Баррасии густариши ҳамкориҳои ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ ва сохторҳои Хадамоти алоқа бо КВД «Шаҳри ҳушманд»
Дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамот Бег Сабур бо роҳбарону намояндагони ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ ва масъулини соҳаи алоқаи кишвар баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ масъалаи татбиқи “Ҳукумати электронӣ”, ба хусус густариши ҳамкориҳои ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ ва сохторҳои Хадамоти алоқа бо Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғоз Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа моҳият ва аҳамияти таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо барои ҷомеа ва давлат дар шароити рушди зудҳангоми технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, шарҳ дода, зикр намуд, ки роҳандозии Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдоми басо муҳим мебошад. Фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе яке аз намунаҳои муваффақи татбиқи “Ҳукумати электронӣ” дар кишвар буда, ба раванди васеъ гардидани он дар миқёси мамлакат мусоидати фаъол мекунад. Ҳамчунин ин Корхона Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023-ро дар ҳудуди шаҳри Душанбе муваффақона амалӣ менамояд. Ба таъкиди Бег Сабур, бинобар ин ҳамкорӣ барои густариши татбиқи «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» тақозои замон ва дар баробари дигар ниҳодҳо масъулияти ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ ва сохторҳои Хадамоти алоқа низ мебошад.
Сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод аз корҳои амалии анҷомшуда аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» ёдовар шуда, зарурати густариши ҳамкории ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ ва сохторҳои Хадамоти алоқа дар самтҳои муайянро баён намуд.
Дар фарҷоми вохурӣ Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа намояндагони ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳои интернетӣ ва масъулини соҳаи алоқаро муваззаф намуд, ки дар робита бо масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро ба роҳ монанд.