“Бародарон аз рӯи суръат”: дар соҳилҳои баҳри тоҷик фестивали анъанавии байкерҳо доир шуд

Навид

“Бародарон аз рӯи суръат”: дар соҳилҳои баҳри тоҷик фестивали анъанавии байкерҳо доир шуд

МегаФон Тоҷикистон аллакай бори чорум ба ҳайси шарики мотофестивали “Суғдиёна”-и Осиёи Марказӣ баромад карда, байкерҳоро аз давлатҳои гуногун бо алоқаи боэътимод ва интернети босуръат таъмин намуд. Ташкилкунандаи фестивал – мотоклуби “Ирбис Тоҷикистон”.

Дар соли 2024 Тоҷикистон аввалин бор мақоми кишвар – раиси Ассотсиатсияи мотосиклронҳои Осиёи марказиро соҳиб шуда, дар он мотомавсими Осиёи марказӣ кушода эълон шуд. Барои ин ба Суғд зиёда аз 300 байкерҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон омаданд. Ба онҳо наздики сад байкерҳо аз кишвари мо ҳамроҳ гардиданд. Якчанд ҳазор сокинони Хуҷанд имкон пайдо карданд, ки намоишгоҳи ретро-мошинҳо ва дрифт-шоуи байкерҳои ӯзбекро тамошо карда, дар консерти сарояндагони маъруфи тоҷик вақти хешро хуш гузаронанд.

 Аз пойтахти Суғд “дӯстони суръатӣ” ба соҳилҳои баҳри Қайроққум раҳсипор шуданд. Ин ҷо иштирокчиёни мотофест вориди барномаи ҷолибу рангине шуданд, ки мусиқии миллӣ ва замонавиро дар бар мегирифт.  Меҳмонон садои карнаю сурнай, баромадҳои рок-гурӯҳи қазоқистонии “KOMANCHEROS” ва Фирдавс Холназаровро гӯш карда, дар мусиқии DJ Jova рақсу бозӣ намуданд.

Дастгирии ҷамъомади байкерҳо аллакай ба ҳукми анъанаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” даромада, ин бор низ амалӣ карда шуд. Оператор аз нахустин мотофесте, ки дар соли 2018 баргузор шуда буд, ба ҳайси шарики “Суғдиёна” баромад менамояд.

 “МегаФон Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то сокинони кишвари мо доимо дар ҳама ҷо дар минтақаи дастрасӣ қарор дошта бошанд. Ин махсусан дар вақти саёҳатҳо вақте садҳо ва ҳазорҳо километр аз хона дур ҳастӣ, муҳим мебошад. Барои ҳамин мо кайҳо боз бо клубҳои байкерӣ ҳамкорӣ карда, ба дӯстдорони мотоварзиш алоқаи боэътимод пешниҳод менамоем. Дӯстии мо хусусияти рамзӣ низ дорад. “МегаФон Тоҷикистон” ҳам доимо дар роҳ аст. Мо ҳамеша пеш меравем, аввалин шуда дар кишвар технологияҳои рақамиро роҳандозӣ мекунем. Бояд гуфт, ки ин ба саёҳат дар роҳҳои ноозмуда хеле шабоҳат дорад. Мо низ суръатро хеле дӯст медорем – барои ҳамин интернети мо дар Тоҷикистон аз ҳама босуръат аст. Ба иштирокчиёни мотофест кашфиёти нав, адреналин ва идомаи ҳамкориро хоҳонам!” изҳор дошт Раҳматҷон РАҲМАТОВ, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд.