аз 3 декабри соли 2004 №468 ш. Душанбе
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 №1174 «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Вазорату идораҳо, корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият дар асоси Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои идоравии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро таҳия карда, татбиқи онҳоро аз ҳисоби маблағҳои умумии вазорату идораҳо, корхонаҳо аз рӯи смета барои соли навбатии молияви, сарчашмаҳои ғайрибуҷети, кредитҳо, сармоягузориҳо ва грантҳо таъмин намоянд.
- Ҳамоҳангсозии ҷараёни таҳия ва татбиқи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.
- Назорати татбиқи ин қарор ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъули соҳа мебошад, гузошта шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2004 №468
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ
РУШД ВА ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Барнома) бо мақсади амали кардани Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 №1174 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.
Барнома, пеш аз ҳама, барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳама сатҳҳои мақомоти ҳокимияти давлати дар тамоми Ҷумҳури дар соҳаи рушд ва татбиқи оммавии технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар иқтисод ва мақомоти идораи давлати, аз ҷумла, дар доираи дигар барномаҳои тобеи идорави равона шудааст.
- Мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои Барнома
Мақсади асосии Барнома фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати аз ҳисоби татбиқ ва интишори оммавии технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони (минбаъд – ТИК) ба ҳисоб меравад.
Барои амали гаштани мақсади асосии барнома ҳалли чунин масъалаҳо пешбини шудааст:
– ворид кардани технологияҳои навтарини иттилооти дар амалияи фаъолияти роҳбари, ташкил намудани инфраструктура бо мақсади дар мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати татбиқ ва фаъолият кардани системаи иттилооти;
– дар асоси истифодаи ТИК-и муосир баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти худидоракунии маҳалли;
– дар асоси истифода аз ТИК-и муосир баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти субъектҳои хоҷагидори;
– таъмини ҳуқуқии ҳама дараҷаҳои субъектҳои иқтисоди барои дастрасии озод ба иттилоот – гирифтан, интиқол додан, истеҳсол ва паҳн намудани онҳо;
– истифодаи воқеии забони тоҷики дар соҳаи ТИК.
Принсипҳои асосие, ки заминаи ташаккул ва татбиқи Барномаро ташкил мекунанд, инҳоянд:
– дастрас будани Барнома;
– ҳамкори бо дигар барномаҳои мақсаднок барои ҳамоҳангсозии сайъу кӯшишҳо оид ба рушд ва истифодаи ТИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– аз ҳисоби ҷалби воситаҳои ғайрибуҷети барои амали кардани Барнома кам намудани сарбории буҷети давлати.
– бо иттилооти актуали қонеъ гардонидани талаботи аҳоли, мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тиҷорат;
– дар воситаҳои ахбори умум ва шабакаи Интернет васеъ акс намудани Барнома.
- Арзёбии вазъи имрӯзаи ТИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барномаи мазкур ба суръатбахшии рушди инфраструктураи муосири телекоммуникатсиони, фароҳам овардани шароит барои ҳавасмандгардонии инкишофи компютерикунони, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, такмили қонунгузори ва таъмини бехатарии итилооти равона карда шудааст.
Дар баъзе аз мақомоти идоракунии давлати роҳҳои осон ва арзони пайвасти телекоммунникатсиони зимни кор бо компютерҳо истифода мегардад, ки онҳо бо насби воситаи модем ва хатҳои телефонии компютеронидашуда дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ба кор бурда мешаванд.
Лекин имконияти маҳдуди чунин технологияҳо, ки чун қоида дорои сифати пасти хатҳои алоқа мебошанд, барои онҳо дар шароити имрӯза сатҳи баланди хизматрасонии телекоммуникатсиони, алалхусус ахбороти фаври, пурра, дуруст ва бо роҳи осон ва сода гирифтани чунин ахборот лозим аст, ҳалли хуби вазифаҳоро таъмин карда наметавонанд. Дар ҳамаи вазорату идораҳои Ҷумҳури захираҳои электронии иттилоотие, ки ба онҳо мақомоти иҷроия ва қонунгузори манфиатдор мебошанд, амал мекунад. Системаи иттилоотие, ки асосан дар заминаи воситаҳои кӯҳнашудаи барномави-дастгоҳи ва қарорҳои ҳаммонанднашуда созмон дода шудаанд, асосан ба манфиати баъзе сохторҳо амал карда, танҳо вазифаи тобеи идориро ҳаллу фасл менамоянд. Дар натиҷа ахборот такрор шуда, коркард ва истифодаи ин система дучанд гарон афтида, ҷамъоварии ахбороти аввалия ва нигоҳдошти онро дар ҳолати меъёри мушкил мегардонад.
ҳангоми таҳияи Барнома ошкор гардид, ки протсеси иттилооти дар ҳудуди Ҷумҳури ба таври стихияви тараққи карда, хусусияти ошкорои тобеи идори дорад. Шабакаҳои иттилоотии мавҷуда ва системаҳо танҳо бо хизмати чанд идораи хурди дохилиидори ва ҳалли вазифаҳои истеҳсоли дар ҳудуди худ маҳдуданд. Доду гирифти ахбор байни мақомоти ҳокимияти давлати танзим нашудааст, интиқоли ахбороти ҳаҷман калон аслан вуҷуд надорад.
ҷараёни иттилоотонии Ҷумҳури дорои баъзе тамоюлҳои манфи мебошад:
– мавҷуд будани монеаҳои мустақими идорави, инчунин такрори гирдоварии ахборот, ки харҷи дубораи воситаҳои молиявии буҷетро барои ахбороти якхела, воситаҳои коркард ва мубодилаи онҳо тақозо мекунад;
– таъмини барномавии системаҳои иттилооти ва шабакаҳо аз чандин таҳиягарон ва истеҳсолкунандагон дастрас гардида, асоси ҳаммонандсозии технологи надоранд ва аз рӯи андозаи маълумот ба мувофиқа нарасидаанд, таснифоти ягона надоранд ва амалан барои интегратсия ва истифодаи муштарак таҳия нашудаанд;
– сатҳи умумии донишу малакаи истифодабарандагон аз воситаҳои ТИК танҳо ба талаботи миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта ҷавобгӯ мебошанд.
Дар асоси барномаҳои тобеи идории иттилоотони дар Ҷумҳури сенарияи раванди парокандаи иттилоотони инкишоф меёбад, ки ба талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003 №1174 «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 7 ноябри соли 2003 №1175 «Консепсияи амнияти иттилооти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгӯ нестанд.
Проблемаи умумиҶумҳуриявии рушди ТИК танҳо дар сатҳи байниидори халли худро меёбад, зеро барномаҳои идори ва лоиҳаҳо мувофиқи таъиноти худ наметавонанд проблемаҳои умумиҶумҳуриявиро оид ба иттилоотони ҳалл намоянд. Бо назардошти хусусияти иқтисоди, шароити гуногуни табий ва иҷтимоию иқтисодии рушди ТИК дар Тоҷикистон ҳалли пурраи проблемаи иттилоотони вақти зиёдеро талаб мекунад.
Идораҳои гуногун аз рӯи қоидаҳои худ, ки санадҳои гуногуни меъёри муқаррар кардааст, амал мекунанд. Дар натиҷа истифодаи иттилоот дар ҷойҳое, ки ба системаи мазкури иттилооти пайваст нашудаанд, душвор аст ё истифодаи якҷояи маълумот аз маҳзанҳои гуногуни иттилооти барои мақсадҳои нави таҳлил ва пешгӯи бо пешниҳоди иттилоот дар шакли интегратсиони умуман имконнопазир мегардад.
Алоқаҳои иттилоотии мавҷуда асосан амуди мебошанд. ҷараёни иттилооти алоқаҳои уфуқии дохили Ҷумҳуриро қариб фаро нагирифтааст. Дар натиҷа:
– имкониятҳои мутақобилан воқеи кунонидани заминаҳои гуногуни иттилооти аз рӯи қисми умумии маълумот ба роҳ монда намешаванд;
чунин маълумотҳо ё кӯҳна шуда истифода намешаванд ё такроран таҳия мешаванд, ки ин фаври будани онро паст ва нархашонро баланд мебардорад;
– мавҷуд набудани миқдори дахлдори каналҳои алоқаи боэътимод ҳатто барои ба таври пурраву самарабахш истифода кардани захираҳои иттилоотии мавҷуда имконият намедиҳад;
– дар аксар ҳолатҳо ахбороти даркори истифодабарандаи худро пайдо намекунад;
– сабаби дигар – паст будани сатҳи тахассусии кадрҳо ва аҳоли дар соҳаи технологияҳои иттилооти мебошад.
