлатҳои хориҷӣ, ходимони илмиву амалӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ ва арбитражӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи академӣ, сохторҳои бонкӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои мубрами соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоту муаммои татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон дар доираи форум масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавию хусусӣ, нақши ҳуқуқ ва қонун дар замони дигаргуниҳои ҷаҳонӣ, амалияи судӣ ва арбитражии ҳалли баҳсҳои сармоягузорию иқтисодӣ, таъмини ҳуқуқии истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ҳуқуқи ширкатҳои тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаи васеи иштирокчиён қарор дода шуда, дар доираи он инчунин форуми ҳуқуқшиносони ҷавон, муколамаҳо ва конфронсҳои сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чаҳорчубаи Форуми XII байналмилалии ҳуқуқии Петербург мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус Евгений Коваленко баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшавандаи соҳаи адлияро муҳокима намуда, татбиқи заминаи ҳуқуқии дуҷониба оид ба масъалаҳои ёрии ҳуқуқии мутақобиларо арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаро фаъол гардонда, нақшаҳои кори муштараки вазоратҳои ду мамлакатро барои ояндаи наздик мувофиқа созанд.