Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар Хадамоти алоқа
08 сентябри соли ҷорӣ дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони соҳаи алоқаи кишвар бахшида ба таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур, муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев кормандони мақомотро бо ин ҷашни пуршукӯҳи миллат ва давлат табрик намуда, доир ба хизматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонн муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, барқароркунии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, инчунин дастовардҳои халқи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми мақомоти соҳаи алоқа дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон сухан гуфт.
Зимни маҷлиси тантанавӣ бо назардошти иҷрои намунавори вазифаҳои хизматӣ, меҳнати софдилонаю бенуқсон, ба даст овардани муваффақияти шоён дар соҳаи алоқа бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини Сардори Хадамот ба кормандони соҳаи алоқа мукофотҳои давлатӣ супорида шуда, як зумра мутахассисон ҳавасманд гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш як зумра аз кормандони мақомоти соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин ҷашни бузург аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ шуда буданд.
Иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби иштирокдорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Истиқлолияти давлатӣ ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.
Бояд гуфт, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши Сардори Хадамоти алоқа дар тамоми биноҳои сохторҳои Хадамот дар гӯшаву канори мамлакат Парчами давлатӣ парафшон шуда, дастрасӣ ба Wi Fi-и ройгон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бозбинӣ гардид.