Таҳлили талаботи мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати нишон медиҳад, ки барои ҳалли вазифаҳои нисбатан афзалиятнок ҳадди ақал истифода аз хизматрасонии почтаи электронии муосир зарур аст. Дар ҳақиқат дар шароити ҳозираи рушди равандҳои иқтисодию иҷтимои шарти асосии таҳия ва амали гардонидани қарорҳои сифатноки роҳбарикунанда аз сари вақт гирифтани ахбороти зарури иборат аст. Барои муросилоти почта, ирсоли дискетаҳо ва дигар ҳомили иттилоот талаф кардани вақт аксар нораво ва қобили қабул намебошад.
2.1. ҳолати заминаи меъёрии ҳуқуқи дар соҳаи ТИК
Танзими меъёрии ҳуқуқи дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилооти дар Ҷумҳури гуногунии муносибатҳоро байни иштироккунандагон таъмин карда наметавонад ва ба таҷрибаи байналмилали ҷиҳати хизматрасонии давлат ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо, ташаккули захираҳои иттилооти ва ташкили идоракуни дар ин самт ҷавобгӯи меъёрҳо намебошад.
Дар байни масъалаҳое, ки ҳалли онҳо дар соҳа заруранд, чунин ҷиҳатҳоро махсус қайд кардан лозим аст:
– мавҷуд набудани санади ягонаи меъёрие, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар соҳаи иттилоот, аз ҷумла тартиби дастраси ба иттилоот ва механизми ба кор андохтани онҳоро танзим намояд;
– мавҷуд набудани тартиби ягонаи банақшагири, экспертиза, тасдиқ, маблағгузори ва назорати иншоотҳои иттилоотони;
– бо санади ягонаи меъёри асоснок нашудани принсипҳои пешниҳод кардани иттилоот (яъне пурраги, саривақти, саҳеҳи);
– ташаккули сусти тартиби ягонаи ҳамкориҳои иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлати бо шаҳрвандон ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, истифодаи ахбороти электрони ва шабакаҳои иттилооти ҳангоми чунин ҳамкори.
Дар натиҷа самаранокии қоидаҳои меъёри ба қадри кофи баланд набуда, механизми татбиқнамоии ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият дар мавриди дастёби ба иттилоот вуҷуд надорад. ҳамин тариқ, имрӯзҳо доир ба мавзӯъҳои гуногуни танзими ҳуқуқии ҳамкориҳои иттилооти шаҳрвандон ва мақомоти ҳокимияти давлати масъалаҳое вуҷуд доранд, ки ҳар чи тезтар бартарафкунии онҳо тақозо карда мешавад.
№ т/р | Шакли санади меъёрии ҳуқуқи | Рақам ва санаи қабул | Номи санади меъёрии ҳуқуқи |
1 | Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 108 аз 19.02.97с. | «Дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи автоматиконидашудаи таҳияи аснод дар дастгоҳи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» |
2 | Фармони Президенти ҷумхури | № 1347 аз 16.09.99с. | «Дар бораи тадбирҳои таъмини воридшави ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳони» |
3 | Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 389 аз 08.08.01с. | «Дар бораи таъсиси Шабакаи Ҷумҳуриявии таҳвили маълумот ва тадбирҳои танзими воридшави ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳони» |
4 | Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 389 аз 08.08.01с. | «Қоидаҳои фароҳамоварии хизмати Интернет дар ҳудуди ҶТ» |
5 | Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 30 аз 06.08.01с. | «Дар бораи иттилоотони» |
6 | Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 51 аз 10.05.02с. | «Дар бораи ҳуҷҷати электрони» |
7 | Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 55 аз 10.05.02с. | «Дар бораи иттилоот» |
8 | Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 56 аз 10.05.02с. | «Дар бораи алоқаи барқи» |
9 | Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 71 аз 02.10.02с. | «Дар бораи ҳифзи иттилоот» |
10
|
Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 115 аз 31.03.03с. | Дар хусуси тасдиқи қарор дар бораи Барномаи байнидавлатии таъсиси шабакаи марказҳои иттилоотию маркетинги ҷиҳати интиқоли молҳо ва хизматрасониҳо ба бозорҳои миллии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давраи то соли 2005» |
11 | Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 1174 аз 05.11.03с. | «Дар бораи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» |
12 | Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 1175 аз 07.11.03с | Дар бораи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» |
13 | Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 532 аз 05.12.03с | «Дар бораи дастгирии давлатии ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои иттилоотии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» |
14 | Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон | № 330 аз 02.08.04с | «Дар бораи стандартҳои рамзгузори ва ҷобаҷогузории алифбои тоҷики дар клавиатураи компютерии стандарти UNICODE барои истифодабарии компютери» |
2.2. Сохтори захираҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Захираҳои иттилооти аз ҳуҷҷатҳои алоҳида ва маҷмӯи дигари ҳуҷҷатҳои дорои маълумот дар системаҳои иттилооти (китобхона, бойгони, хазинаҳо (фондҳо), маҳзани маълумот, дигар намудҳои системаи иттилоооти) иборат аст. Ба ин гуна ҳуҷҷатҳо дастнависҳо, нашрияҳои чопию электрони мансубанд, ки онҳо дар худ иттилооти меъёри, амри, фактографи, маълумотдиҳи, таҳлили ва дигар иттилоотро аз рӯйи самтҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа (қонунгузори, сиёсат, демография, соҳаи иҷтимои, илму техника, технология ва ғайра) дар бар мегиранд.
Захираҳои иттилооти давлати ва ғайридавлати шуда метавонанд ва чун ҷузъи амволи моликияти шаҳрвандон, мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва иттиҳодияҳои ҷамъияти ба шумор мераванд.
Захираҳои иттилоотии давлати ба рӯйхати амволи давлати шомил гардида, бояд ба қайд гирифта ва ҳифз карда шаванд. Пешбурди захираҳои итгилоотии давлати аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлати, аз ҷониби ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъияти мутобиқи салоҳияти онҳо, ки барои ташаккул, ҳифз, ҷамъовари ва истифодаи самараноки он ҷавобгар мебошанд, анҷом дода мешавад. Ташкили корҳо ҷиҳати ташаккул ва ба истифодабарандагон пешниҳод кардани захираҳои иттилоотии давлати ба зиммаи мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни гузошта мешавад.
Захираҳои иттилоотие, ки аз тарафи худи молик ва ё бо супориши вай аз ҳисоби маблағи худи ӯ ташаккул дода мешаванд, захираҳои иттилоотии ғайридавлати ба ҳисоб мераванд. Захираҳои иттилоотии ғайридавлати зимни фаъолияти истеҳсолии молик бо масади истеҳсоли маҳсулоти иттилооти ва хизматрасони мавриди истифода қарор дода мешавад.
Таъсиси системаҳои ташаккул, пахш ва истифодаи оқилонаи захираҳои иттилооти дар асоси муносибатҳои маҷмӯи анҷом дода шуда, чунин масъалаҳоро дар бар мегирад:
– ҷудо кардан ва дар Ҷумҳури таъсис додани сохторҳои асосии ташкили, идори ва иҷтимои, ки ҷараёнҳои интегратсиониро фаъолона истифода бурда, нақши системаҳои байниидориро иҷро менамояд, ки барои пешбурди иттилоотонии глобали чун қувваи ҳаракатдиҳанда мусоидат мекунад;
– дар ин сохторҳо ташкил додани ҷараёни интегратсияи системавии объектҳои иттилоотии мавҷуда ва таҳияшаванда;
– мутобиқгардонии системаҳои маҳдуди мавҷудаи ташаккул, пахш ва истифодаи оқилонаи захираҳои иттилооти дар иртибот ба технологияҳои иттилоотии замонави ва талаботи нави рушди иқтисодию иҷтимои;
– истифодаи технологияҳои иттилоотии гуногун дар асоси дастгирии мутаносибии меъёрии ҳуқуқи, молияви ва иҷтимоии технологияҳои гуногуни ташаккул, пахш ва истифодаи оқилонаи захираҳои иттилооти, бо наздиксозии фаъоли онҳо дар ҷараёни интегратсияи системаҳо.
