Баргузории чорабинӣ дар Хадамоти алоқа бахшида ба Иди касбии коркунони тамоми соҳаҳои алоқа
Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди касбии коркунони тамоми соҳаҳои алоқа- 7 май, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ кормандони соҳаи алоқа аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ кормандони сохторҳои тобеи Хадамот, ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳо ва як қатор кормандони сохторҳои маҳалии Хадамоти алоқа ҳузур доштанд. Ҳамзамон меҳмонон аз дигар вазорату идораҳои ширканд намуданд.
Чорабиниро Бег Сабур раиси Хадамоти алоқа ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи алоқа дар кишвар рушди босуъат ёфтааст. Ҳамчунин Бег Сабур таъкид намуд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи пайвастаи раҳбарияти кишвар кормандони соҳаи алоқа бояд аз худ масъулияти дучанд зоҳир намоянд. Инчунин аз ҷониби меҳмонон ва иштирокдорон зикр гардид, ки ташаккули технологияи муосир нақши алоқаро барои рушди тамоми соҳаҳои дигар ба маротиб боло бурдааст. Аз ин рӯ, рушди босуръати ҷаҳони муосирро бе пешрафти соҳаи алоқа тасаввур кардан ғайри имкон аст.
Як қатор кормандони соҳаи алоқа аз Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктелеком», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг», Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Алоқаи махсус», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази марка», Муассисаи давлатии «Хадамоти давлатии фелдъегерӣ», Муассисаи давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», бахшҳои Хадамоти алоқа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон, ВМКБ, НТБ бо унвони фахрии “Устоди алоқа” сарфароз гардонида шуданд. Дар баробари инҳо чандин корманди ширкатҳои мобилӣ низ ба унвони фахрии “Устоди алоқа” шарафёб гардиданд.
Ҳамасола 7 май ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа таҷлил карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки санаи 7-уми майи соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ кард. Ин ихтирооти нодир дар айни замон ба рушди алоқаи бесим замина гузошт. Ин рӯзи бори аввал соли 1925 ҷашн гирифта шудаааст. Аз соли 1945 бошад ҳамсола таҷлил мегардад.