Баргузории ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисоди рақамӣ ва танзими равандҳои демографӣ»
Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди иқтисоди рақамӣ ва танзими равандҳои демографӣ» баргузор шуд. Дар ин бора ДМТ иттилоъ додааст.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 26 январи соли 2021 таъкид намудаанд, ки «… бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави мамлакат, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд».
Гуфта шуд, ки Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 декабри соли 2018 ва мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» таҳия гардидааст.
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дар ҳамоиш иброз намуд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз унсурҳои асосии муваффақияти иқтисодиёти рушди муътадилдошта, маҳз аз рақамикунонии иқтисодиёт вобастагӣ дорад. Ҳукумати электронӣ низоми муосири технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба ҳисоб рафта, давлатҳои олам марҳила ба марҳила ба ин система ворид мегарданд. Тоҷикистон низ ҳамқадами замон аст».
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки тибқи дастурҳои Сарвари давлат давра ба давра ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, инчунин омода намудани мутахассисони соҳа диққати аввалиндараҷа дода мешавад.