ҳангоми таъсис додани фазои ягонаи иттилооти бояд стандартҳо ва таснифоти омории давлати риоя карда шаванд.
Дар доираи фазои ягонаи иттилооти бо тартиби афзалиятнок ташкил ва ҷори кардани феҳрасти иттилоотии давлати зарур аст, ки он маълумот оид ба ташкилотҳо-нигоҳдорандагони захираҳои иттилоотии давлати, ғайридавлати ва омехта, инчунин маълумот оид ба намудҳои маҳсулоти иттилооти ва хизматрасониро дарбар мегирад. Амали шудани он тавассути таъсиси сохторҳои зерин таъмин карда мешавад:
– ташкилоти Ҷумҳурияви (маркази) барои ҷамъоварии маълумот дар бораи захираҳои иттилоотии давлати ва шароитҳои дастрас будани онҳо барои истифодабарандагон, инчунин барои сертификатсияи системаҳои иттилооти ва шабакаҳо, замина ва бонки маълумот;
– ташкилоти минтақави, байниминтақавии давлати ва тиҷорати ҷиҳати хизматрасони барои шахсони воқеи ва ҳуқуқи;
Дар рушди захираҳои иттилооти ва системаи иттилооти инҳо нақши муҳим доранд:
– ташкил намудани системаи инкишофёфтаи дастгирии иттилооти барои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати;
– ташкил намудани системаи ягонаи маҳзани меъёрии ҳуқуқии маълумот дар таркиби фазои иттилоотию ҳуқуқии Тоҷикистон.
2.3. Технологияҳои иттилоотии афзалиятнок
ҳангоми амали гардонидани барнома ва бо назардошти раванди ҷаҳони муосир такя ба чунин технологияҳои иттилоотии ҳозиразамон ба мақсад мувофиқ аст:
– технологияҳои асосгузори Internet (WWW, Gopher, ftp, E-mail ва ғайра);
– хадамоти иттилоотии Х.500;
– сиёсати нигоҳдории иттилооти ва меъмории «муштари-сервер»;
– технологияи ташкил ва пахши ахборот дар ҳомили СD-ҳо;
– инкишофи системаи муҳаррирони графики ва матни;
– технологияҳои геоиттилооти;
– технологияи мултимедиа ва технологияи ташкил намудани воқеияти виртуали;
– интернет-идеология ҳангоми таъсиси системаҳои иттилоотии идорави ва дастҷамъи (корпоративи).
Технологияҳои номбаршуда имконият медиҳанд, ки навъҳои гуногуни серверҳои иттилооти ҳам дар ҳайати як узели итгилооти ва ҳам дар ҳайати узелҳои гуногуни шабакаҳои компютерии минтақави ба ягдигар пайваст карда шаванд. ҳамин тавр, барои ташкили шабакаҳои иттилоотии минтақавию ҷудокунанда ба проблема нигаронидашуда ва корпоративи ва система дар шакли мантиқан танзимшаванда дар муҳити ягонаи телекоммуникатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ворид шудан ба фазои иттилоотии ҷаҳони заминаҳои технологиро муҳайё месозад.
Технологияи ташкил намудани маҳзани маълумотро таҳия намуда, бояд гузариш ба технологияи бетаваққуфи ҷамъоварии ахборот пешбини гардад ва барномаҳо ба субъектҳое дода шаванд, ки риояи талаботи таъмини бехатари ва амнияти роҳ надодан ба дастрасии иҷозат ба иттилоотро анҷом медиҳанд.
2.4. Хизматрасонии иттилоотй
Хизматрасонии иттилооти дар фазои телекоммуникатсиони ва соҳаи истифодаи захираҳои иттилооти асоси хизматрасони ба истифодабарандагони онро ташкил медиҳад. Он метавонад дар шакли мубодилаи иттилоот ва Хизматрасонии иттилооти сурат гирад.
Истифодабарандагон – шаҳрвандон, мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва созмонҳои ҷамъияти барои дастрас намудани захираҳои иттилооти ҳуқуқҳои баробар доранд ва вазифадор нестанд, ки дар назди соҳиби чунин захираҳо гирифтани маълумоти заруриро асоснок намоянд, ба ғайр аз маълумоте, ки гирифтани он маҳдуд карда шудааст.
Соҳибони захираҳои иттилооти истифодабарандагонро бо маълумоти зарури дар асоси қонунгузори, оинномаҳои ин мақомот, инчунин дар асоси шартномаҳо таъмин менамоянд.
Кафолат ва ҳуқуқи додани маълумот, дастрасии шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба иттилоот, вазифа ва ӯҳдадориҳои соҳибони захираҳои иттилооти, амнияти иттилооти ва ҳуқуқи истифодабарандогонро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2.5. Амнияти иттилооти ва ҳимояи маълумот
Омилҳои муайянкунандаи ҳамгирои дар фазои ягонаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, системаҳои иттилоотии инфироди, корпоративи, соҳави ва давлати ва захираҳо аз таъмини сатҳи дахлдори амнияти иттилоотии ҳар як субъекте иборат мебошанд, ки мақсад доранд ба ин фазо дохил шаванд. Дар фазои ягонаи иттилооти бояд ҳамаи заминаҳо барои муайян кардани шахсияти истифодабаранда (субъект), саҳеҳии мундариҷа ва саҳеҳии хабар, яъне механизм ва усули аутенфикатсияи хабар фароҳам оварда шавад.
Ба роҳ мондани технологияҳои иттилоотии муосир боиси ба миён омадани намудҳои нави ҷинояткори, аз қабили ҷинояти компютери ва терроризми компютери – дахли ғайриқонуни ба кори мошинаҳои ҳисоббарори электрони, системаву шабакаҳои компютери, дузди, азхудкунии иттилооти компютери гардид. Кибертеррроризм ва киберҷиноят – инҳоянд шаклҳои нави фаъолияти ҷинояткори, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муосир ба мақсадҳои худ мерасанд.
Татбиқи чорабиниҳои Барнома, ки дастёбии васеъро ба захираҳои иттилоотии Ҷумҳури пешбини менамояд, дар мавриди таъмин набудани шароитҳои нигоҳдории захираҳо ва мониторинги амнияти захираҳои иттилооти асоси имконнопазир аст. Аз ин рӯ, таҳияву ба миён овардани қарорҳои барномави, ки ба василаи онҳо метавон амнияти захираҳои иттилооти ва ҳам нигоҳдории онҳоро назорат кард, тақозо карда мешавад.
ҳангоми амали намудани Барнома бояд системаи амнияти иттилоотие созмон дода шавад, ки он маҷмӯи чорабиниҳо ва тасмимҳои техникиро барои ҳифзи онҳо дар бар мегирад:
– аз вайрон кардани кори шабака бо роҳи таъсиррасони ба каналҳои иттилооти, каналҳои сигнализатсия, идоракуни ва ҷойгиронии дуркардашуда, ки дорои маълумот нест, таҷҳизоти коммуникатсиони, таъмини барномавии системави ва амали (бунёди);
– аз дастрасии ғайриқонуни ба иттилоот бо роҳи ошкор кардан ва аз байн бурдани кӯшишҳои истифодаи захираҳои шабакае, ки боиси вайрон кардани яклухтии шабака ва маълумот, тағйири зерсистемаҳои тақсими иттилоот мегардад;
– аз вайрон кардани системаи ҳифозати бо имконпазирии исботи амали иҷозатнашудаи Истифодабарандагон ва ҳайати хизматрасони шабака;
– аз ворид кардани «вирусҳо»-и барномави ва дигар монеаҳо дар маводи барномави ва воситаҳои техники;
Татбиқи вазифаҳои гузошташуда чунин чорабиниҳоро дар бар мегирад:
– конверсияи технологиями амнияти иттилооти ва ҳифзи иттилоот, ҳимояи системаи иттилооти, муҳити телекоммуникатсиони аз истифодаи иҷозатнашуда ва таъсиррасони;
– таъмини ҳифзи захираҳо аз ҳисоби дастрасии параллелии ба заминаи идораи маълумот ва санҷиши ваколат ҳангоми истифодаи захираҳои иттилооти;
– азнавсозии шабакаҳо, узелҳо ва каналҳои алоқа;
– ташкили зершабакаҳои пӯшида ва суроғаи гурӯҳҳо;
– насби брандмауэрҳои дохили ва беруни дар нуқтаҳои комапайванди шабакаи маҳдуди ҳисоббарории (минбаъд – ШМҲ) ташкилотҳо ва корхонаҳо бо муҳити минтақавии иттилооти;
– рушди компютерҳо, ШМҲ ва сегментҳои корпоративии шабакавии махсус ҳимояшаванда;
– таъмини ҳифзи воситаҳои техники ва биноҳо тавассути каналҳои фаръи хориҷ нашудани иттилоот ва эҳтимоли ба онҳо ворид шудани воситаҳои электронии нусхабардории иттилоот;
– рушд ва истифодаи технологияҳое, ки саҳеҳии объекти маълумотдиҳанда, истифодабарандагон ва манбаи иттилоотро тасдиқ мекунанд;
– ба кор андохтани технологияҳои ошкор кардани яклухтии объекти маълумот.
