Барои муштариёни O Mobile дар Душанбе маркази нави хизматрасонӣ боз шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маркази нави хизматрасонӣ аз ҷониби ширкати мобилии O Mobile ба фаъолият шуруъ кард. Маркази нави хизматрасонии O Mobile дар кӯчаи Бухоро 13 воқеъ гардида, дастрасии сокинони шаҳри Душанберо хизматрасониҳои мобилӣ пештар намуд.
“Дар нахустин рӯзи боз шудани ин Марказ мо шоҳид гардидем, ки муштариёни зиёде муроҷиат намуданд. Ин худ далели он аст, ки афзоиши нуқтаҳои хизматрасонӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат аҳамияти муҳим дошта, расидагӣ ба муроҷиатҳои шаҳрвандонро осону қуллай мекунад. Аз тарафи дигар муштариёни ширкати рӯз аз рӯз бештар мешавад. Бинобар ин, роҳбарияти ширкат талош доранд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ба муштариёнро беҳтару хубтар гардонанд. Кушодашавии ин марказ яке аз намунаҳои он аст”-мегӯяд намоянаи ширкати O Mobile Бежан Раҳмонӣ.
Дар маркази навтаъсиси ширкати мобилии O Mobile ба муроҷиаткунандагон хадамоти пайвасткунии муштариён, азнавбақайдгирии сим-кортҳо, ивази тарофаҳо, пайвасткунии хизматрасониҳои иловагии тарофа, машварат ба мушатариён, фурӯши сим-кортҳо ва амсоли ин расонида мешавад.
Ба иттилои масъулин ба 10 нафар муроҷиаткунандаи аввал рақамҳои зебо бо тарофааш ба таври ройгон туҳфа карда шуд.
Ҳамчунин дар ин марказ барои рақамҳои нуқра тахфифи садфоиза ҷорӣ шудааст. Муштарӣ танҳо маблағи тарофаро пардохт мекунад. Ин тахфиф шуруъ аз имрӯз ва 10 рӯз идома мекунад.
Маркази матбуоти Хадамоти алоқа