Асосҳои ҳуқуқии соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон (Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Навид Ташаббусҳои Тоҷикистон

Асосҳои ҳуқуқии соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон (Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

 

Фаҳмиши истиқлолият давраҳои гуногуни таърихиро дар бар мегирад, ки ин масъала мавриди тадқиқу омӯзиши мутафаккирони бузурги гузашта ва имрӯза қарор гирифтааст. Аз ҷумла, И.Бентам, Л.Гумплович, Г.Келзен, Жан Боден, Ҷ.Локк, Ж.Ж.Руссо, Г.Гегел, А.С.Алексеев, А.Дониш ва дигарон дар масъалаи истиқлолияти давлатӣ тадқиқот бурдаанд.

Дар эҷодиёти мутафаккири немис – Жан Боден дарҷ гардидааст, ки истиқлолият ҳокимияти фаҳмиши муосир ва нисбатан пурраи истиқлолият баъд аз гузариш ба давраи нав, ташкил шудани давлатҳои миллӣ дар Аврупо ба миён омад. Дар давраи мазкур принсипи миллият инкишоф ёфт, ки тибқи он ҳар як халқу миллат бояд давлати миллии худро дошта бошанд. Жан Боденро асосгузори назарияи истиқлол мешуморанд.

Истиқлолият ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатиро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ифода мекунад. [1]

Бояд гуфт, ки проблемаи истиқлолият ба давраҳои таърихӣ алоқаманд аст. Ин масъала ҳамеша дар мадди назари мутафаккирон ва сиёсатмадорони замонҳои гуногун буд.

Воқеан, агар ба таърихи давлатдории тоҷикон назар афканем мушоҳида менамоем, ки дар асрҳои миёна, ҳанӯз дар замони ҳукмронии сулолаҳои Сомониён, Қарохониён, Ғазнавиён, Салчуқиён ва дигар давлатдориҳо масъалаи истиқлолияти давлатӣ вуҷуд дошт, аммо аз сабаби дар сатҳи паст қарор доштани муносибатҳои байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ба дараҷаи замони ҳозира актуалӣ набуд. Аз ин рӯ, хусусияти актуалӣ пайдо кардани ин масъала то дараҷае ба рушди ҳуқуқи байналмилалӣ вобаста аст.

Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба баъзе миллату халқиятҳои хурду бузург муяссар нагардидааст, ки давлати соҳибистиқлоли хешро дошта бошанд. Халқи тоҷик бошад дар асоси принсипи миллият тавонист, ки баъди садсолаҳо аз нав давлати соҳибистиқлоли худро бо номи Тоҷикистон бунёд намояд.

Солҳои 1929-1991 масъалаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолият дар Тоҷикистон вуҷуд дошт, аммо маҳдуд буд.

Баъди барҳам хӯрдани Итиҳоди Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ тамоми ҷумҳуриҳои дар ҳайати он буда соҳибистиқлол гардиданд. Дар қатори онҳо Тоҷикистон низ истиқлолиятро соҳиб гардид.

Асоси ҳуқуқии ташкили давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро Эъломия «Дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз 24 августи соли 1990 ташкил медиҳад. Дар санади мазкур мақсади асосии Тоҷикистон баён шудааст, ки он бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Чунончӣ: ин нуқтаҳо дар моддаи 1-уми Конститусияи Ҷумҳурии Соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст.

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва мустақилият дар муносибатҳои дохилию беруна ифода меёбад. Эъломия муқаррар намуд, ки акнун Тоҷикистон мустақилона ном, роҳи инкишоф, сохтори низоми сиёсию иқтисодии худро мустақилона муайян мекунад, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро мустақилона ҳал мекунад, рамзҳои давлатии худро тасдиқ ва санадҳоро қабул мекунад.

Дар моддаи 3 Эъломия аввалин маротиба оид ба принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ сухан меравад, ки тибқи он ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ тақсим карда мешавад. [2]

9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ Тоҷикистон Изҳорот «Дар бораи истиқлолияти Тоҷикистон»-ро қабул кард. Тибқи ин санад Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ ва халқи он бошад сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад. Ҳамин тариқ, Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991) субъекти комилҳуқуқи ҳуқуқи байналмилалӣ гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ хусусиятҳои эътироф ва эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрии давлатҳо, мустақилона ҳал намудани масъалаҳои дохили давлатӣ, волоияти марзӣ ва мустақилияти давлат дар муносибатҳои байналмилалиро доро мебошад.

Аз рӯи хусусияти аввалин Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон асоси ҳуқуқи байналмилалии муосирро эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрии субъектони он ташкил медиҳад.