Вазифаҳои таъмини бехатарии системаҳои модификатсияшуда ва коркардшаванда дар муҳити иттилоотиро алоҳида бояд зикр кард, зеро дар ҷараёни модификатсия ҳатман ҳифз нашудани ҳолатҳои система ба миён меояд.
Дар ҷараёни татбиқи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Барнома зарур аст, ки вазифаҳои таъсиси сохторҳои ташкилию технологии истифодаи системаи амният ва ҳифзи маълумот дар фазои ягонаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда шаванд.
2.6. Системаи иттилоотии идоракунии давлати
Татбиқи технологияҳои иттилооти дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати раванди мушкил ва маҷмӯие ба шумор меравад, ки аз тарафи давлат роҳҳои муосири идораро тақозо менамояд.
Модели имрӯзаи идораи ҷараёни иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлати норасоиҳои назаррас дорад, аз ҷумла:
– барои ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлати системаи афзалиятноку шаффофи иттилоотонии идоракунии давлати вуҷуд надорад;
– нақшаи ягонаи мувофиқашудаи такмили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати дар асоси технологияҳои иттилоотии муосир вуҷуд надорад;
– системаи мониторинги эҳтиёҷоти ҷори ва дурнамои мақомоти ҳокимияти давлати дар истифодаи технологияҳои иттилооти вуҷуд надорад;
– феҳрасти ягонаи лоиҳаҳои идорави ва системаи ҷамъоварии иттилоот дар бораи ҳолати татбиқи онҳо вуҷуд надорад;
– ташаккули системаи ягонаи идораи ҷараёни иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлати, ки ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои татбиқшавандаро дар сатҳи байниидори таъмин менамоянд, ба охир нарасидааст.
То имрӯз ҳамаги 30 фоизи хизматчиёни давлати дар ҷои кор компютер доранд, 3 фоизи онҳо ба Интернет насб шудаанд ва ҳамин қадар дорои суроғаи почтаи электрони мебошанд. Аз ҳама зиёд Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон (93%), системаи бонки (аз 60 то 100% вобаста ба минтақа), донишкадаҳои пойтахт ва дигар ташкилотҳо бо компютер таъмин шудаанд.
То имрӯз қисми зиёди мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон веб-сайтҳои худро ташкил кардаанд, ки нуфузи онҳоро дар назди созмонҳои иттилоотии байналмилали баланд мебардорад. Камбудиҳои асосии веб-сайтҳои амалкунанда инҳо мебошанд:
– дар веб-сайтҳои давлатии ташкилотҳо мавҷуд набудани иттилооот бо забони давлати;
– вуҷуд надоштани иттилоот бо забони англиси, ки ин амал доираи истифодабарандагони иттилоотро маҳдуд карда, пахши онро тавассути Интернет мушкил мегардонад;
– дар веб-сайтҳои дигари мақомоти давлати набудани истинод, ки кофтуков ва навсозии иттилоотро мушкил мегардонад.
Маълум аст, ки веб-сайт ва суроғаи электронии ташкилотҳо, ки ҷиҳати навсози дар Интернет мусоид аст, ба таври иловаги аҳамияти ҳаммонандсози пайдо карда, дар қатори номгӯи телефонҳо, факсҳо ва ҳатто рекламаҳои маҳсулот ва хизматрасони дар бланкаҳояшон зикр мешаванд. Миқдори ками корхонаҳо аз Интернет ҷиҳати ҷойгиронии маълумот дар бораи худ истифода мебаранд. Аз ин ҳисоб беш аз 20 фоизи идораҳои давлати веб-сайтҳои хусусии худро доранд ва 70 фоизи онҳо суроғаи е-mail-ро соҳибанд.
Қисми асоси корхонаҳое, ки барои фаъолият аз ҳуҷҷатгузории электронии дар ШМҲ ҷойгиршуда, истифода мебаранд, ба шаҳри Душанбе рост меояд (қариб 50%-и корхонаҳо).
Маҷмӯи мошинҳои ҳисоббарор дар соҳаи идораи давлати ба ҳисоби миёна чунин аст:
77%-и компютерҳои дараҷаи Pentium III ва беш аз 20 % компютерҳои дараҷаи Pentium IV.
Маълумот дар бораи ҳайати техникии корхонаҳое, ки техникаи компютерӣ доранд:
Миқдори ҳайати хизматрасон | ҳиссаи корхонаҳо |
Аз 1 то 5 нафар | 40% |
Аз 6 то 10 нафар | 30% |
Басти хизматрасон надоранд | 30% |
2.7. ҳолати рушди ТИК дар соҳаи алоқа ва иттилоотони
Дар натиҷаи ислоҳоти соҳа заминаи қонунгузори ва меъёрии ҳуқуқи таъсис ёфта, бозсозии сохтори, тағйири шакли моликияти корхонаҳо амали гардид, муҳити рақобат дар ҷараён буда, технологияҳои муосир ва намудҳои нави хизматрасони ба кор бурда мешаванд. Бо назардошти таҷрибаи байналмилали принсипҳои асосии рушд ва интегратсияи шабакаҳои иттилоотиву телекоммуникатсионии милли аз инҳо иборатанд:
– рушди инфраструктураи телекоммуникатсия;
– ҳавасмандгардонии сармоягузории шахси ва рақобати динамики;
– муаяйн кардани доираи мусоидшавандаи танзим;
– таъмини дастрасии ошкорои вуруд ба шабакаҳо ва баробарии имкониятҳо барои шаҳрвандон;
– ҳамкори дар сатҳи ҷаҳони;
– ҳавасманд кардани ҳамкориҳо дар шабакот, хизматрасони дар соҳаҳои истифодабари;
– таъмини амнияти иттилооти ва ҳифзи маълумот.
Корҳо оид ба рушди телекоммуникатсия имконият доданд, ки қафомонии техники аз дигар мамлакатҳои ҷаҳон камтар гардад. Якчанд шабакаи навтарини алоқаи рақами сохта ва стансияҳои коммутатори бо системаҳои рақами таҷҳизонида шуданд. Аз соли 2000 то 31 декабри соли 2002 дар шабакаҳои алоқаи Тоҷикистон 49,19 км хати кабели ба истифода дода шуда, ғунҷоиши стансияҳои автоматии телефони (минбаъд – САТ) то 7650 рақам ва ғунҷоиши стансияҳои байнишаҳри ва байналхалқи то 10350 канал зиёд карда шуд. Шабакаи миллии кишвар ба шабакаи глобалии алоқаи барқи роҳ ёфт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон туфайли рақобати озод барои рушди соҳаи телекоммуникатсия ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Дар баробари оператори миллии алоқаи ҶСК “Тоҷиктелеком” операторҳои алоқа, аз ҷумла, бо иштироки сармояи хориҷи таъсис ёфтанд.
