Баррасии корҳои анҷомшуда ва нақшаҳои операторони мобилӣ барои соли 2024 дар Хадамоти алоқа
Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии масъулини соҳаи алоқа ва намояндагони операторони мобилӣ бо иштироки Бег Сабур, Сардори Хадамот баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа намояндагони операторони мобилӣ аз корҳои анҷомшуда ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 декабри соли 2023 ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, ҳамчунин аз нақшаҳои ширкатҳои мобилӣ дар соли 2024 ба Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа ҳисобот доданд.
Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа пас аз баррасии масъалаҳои ҷорӣ иброз намуд, ки ширкатҳои мобилӣ бояд дар соли ҷадид ба боло бурдани сатҳи фарогирии мавҷи алоқаи мобилӣ дар кишвар ва кайфияти хадамоти мобилӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Ба таъкиди Сардори Хадамот талаботи аҳолӣ ва тамоми соҳаҳо ба алоқаи мобилӣ, махсусан интернет, рӯз аз рӯз бештар шуда, ҳамзамон технологияҳои нав ба таври зудҳангом вориди бозори телекоммуникатисионӣ мешаванд. Аз ин рӯ, зарурат пеш омадааст, ки навсозии истгоҳҳои базавӣ ва ироаи хизматрасониҳо алоқаи мобилӣ бо кайфияти баланду дастрас ба таври ҳамешагӣ идома ёбад.
Масъалаи дигар дар ин ҷаласа, баррасии ворид намудани истгоҳҳои базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G аз Ҷумҳурии мардумии Чин дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» буд. Гуфта шуд, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридоти истгоҳҳои базавӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин бо тамоми мақомоти марбутаи кишвар ҳамкорӣ ва гуфтушунидро ба роҳ мондааст.
Ёдовар бояд шуд, ки моҳи декабри соли 2023 Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Яке аз муқаррароти ин Ёддошт ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони «Технологияи Хуавей Тоҷикистон» дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарти GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур таъсиси корхона-лабораторияи ватании истеҳсоли таҳҷизоти соҳаи алоқа, махсусан истгоҳҳои базавии алоқа, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҳадаф аз таъсиси чунин корхона, пеш аз ҳама кам намудани вобастагии бозори телекоммуникатсионии кишвар аз технологияҳои хориҷӣ мебошад. Бег Сабур аз ҳозирин даъват намуд, ки дар ин замина фикру мулоҳизоти худро ба Хадамоти алоқа пешниҳод намоянд.
Дар ин бора пас аз ҷамъбасти хулосаҳои дақиқ ва такмил шудани раванди ҳуҷҷатгузорӣ маълумоти муфассал дода хоҳад шуд.