БАРНОМАИ ЭЛЕКТРОНИИ «EDONISH». Механизми электронии сабти он чӣ бартарият дорад?
«Барои анҷом додани механизми қабули хонандагон тавассути низоми электронӣ дар барномаи электронии «eDonish» бахши нав –«Ба синфи 1» таъсис дода шуд, ки тарзи кор бо он дар силсиламашғулиятҳои омӯзишӣ барои директорон ва маъмурони барномаи электронии «eDonish»-и муассисаҳои таълимии пойтахт омӯзонида шуд. Бақайдгирӣ сода буда, қадами нахустини он ворид намудани рақами телефони волидайн ва ё шахсони ивазкунандаи онҳо мебошад. Сипас, маълумоти шахсии аризадиҳанда пур карда шуда, барои тасдиқ нусхаи шиноснома ва маълумотнома аз ҷойи истиқомат талаб карда мешавад», — афзуд Зафар Муродзода.
Дар марҳилаи баъдӣ маълумот дар бораи кӯдак бо замимаи шаҳодатномаи таваллуд ворид карда мешавад. Пас аз ирсоли маълумот барои тасдиқ маъмурон дурустии онро санҷида тасдиқ/рад мекунанд. Бо баробари тасдиқ ва радди маълумот ба телефони мобилии аризадиҳанда паёмак ирсол мегардад.
Ба андешаи директори муассиса, барномаи электронии «eDonish» имконияти васеъ дошта, барои гузаштан ба таҳсили рақамӣ заминаи мувофиқ фароҳам овардааст. Он қисми таркибии таҳсили рақамӣ буда, бо ҳадафҳои Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад.
Инчунин механизми электронии бақайдгирӣ бартарияти зиёд дорад, ки ба андешаи мо, муҳимтарини онҳо чунин аст:
— Содагардонӣ ва фаврият, яъне раванди бақайдгирии хонандагон ба синфи як бо ёрии низоми электронӣ сода ва зуд амалӣ карда мешавад.
— Таъмини шаффофият, яъне низоми бақайдгирии электронӣ имкон медиҳад, ки қабули хонандагон вобаста ба маҳали фарогирӣ шаффоф гузашта, омилҳои коррупсионӣ барҳам дода шаванд;
— Дастрасии муносиб дар ҳар вақт ва аз ҳар куҷо, яъне волидайн ва ё ашхоси ивазкунандаи онҳо дар ҳар куҷое, ки бошанд, дар дилхоҳ вақт метавонанд фарзанди худро сатб намоянд;
— Автоматикунонии раванди қабул, яъне равандҳои қабул ва бақайдгирӣ автоматӣ карда мешаванд, ки самаранокии баландро таъмин менамоянд.
— Сарфаи вақт ва захираҳо, яъне низоми электронӣ имкон медиҳад, ки вақт ва захираҳои хонандагон ва масъулини муассиса сарфаҷӯӣ карда шавад;
— Коҳиши хатоиҳо, қаблан, ҳангоми сабти ном ба таври дастӣ хатоиҳои зиёде сар мезаданд, ки бо низоми электронӣ ин мушкилиро метавон барои ҳамеша бартараф намуд;
— Дастрасии баробар, яъне ҳамаи сокинони пойтахт, новобаста аз мавқеъ метавонанд ба сабти номи фарзанд дар ин ё он муассиса дастрасӣ дошта бошанд.
— Мусоидат ба раванди маъмурӣ, яъне низоми электронӣ ба масъулин имкон медиҳад, ки раванди коркард ва идораи ҳуҷҷатҳоро осонтар назора кунанд ва хатоиҳои маъмурӣ камтар рух диҳанд.
— Фароҳам овардани имконият барои ҳама, яъне тариқи низоми электронӣ онҳое, ки тавоноии ба мактаб рафтан надоранд, метавонанд фарзанди худро сабти ном кунанд.
— Кам кардани ҳаяҷон ва стресс, яъне низоми электронӣ метавонад омилҳои фишоровар ва ҳолатҳои стрессноки раванди сабтро коҳиш диҳад.
— Бойгонии маълумот ва серверҳои барнома имкон медиҳанд, ки маълумот барои солҳо маҳфуз нигаҳ дошта шавад ва тағйири онҳо ғайриимкон мегардад, ки ин имконият аз сохтакорӣ ва тақаллуб пешгирӣ менамояд.
Хулоса, қабули хонандагон тавассути барнома имкон медиҳад, ки омилҳои берунии халалрасон бартараф гардида, хонандагон дар асоси маҳалли фарогирӣ ва малакаву маҳорат ба муассисаи таълимӣ фаро гирифта шаванд. Дар барнома дар асоси иқтидору зарфияти муассиса бо назардошти забони таълим миқдори ҷойҳо мушаххас карда шуда, аз ҷониби роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва шуъбаҳои маориф дар ноҳияҳои пойтахт тасдиқ карда мешаванд.
Аллакай таҷрибаи муваффақи ҷорӣ намудани механизми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар мисоли «Маркази миллии тестӣ» дурустии ин иқдомро исбот намуд ва ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин самт мусоидат намуд.
Ёдовар мешавем, ки қабули ҳуҷҷатҳо тавассути низоми электронӣ ба зиммаи Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» буда, он аз 1 августи имсол шуруъ гардида, то 15 сентябр идома меёбад. Барои осонии кор дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе комиссияи қабул таъсис дода шудааст, ки барои сабти номи хонандагон ёрии амалиро дареғ намедорад.
Барномаи электронии «eDonish» аз соли 2020 инҷониб дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе фаъолият менамояд. Он дар се марҳила дар 150 муассиса татбиқ гардида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. «еDonish» журнали электронӣ буда, тавассути имконоти муосир амалӣ карда мешавад ва он ҷадвали дарсӣ, рӯзномаи электронии хонанда, хабарнома аз омӯзгор ба падару модар дар бораи давомоти фарзанд ва арзёбии дониши хонандагонро дар бар мегирад.
Инчунин барнома рейтинги хонандагонро вобаста ба фанҳои таълимӣ нишон медиҳад. Дар даромадгоҳи муассисаҳои таълимӣ бо мақсади огоҳонидани волидайн аз омаду рафти хонандагон, инчунин назорати ба кор ҳозиршавии омӯзгорон камераҳои назоратии Face ID насб карда шудаанд, ки барнома тавассути он давомоти хонандагонро сабт карда, ба волидайне, ки дар барнома сабти ном шудаанд, хабар медиҳад.