Рушди шабакаҳои телефонии маҳалли низ давом дорад. Дар соли 2003 ва 9 моҳи соли ҷори ғунҷоиши васлии САТ-ҳо то 14,82 ҳазор рақам зиёд шуд.
Фарогирии алоқаи кандуи дар минтақаҳои Ҷумҳури рӯз то рӯз васеъ шуда истодааст. Дар Ҷумҳури барои хизматрасонии алоқаи кандуи 6 оператори милли хизмат мерасонад, ки бо стандарти AMPS, GSM ва CDMA кор мекунанд ва миқдори муштариён беш аз 117 ҳазорро ташкил мекунад. Ба ҳар 100 нафар аҳоли зиччии телефонҳои кандуи 1,8 ва алоқаи телефони 49 ададро ташкил мекунад.
ҳузури операторони кандуи дар минтақаҳо
Минтақаҳои фарогирифта | ҶСП
«ТТ- mobile» |
КМ «Тоҷик Тел» | «Индиго Тоҷикистон» | «Сомонком» | МММ «Вавилон-М» |
Душанбе | + | + | + | + | |
Хуҷанд | + | + | + | + | |
Истаравшан | + | + | + | + | |
Конибодом | + | + | + | + | |
Чкаловск | + | + | + | + | |
Ғафуров | + | + | + | + | |
Қайроққум | + | + | + | + | |
Исфара | + | + | + | + | |
Панҷакент | + | + | + | ||
Данғара | + | + | + | ||
Фархор | + | + | + | ||
Кӯлоб | + | + | + | ||
Қӯрғонтеппа | + | + | + | ||
Турсунзода | + | + | + | ||
Хоҷа Оби-Гарм | + | + | |||
пуштакӯҳи Сафедорак | + | + | |||
шаҳраки Зуманд | + | + | |||
шаҳраки Тагоб | + | + | |||
Шаҳринав | + | + | |||
Ҳисор | + | + | + | + | |
Рӯдаки | + | + | |||
Ваҳдат | + | + | + | + | |
Ёвон | + | + | + | ||
Нефтобод | + | + | + | ||
Норак | + | + | + | ||
Рашт | + | + | + |
Шабакаи нақлиётии мавҷудаи телекоммуникатсия бо истифода аз системаҳои интиқоли маълумот тавассути воситаҳои гуногун ва таҷҳизоти каналсозанда ба роҳ монда шудааст. Ба ҳисоби умуми дарозии каналҳо 765,246 ҳазор канал/км-ро ташкил мекунад, аз ҷумла:
– радифи-152,802 ҳазор канал/км;
– радиорелеи- 248,283 ҳазор канал/км (дарозии хатҳои радирелейи -1447,15 км);
– кабели- 346,565 ҳазор канал/км;
– хатии ҳавои 17, 596 ҳазор канал/км.
Шабакаи нақлиётии заминии телекоммуникатсия, ки асосан аналогист, кӯҳна ва фарсуда шуда, ба шарту талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Аз ин лиҳоз, сохтани шабакаи радиорелейии магистрали рақами зарур аст. Барои азнавсозии шабакаи нақлиёти маблағи молиявии зиёд лозим аст. Тавре ки таҷрибаи ҷаҳони нишон медиҳад, шабакаи нақлиёти бояд аз ҳисоби захираҳои давлати рушд ва инкишоф ёбад.
Дар охири соли 2003 дар шаҳри Душанбе шабакаи телефонии дастраси умуми дар заминаи технологияҳои муосири рақами нав карда шуданд. Дар Ҷумҳури то ҳол 320 стансияи телефони амал мекунад, ки аз онҳо 40 адад рақами ва 280 адад аналоги мебошанд. Ғунҷоиши умумии стансияҳои телефони 314 439 рақамро дар бар мегирад.
Намоишҳои телевизиони милли аз тарафи 236 стансия радиотелевизиони пахш гардида ва фарогирии аҳоли 93,12 фоизро ташкил мекунад. Пахши барномаҳои телевизиони милли тавассути моҳвораи пахшкунандаи «LMI-I»-и шабакаи глобалии «Интерспутник» дар радифи Ku ба амал бароварда мешаванд. Аз соли 2002 инҷониб телевизиони кабели рӯ ба инкишоф овард.
Дар Ҷумҳури 202 узели радиошунавонии сими амал мекунад. Миқдори нуқтаҳои радио 260180 ададро ташкил мекунад.
Корҳои пурсамар ҷиҳати насби фиристандаҳои радиоии МХБ-МБ (ОВЧ-ЧМ) оғоз карда шуд. Аз аввали соли 2004 дар минтақаҳои Ҷумҳури 21 адад фиристандаҳои МХБ-МБ насб карда шудаанд, аз он ҷумла дар вилояти Суғд – 9 адад, дар вилояти Хатлон – 4 адад, дар ноҳияҳои тобеи Ҷумҳури – 2 адад, дар ВМКБ – 6 адад. Корҳоро ҷиҳати насб ва ба истифодадиҳии фиристандаҳои радиоии МХБ- МБ бояд дар асоси нақша давом дод.
Интернет
Айни замон дар тамоми олам Интернет чун беҳтарин ва машҳуртарин воситаи вусъатёфтаи муттаҳидгардонии байнишабакави ба шумор меравад. Тавассути он даҳҳо ҳазор шабакаҳои компютери ва дар ҳудуди миллион нафар истифодабарандагони воситаи мазкури дар саросари олам мавҷуда ба ҳам муттаҳид карда мешавад.
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон баҳри рушду татбиқи хизматрасониҳои нави алоқаи барқи шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд, ки ин ба шарофати ба роҳ мондани рақобати озод ва иҷозатномадиҳи ба операторон ва таҳвилгарони хизматҳои алоқаи барқи ба даст омад. Ба ин тариқ, 76 иҷозатномадор дар саросари кишвар бо пешниҳоди хизматҳои алоқа машғуланд, ки аз онҳо 12 оператор ва 10 таҳвилгар хизматҳои дастёби ба шабакаи Интернет ва хизматҳои почтаи электрониро пешниҳод мекунанд.
Рушди таҷҳизонии технологии таҳвилгарон боиси афзудани заминаи муштариён, Интернет-аудиторияҳо ва инкишофи захираҳои маҳаллии Интернет гардид.
Дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои калонтарини кишвар босуръат зиёдшавии миқдори нуқтаҳои дастёбии оммави (коллективи) ба шабакаи Интернет ба мушоҳида мерасад, ки миқдори онҳо беш аз 400-ро ташкил медиҳад.
Азнавсози ва ивазнамоии стансияҳои телефонии худкори мавҷуда аз аналоги ба стандартии рақами, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Ҷумҳури сурат гирифт, ба операторони Интернет имкон дод, ки онҳо сифати алоқа ва суръати интиқоли маълумотро бамаротиб беҳтар намоянд ва ҳам ҷараёни рушди шабакаи таҳвилгарони дуюмдараҷаро босуръат ба роҳ монанд.
Шабакаи компютерии миллии илмию таълимии TARENA таъсис ва ба кор дароварда шудааст, ки ба василаи он мактабҳои олии шаҳри Душанбе бо хизматҳои Интернет фаро гирифта шудаанд. ҳамчунин мувофиқи маблағгузори Барномаи компютерикунонии мактабҳои асоси ва миёнаи таҳсилоти ҳамагони дар марҳилаи солҳои 2003-2007 амали шуда истодааст. Дар назар аст, ки дар марҳилаи солҳои 2004-2005 мактабҳои шаҳри Душанберо ба шабакаи компютерии миллии илмию таълимии TARENA пайваст намоянд ва минбаъд дар дигар манотиқи Ҷумҳури доираи шабакаи мазкур вусъат дода мешавад.
2.8. Таъминоти кадрии ҷараёни иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни
Сатҳи мавҷудаи таъминоти кадри ва дараҷаи тахассуси хизматчиёни давлатии мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни дар соҳаи технологияҳои иттилооти хеле нокифоя аст.