Маъмултарини чунин меъёрҳо принсипҳои баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо, истифода набурдани қувва ва таҳдиди истифодаи он дар муносибатҳои байналмилалӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилӣ, ба таври осоишта ҳал намудани баҳсҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои давлатҳо ба ҳисоб мераванд.

Аз рӯи хусусияти дуюм ҳар як давлат мустақилона ва новобаста аз давлати дигар сохтори ҷамъиятӣ ва давлатии худ, тартиботи ҳуқуқии ба сатҳи инкишоф ва талаботу манфиати омма ҷавобгӯро муайян мекунад.

Ҳуқуқи байналмилалӣ муносибатҳои ҷамъиятии дохилидавлатиро танзим намекунад, зеро предмети онро танзими муносибатҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад. Чунин муқаррарот таҷассуми худро дар принсипи дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо ёфтааст.

Аз рӯи хусусияти дигар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии сарвари давлат, ҳокимияти қонунгузору иҷроия ва санадҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави мамлакат амал намуда, қувваи олии ҳуқуқӣ доранд. Амалишавии қонунгузории Тоҷикистон ба қаламрави кишвар маҳдуд нашуда, баъзан меъёрҳои он хислати экстратерриториалиро (бурун аз марзӣ) доранд, яъне, меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон метавонад, ки нисбат ба муносибатҳои ҳуқуқии берун аз кишвар ба миён омада татбиқ шаванд.

Аз рӯи хусусияти ниҳоӣ бошад, Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҳуқуқи байналмилалӣ самтҳои сиёсати берунии худро мустақилона муайян мекунад.

Қабул шудани Эъломия «Дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон», Изҳорот «Дар бораи эълон намудани истиқлолияти Тоҷикистон» зарурати қабул гаштани Конститутсияи навро дар кишвар ба миён овард.

Аввалин маротиба 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Он ба Эъломия «Дар бораи соҳибихтиёрии ҶШС Тоҷикистон» асос ёфта, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуд. Бояд зикр намуд, ки аксари меъёрҳои Конститутсия баҳри рушди истиқлолияти давлатӣ равона гардидаанд. Баъзе меъёрҳои он аз қабили моддаҳои 1, 2, 3, 4, 6, 7, 8, 9, 11, 12, 13, 15, 46, 55, 69, 100 Конститутсия бевосита ба масъалаи истиқлолият дахл доранд.

Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро дар асоси нишонаҳои он яъне пурра ҳокимиятии халқ, мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, моликияти истисноии давлат, рамзҳои давлатӣ, муайян намудани самтҳои асосии дохилию хориҷии кишвар ва дохил шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохтан мумкин аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад (моддаи 64 Конститутсия).[3]

Пеш аз шуруъ намудан ба вазифа Президент савганд ёд мекунад, ки сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунад. Дар соҳаи мудофиаи давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад, Шӯрои амниятро таъсис ва ба он роҳбарӣ мекунад, барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро бо ризоияти Маҷлиси Олӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ истифода мебарад, дар ҷумҳурӣ вазъияти фавқуллода эълон мекунад, ва ин ҳама аз он дарак медиҳад, ки нақши асосӣ ва ҳалкунандаро дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ Президент мебозад. Сарвари олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд мекунад: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан зарур аст».

Имрӯзҳо дар назди Тоҷикистони соҳибистиқлол як қатор проблемаҳое истодааст, ки дорои аҳамияти муҳим буда, ҳалли онҳо мақсади стратегӣ аст. Аз ҷумла, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мебошанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд намуданд, ки мақомотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо қабул ва иҷрои қонунҳоро дар мамлакат самаранок ба роҳ монанд, мубориза алайҳи терроризм, экстримизм, коррупсия, нашъа ва нашъаҷаллобӣ ва дигар омилҳои манфии ҷомеа пурзӯр карда шавад. Бо ин роҳҳо метавон истиқлолият ва бехатарии онро дар мамлакат таъмин намоем. Ва мо ҳама бояд якдилона аз паи иҷрои ин дастуру супоришҳои судманд бошем, то осуда умр ба сар барем.

[1] Ниг.: Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ/ Зери таҳрири М.А. Маҳмудов. Душанбе: «Эр – граф», 2009. С.435

[2] Эъломия «Дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» аз 24 августи соли 1990. Хазинаи Вазорати адлияи ҶТ. Моддаи 3.

[3] Э.Ш. Раҳмонов. Истиқлолият неъмати бебаҳост. Душанбе: «Шарқи озод», 2001. С. 85.

 

Назарзода Акмал Шодмон,

мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишкадаи такмили ихтисоси

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ

ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон