Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардид
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд.
Дар иҷлосия вакилон, аз ҷумла лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз 5 боб ва 35 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи алоқаи барқӣ танзим ва асосҳои кафолати дастрасӣ ба ҳама намуди хизматрасонии алоқаи барқӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ, таъмини мутобиқати шабакаҳои алоқаи барқӣ бо шабакаҳои байналмилалии алоқaи барқӣ, рақобати озод, бовиҷдононаву самаранок дар бозори хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасонии алоқаи барқӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектони соҳаи алоқаи барқӣ ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатиро муайян менамояд.