Сабабҳои зерин боиси ба вуҷуд омадани чунин ҳолат гаштаанд:
– набудани барномаҳои комплексии тайёркунии кадрҳо, ки хусусиятҳои хоси давлатиро ба назар гирифта бошанд;
– набудани талаботи ҳадди ақали тахассусии намунави дар соҳаи истифодабарии технологияҳои иттилооти;
– набудани барномаҳое, ки малакаву дониши хизматчиёни давлатиро дар соҳаи истифодабарии технологияҳои иттилооти месанҷанд:
– маблағгузории нокифояи чорабиниҳо ҷиҳати таълиму бозомӯзи ва болобарии сатҳи тахассусии кормандони мақомоти ҳокимияти давлати;
– мотиватсияи пасти коркунон дар азхудкунии технологияҳои нави иттилооти;
– набудани марказҳои тарбия, бозомӯзи ва такмили тахассусии хизматчиёни давлати дар соҳаи технологияҳои иттилооти.
- Сохтор ва механизми татбиқи Барнома
Барнома тарҳрезии барномаҳоро ҷиҳати бунёди системаҳои татбиқ ва рушди минбаъдаи ТИК дар Ҷумҳури, тавассути татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо, инчунин чорабиниҳо аз рӯи самтҳои асосии бо ҳам вобастаи зерин пешбини менамояд:
– таъсиси мақомоти танзимкунанда ҷиҳати бароҳмонии ҷараёни татбиқ ва рушди минбаъдаи ТИК дар Ҷумҳури;
– таъмини шаффофии иттилоот ҷиҳати фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати ва ошкоро будани захираҳои иттилооти барои ҷамъият, фароҳам овардани замина барои ҳамкории самарабахши байни ҳокимият ва аҳолии Ҷумҳури дар асоси ТИК, рушди инфраструктураи шабакаҳои дастраси омма;
– такмили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати тавассути татбиқи ТИК;
– таҳия ва татбиқи барномаҳои идорави барои ҷори намудани ТИК дар фаъолияти онҳо;
– таҳияи барномаҳои мониторинги ҳолати рушди технологияҳои иттилоотию комуникатсиони дар Ҷумҳури;
– таҳия ва таъсиси системаи савдои электрони дар Ҷумҳури. Иштирокчиёни асосии чорабиниҳои барнома инҳоянд:
– мақомоти ҳокимияте, ки ҷараёни иттилоотиро ташкил дода, қоидаҳои асоси регламент ва танзими ҳуқуқии онро муайян мекунад;
– аҳолии Ҷумҳури;
– вазоратҳо, идораҳо, сектори хусуси;
– ширкатҳое, ки хизматрасонии технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро пешниҳод менамоянд;
– ташкилотҳое, ки тарбия ва бозомӯзии мутахассисонро дар соҳаи ТИК амали менамоянд.
3.1 Таъсиси сохтори идоракунии ҷараёни рушд ва татбиқи ТИК
Мақсади самти мазкур аз таъмини ҳамоҳангсозии идоракунии ҷараёни татбиқ ва рушди минбаъдаи ТИК дар соҳаҳои гуногуни фаъолият иборат аст.
Бо мақсади мутаносиби ва такмили ҷараёнҳои идоракунии иттилоот дар сатҳи байниидорави ва идори тақозо мегардад, ки заминаи ягонаи меъёрию методии таъминкунандаи фаъолияти зайл ташаккул дода шавад:
А) дар давраи муайянкунии бартариҳои стратегияи иттилоот:
– тарҳрези ва актуализатсияи стратегияи мақомоти иттилоотонии ҳокимияти давлати ва идоракуни;
– тарҳрези ва актуализатсияи барномаҳои иттилоотонии идорави, ки мақсадҳои асоси ва самтҳои истифодабарии технологияҳои иттилоотии муосирро зимни фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати мутобиқи вазифаҳои стратеги ва вазифаҳои муҳими такмили функсияҳои асосии идоракунии давлати муайян мекунад;
В) дар давраи таҳияи лоиҳаҳо:
– таҳлили эҳтиёҷоти функсионали ҳангоми истифодабарии технологияҳои иттилооти, инчунин арзёбии имкониятҳо ва иқтидори такмили онҳо дар асоси ҷараёнҳои маъмури ва хизматрасони;
– тарҳрезии тартиботи ягонаи гузаронидани экспертиза, тасдиқ, маблаггузори ва назорати таъсиси иншооти иттилотони дар Ҷумҳури;
– дар сатҳи мақомоти ҳокимияти давлати аз нигоҳи техникию иқтисоди асоснок кардани таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои иттилоотони, аз ҷумла, шарҳу тасвири сохтор ва мақсади лоиҳа, арзёбии хароҷоти татбиқи он ва самараи дарназардошташудаи иҷтимоию иқтисоди.
Вазифаҳои батартибандози ва стандартикунонии ҷараёни иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлати, вазифаҳои ҳамоҳангсозии хароҷот ва назорати самаранокии онҳо бояд дар сатҳи байниидори дар доираи як мақом мутамарказонида шаванд.
Ташкил намудани Шӯрои технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва тасдиқи Низомномаи Шӯро чорабинии аввалиндараҷаи татбиқи Барномаи давлати бояд шаванд. Вазифаҳои асосии Шӯро аз ин иборатанд:
– баррасии таклифҳо ҷиҳати ташаккули сиёсати ягонаи давлати оид ба иттилоотонии минтақаҳо, баланд бардоштани истифодабарии самараноки захираҳо дар соҳаи иттилоотони ва аз ҳисоби маблағҳои, ки дар буҷетҳои Ҷумҳуриявию маҳалли пешбинишудаанд ва маблағҳои ғайрибуҷети таъмин намудани маблағгузории чорабиниҳои муҳими иттилоотонии минтақави;
– кор карда баромадани тавсияҳо ҷиҳати қабули қарорҳо аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати оид ба масъалаҳои консепсия, усулу воситаҳои тамзими давлати дар соҳаи иттилоотони;
– баррасии масъалаҳои мувофиқанамоии барномаҳои идори ва лоиҳаҳои иттилоотонии минтақаҳо.
ҳамзамон таҳкими нақши хадамоти иттилоотони дар сохтори мақомоти ҳокимияти давлати ба сифати роҳнамои сиёсати ягонаи азнавсози ва баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти идораҳои дахддор дар асоси бароҳмонии тадбирҳои зайл тақозо карда мешавад:
– вогузоштани масъалаҳои иттилотони дар сатҳи идорави ба зиммаи яке аз муовинони роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлати;
– баланд бардоштани дараҷаи тайёрии ихтисосии кормандони хадамоти иттилоотони аз ҷиҳати малакаву дониши касби;
– ба доираи масъулияти хадамоти иттилоотони шомил намудани масъалаҳои баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати дар асоси технологияҳои иттилоотонии замонави;
– ворид намудани тағйирот ба низомномаи зерсохторҳои мақомоти ҳокимияти давлати, ки вазифаҳо, салоҳияту функсияҳои хадамоти иттилоотониро инъикос менамоянд.
3.2. Барномаи такмили идоракунии давлати дар заминаи ТИК – ҳукумати электрони
Мақсади асосии барномаи мазкур аз баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати, васеъ ба роҳ мондани идоракуни дар асоси истифодабарии ТИК, инчунин ба сатҳи баланд баровардани муносибатҳои мутақобилаи давлат ва ҷомеа иборат аст. Истифодабарии ҳукумати электрони дар Ҷумҳури имкон медиҳад, ки масъалаҳои таҳия ва татбиқи системаи электронии таъмини муколама байни мақомоти ҳокимияти давлати бо шаҳрвандон ва дигар субъектҳои ҷомеа ҳал карда шаванд. Фаъолият дар доираи барномаи мазкур ташаккули шабакаи корпоративии давлатии Интернет, афзоиши нуқтаҳои дастраси оммави ба шабакаи Интернет дар қаламрави Ҷумҳури, таъсиси Портали ҳукумати ва веб-сайтҳои мақомоти давлатиро дар бар мегирад.
Шабакаи давлатии корпоративи имкон медиҳад, ки системаи ягонаи мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳои ҳукумати, бо фарогирии тамоми сатҳҳои идораи давлати ва тавсеаи ҳаҷму намудҳои хизматрасонии давлати, ки бо истифодаи шабакаи Интернет ва таъмини дастрасии баробар ба хизматрасонии мақомоти ҳокимияти давлати ҷори карда шавад.
