Баррасии масъалаи ифтитоҳи намояндагии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе

Ахбороти технологияҳо Навид

Баррасии масъалаи ифтитоҳи намояндагии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои аъзои СҲШ дар Душанбе

Ифтитоҳи намояндагии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе яке аз масъалаҳое буд, ки зимни вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо Директори генералии Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Ҷао Ҷунюан мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  хабар додааст.  Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маркази чинии интиқоли технологияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай муҳокима шуданд.Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе амалинамоии робитаҳоро дар соҳаҳои фанноварӣ, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи идораи шаҳрӣ, тадбиқи лоиҳаҳои муштарак ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ таъкид намуд.

Ҳамзамон зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.