Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон таъсис меёбад. Ин иқдом дирӯз, 26 апрел зимни баргузории Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ», ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат пешниҳод шуд.
Ҳадафи таъсиси Ассотсиатсия- ин муттаҳид сохтани блогерони ҷавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шабакаҳои интернетӣ мебошад.
Ассотсиатсия имкон фароҳам меорад, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти блогерон дар асоси қонун ба роҳ монда шуда, ҳамзамон ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда шавад.
Ҳамзамон дар ҷараёни форум аз блогерон даъват ба амал оварда шуд, ки ба Ассотсиатсия аъзо шуда, забони давлатиро риоя намуда, урфу одатҳои миллӣ ва мавзеъҳои таърихиву сайёҳиро дар саҳифаҳои худ ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.
Бо дастгирии ин иқдом блогерони ҷавон иброз доштанд, ки тамоми саъю кӯшиши худро баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои дар пешгузошта ба хотири амнияти Ватан ва тарғиби дастовардҳои рӯзафзуни он равона месозанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонон дар мавзуи «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» аз 26 то 30 апрел дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон баргузор гардида, дар доираи он зиёда аз 60 ҷавони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии минтақа ва дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, онҳоро тавассути саҳифаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ менамоянд.
Бознашр аз АМИТ “Ховар”