Нуқтаҳои дастрасии умум (минбаъд-НДУ) дар Ҷумҳури ба шабакаи Интернет тақрибан 400 ададро ташкил медиҳад, ки ин рақам гувоҳи таъсис ёфтани шабакаи ибтидоии НДУ мебошад. Зарур аст, ки дар доираи зербарномаҳо имкониятҳо ҷиҳати таъсиси инфраструктураи дастрасии умум ба захираҳои Интернет пешбини карда шавад. Спектри хизматрасониҳои НДУ вусъат ёфта, бешубҳа бояд татбиқи хизматрасониҳои зайл, ки муносибатҳои самарабахши тарафайни шаҳрвандон ва давлатро таъмин менамоянд, пешбини карда шаванд:
– пешниҳоди декларатсияи электронии андоз;
– гирифтани кӯмакпулии иҷтимои;
– супоридани пардохтҳои гуногун;
– бақайдгири дар маҳалли зист, бақайдгирии санадҳои ҳолати шаҳрванди, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои шахси;
– иштирок дар овоздиҳии электрони.
Дар оянда дар назар дошта шудааст, ки чунин нуқтаҳо барои татбиқ ва тавсеаи хизматҳои зайли дорои хусусияти тиҷорати имконият медиҳанд: таҳвили электронии почта, барасмиятдарории обуна ба матбуоти даври, анҷомида шавад.
Барои амали намудани барномаҳо зарур аст, ки он новобаста аз маҳалли зист, дастрасии иловаги на танҳо ба доираи васеи сарчашмаи иттилооти минтақави, балки тамоми захираҳои иттилоотии ҷаҳони таъмин карда шавад.
Портали ҳукумати бояд унсури бавуҷудорандаи системаи инфраструктураи ҳамкориҳои тарафайни электронии мақомоти ҳокимияти давлати ва пуштибони ҷараён ва расмиёти фаъолияти функсионалии мақомоти ҳокимияти давлати бошад, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд.
Портали ҳукумати – ин яке аз майдонҳои муносибатҳои вусъатёфтаи тарафайни электрони байни давлат ва шаҳрвандон мебошад, ки ба афзоиши маданияти иттилоотии ҷомеа, рушди расму тартиботи демократи ва назорати шаҳрванди аз болои ҳокимият мусоидат менамояд.
Таъсиси Портали ҳукумати тадбири амалии татбиқи муқаррароти Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, тадбирҳои зеринро дар бар мегирад:
– дар шабакаи Интернет ба вуҷуд овардани захираҳои иттилоотии дастраси умум, ки дар бораи фаъолияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия дорои маълумот мебошанд;
– таъсис додани захираҳои иловагии маълумотию иттилооти ва сервисҳои дахлдори иттилоотии истеъмоли интерактиви, ки татбиқи ҳуқуқҳои конститутсиони, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳоро таъмин мекунад;
– баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати, такмили системаи идори, фаври ва самарабахшии қарорҳои қабулшаванда, болобарии маҳсулнокии кори кормандон;
– барои шаҳрвандон ва ташкилотҳо муҳайё кардани шароит ҷиҳати иштирок дар муҳокимаи лоиҳаҳои қарорҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳо, барномаву консепсияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо.
Барои татбиқи барномаҳо зарур аст, ки:
– веб-сайти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, он мунтазам нав карда шавад, ҳамзамон масъулини нигаҳдори ва сари вақт пешниҳодкунандаи иттилоот муайян карда шаванд;
– ҳангоми таъсис ва фаъолияти веб-сайтҳои мақомоти ҳокимияти давлати бояд муқаррароти қонунгузори дар бораи воситаҳои ахбори омма ба назар гирифта шаванд.
3.3. Амнияти иттилооти ва ҳифзи иттилоот
Омили муайянкунандаи ҳамгироии система ва захираҳои иттилоотии давлати, соҳави, корпоративи, шахси ба фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмини амнияти иттилоот барои ҳар як субъекте иборат мебошад, ки барои ворид шудан ба ин фазо қарор қабул кардааст. Дар фазои ягонаи иттилооти бояд ҷиҳати муайян кардани воқеи будани истеъмолкунанда (субъект), ҳақиқи будани мазмуну мундариҷа ва худи иттилоот (яъне таъсиси механизмҳо ва воситаҳои муайянкунии саҳеҳи) фароҳам оварда ҳама гуна заминаҳои зарури мешаванд.
Мақсади асосии самти баррасишаванда аз баланд бардоштани дараҷаи ҳифзи аҳоли, мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни аз ҷинояткори ва амалиёти террористи, ки тавассути ТИК содир карда мешаванд, иборат аст.
Дар ҷараёни татбиқи Консепсияи амнияти иттилоотии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Барномаи мазкур, бояд масъалаҳои таъсиси инфрастуктураи ташкили ва технологияи идоракунии системаи амният ва ҳифзи иттилоот дар фазои ягонаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда шаванд.
Масъалаҳое, ки тавассути онҳо ба ҳалли мақсадҳои гузошташуда ноил гардидан мумкин аст, аз инҳо иборатанд:
– таъсис ва рушди шабакаи сегменти интиқоли маълумоти ба мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни ҷудошуда бо маркази ҳифзшудаи нигаҳдошти иттилоот ва коркарди он;
– ҷори кардан ва рушди механизми имзои рақамии электрони.
Татбиқи масъалаҳои зикргардида бо усули зерин пешниҳод карда мешавад:
– конверсияи технологияҳои амнияти иттилооти ва ҳифзи иттилоот ва системаҳои иттилооти, муҳити телекоммуникатсиони аз истифода ва таъсиррасонии беиҷозат;
– таъмини ҳифзи захираҳо аз ҳисоби ҳамзамон дастрас будани заминаҳои идоракунандаи маълумот ва санҷиши салоҳият зимни муроҷиат ба захираҳои шабака;
– реконфигуратсияи шабакаҳо, узелҳо ва каналҳои алоқа;
– ташкили зершабакаҳои маҳдуд ва гурӯҳҳои суроғави;
– насби брандмауэрҳои дохили ва беруни дар нуқтаҳои пайвастшавии ШМҲ-и ташкилоту муассисаҳо бо муҳити дорои иттилооти минтақави комапайванд;
– рушди компютерҳои шахси, ШМҲ ва сегментҳои корпоративи-шабакавии махсусгардонидашуда;
– таъмини амнияти воситаҳои техники ва биноҳо аз хуруҷи иттилоот тавассути канали фаръи ва эҳтимоли ба онҳо ворид кардани воситаҳои электронии гирифтани иттилоот;
– рушд ва истифодаи технологияҳои тасдиқкунандаи асли будани объекти маълумотдиҳанда, истифодабарандагон ва сарчашмаҳои иттилоот;
– истифодаи технологияи ошкоркунандаи мукаммалии объекти дорои маълумот.
Барои татбиқи чорабиниҳои самти мазкур тадбирҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:
– тадбирҳои техникию барномави ҷиҳати таъмини ҳифзу мукаммалии захираҳои иттилоотии ҷамъшуда дар шабакаи мултисервисии Ҷумҳури;
– регламенти ҳамкориҳои тамоми мақомоти ҳокимияти давлати, ки ба ҳифзи амнияти иттилооти дар қаламрави Ҷумҳури манфиатдор мебошанд:
– аз татбиқи таҷрибавии усули имзои рақами зимни мубодилаи ҳуҷҷатҳои электрони дар қаламрави Ҷумҳури;
– мониторинги амнияти иттилооти ва пешбинии хатарҳои имконпазир ба амнияти иттилооти.
3.4. Барномаи мониторинги ҳолати технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар Ҷумҳури
Дар Ҷумҳури то имрӯз иттилооти саҳеҳ ва танзимгардида дар бораи равандҳои иттилоотоние, ки барои қабули қарорҳои дахлдор заруранд, мавҷуд нест. Омори расми дар бораи рушд ва истифодаи ТИК дар Ҷумҳури ҷузъи буда, вобаста ба минтақаҳо тарҳрези нашудааст. Дар доираи Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» тарз ва роҳҳои рушди ТИК-секторҳо, истифодаи ТИК дар фаъолияти гуногун ва ташкили системаи мониторинг пешбини шудааст, ки барои сиёсати иттилоотии Ҷумҳури заминаи аналитики заруриро ташкил медиҳад. Мониторинги объектҳои ТИК бояд дар ҳамаи ташкилоту корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият гузаронида шавад.
Системаи мониторинги ташкилшаванда бояд дар ин соҳа аз таҷрибаи ҷаҳони сарчашма гирифта, имконият фароҳам оварад, ки муқоисаи байналмилали анҷом дода шавад ва омилҳои ба Тоҷикистон ҷиҳати ҳаракат ба ҷомеаи иттилооти монеашаванда ошкор карда шаванд.
Барои татбиқи ин барнома ҳалли чунин вазифаҳо мувофиқи мақсад аст:
– таҳлили системаи мониторинги амалкунанда бо мақсади муайян намудани принсипҳои умумии ташкили чунин системаҳо;
– ташкил намудани феҳристи давлатии захираҳои иттилооти ва ҳатман ба қайд гирифтани онҳо;
– таҳия ва коркарди тартиби пешбурди феҳрасти давлати ва муайян намудани тартиби истифода, раванд ва сари вақт навсозии онҳо, инчунин регламенти таҳия ва пахши ҳисоботи таҳлили барои мақомоти идораи давлати ва сектори хусуси;
– коркарди нишондиҳандаҳои омории рушди ТИК дар Ҷумҳури.
Барои ҷамъоварии иттилоот ва таҳлили ояндаи истифодаи ТИК дар ташкилоту корхонаҳо зарур аст, ки намунаи ҳисоботи омори барои мақомоти идораи давлати ва сектори хусуси таҳия гардад. ҳисобот ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад ва бояд маълумоти зайлро дар бар гирад: (ҚҲҶТ №384 аз 1.08.11с.)
– маълумот дар бораи мавҷудияти зерсохторҳои мустақили масъул барои ворид кардани иттилоот ва шумораи онҳо;
– натиҷаи корҳои мавҷуда ва пешбинишуда дар бораи ташкил, рушд ва таъмини объекти иттилоотони;
– ҳаҷми хароҷоти молияви ва моддию техники барои харид ва нигоҳ доштани ТИК;
– феҳрасти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва таҳияшаванда, аз ҷумла дохилиидорави, ки ба фаъолияти иттилооти вобастаанд;
– имконияти дастраси ба хатҳои глобалии иттилооти;
– доштани хати муайян ва саҳифаи худ дар Интернет;
– маълумот дар бораи шакл ва ҳаҷми ҳамкориҳои иттилооттию коммуникатсиони, аз ҷумла, маълумот дар бораи иҷозати дастрасии истифода аз иттилот ба дигар вазорату идораҳо ва шахсони ҳуқуқи, инчунин муассисаҳои тобеъ ва дигар ташкилот ва шаҳрвандон ба захираҳои иттилооти, бо истифода аз системаи почтаи электрони, Интернет, мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо.
3.5. Тарҳрезии барномаҳои идорави
Татбиқи Барнома бояд дар доираи барномаҳои алоҳидаи идоравии иттилоотони анҷом дода шавад.
Шакли намунавии лоиҳаи барномаҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолият бо таҳрири зайл пешниҳод карда мешавад:
1). Номи барномаи иншоот ва мӯҳлати иҷрои он.
2). Шиносномаи барнома, ки дар он ҷамбасти ҳамаи маълумот нишон дода мешавад:
Номгӯ | Номи пурраи барнома бо зикри иншоот ва мӯҳлати иҷрои он |
Асос барои таҳия | Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №____аз«______________» 2004 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии Рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр карда мешавад. |
Фармоишгарони
давлати |
Зикри номи пурраи фармоишгар (истеъмолкунандагони эҳтимолии натиҷаи чорабиниҳои иҷрошаванда). |
Иҷрокунандагони барнома | Зикри номи корхонае, ки барои иҷрои вазифа ва мақсадҳо дар доираи барномаи ҷори намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони ва рушди он масъул мебошад. |
Мақсад ва вазифаҳои барнома | Хусусияти ҳолати иттилоотонии корхона тавсиф гардида, асосноксозии мақсади қабул кардани барнома, вазифаҳои ҳалшаванда ва мақсаде, ки дар натиҷаи иҷрои барнома ба даст меояд. Ба сифати вазифаҳои асосии барнома пешниҳод карда мешавад, ки талаботи ташкилотҳо вобаста ба самтҳои асосии «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба назар гирифта шаванд. Барои коркарди барнома бояд самтҳои нисбатан афзалиятнок муайян ва интихоб карда шавад. |
Мӯҳлат ва давраҳои иҷрои чорабиниҳои барнома | Чорабиниҳо вобаста ба аҳамият ва давоми мантиқи ба чанд давр тақсим карда мешавад. Масалан, дар давраи аввал метавонад пешниҳод намудани чорабиниҳои ташкили оид ба таҳия ва ҷори кардани ТИК дар соҳаи фаъолият (соҳа, ташкилот ва ғайра) инъикос гардад;
– тайёр намудани инфраструктураи техники; – гузаронидани бозомӯзии мутахассисон; – ташкили шабакаҳои ҳисобкунии корпоративи ва маҳдуди; – ташкили омодасозии системаҳои мубодилаи ҳуҷҷатгузории электрони ва ғайра. Дар марҳилаҳои оянда дигар чорабиниҳо оид ба ташкил ва рушди захираҳои иттилооти, ворид кардани системаҳои идоракунии электрони нишон дода мешаванд: – таҳлил, лоиҳакаши ва экспертизаи корҳо оид ба ташкили системаи интегралии иттилооти, ташкил ва рушди минбаъдаи инфраструктураи ТИК; – ташкили системаи истеҳсол, ҷамъовари, нигоҳдори ва амнияти захираҳои иттилооти; – ташкил, омодасози ва ба кор андохтани системаи доимии омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи ТИК ва ғайра. |
ҳаҷми маблағгузории барнома | ҳаҷми маблағгузори ва кушодани рамзҳои онҳо мувофиқи солҳо ва манбаъ нишон дода мешавад. |
Натиҷаҳои ниҳоии татбиқи барнома | Натиҷаҳои мунтаҷираи иҷрои барнома аз рӯи самтҳои дахлдор нишон дода мешаванд. |
Мониторинг дар бораи иҷрои барнома | Механизми мониторинг бо мақсади таъмини давра ба давраи иҷрои барнома пешбини мешавад. Мониторинг аз рӯи нишондиҳандаҳо оид ба ташкил ва гузаронидани тафтиши онҳо ба амал бароварда мешавад. |
Назорат аз болои рафти иҷрои барнома | Мутасаддиёни ҳамоҳангсози иҷрои барнома, шояд вобаста ба ҳар фасл бо зикри давраи барраси дар ҷаласаҳо оид ба иҷрои чорабиниҳо, бо пешниҳоди ахборот оид ба натиҷаҳои иҷрои барнома ба мақомоти дахлдор зикр карда шаванд. |
3). Муқаддима.
4). Сипас дар барномаи таҳияшаванда бандҳои пешниҳодшавандаи шиносномаи барнома пурра ва мукаммал шарҳу эзоҳ дода мешавад.
3.6. Барномаи ҷори намудани тиҷорати электрони
Мақсадҳои асосии барномаи мазкур аз инҳо иборатанд:
– кам намудани хароҷот барои баромадани истеҳсолкунандагон ва харидорони Ҷумҳури ба бозори моли милли ва бозорҳои давлатҳои ИДМ;
– кам шудани хароҷот ба маркетинг, тайёри ва баамалбарории қарордодҳо, ҷалби харидорон ва шарикон;
– мутаносибгардонии ҳаҷми захираҳои моддию техники ва моли дар доираи истеҳсолот ва тиҷорат.
Вазифаҳои асосие, ки ҳалли онҳо мақсадҳои барномаро таъмин менамоянд, инҳоянд:
– таҳия ва ҷори намудани системаи тиҷорати электрони барои баамалбарории харидории маҳсулот барои эҳтиёҷоти давлатии Ҷумҳури;
– таҳия ва ташкили Маркази миллии иттилоотию маркетинги барои пешниҳоди молу хизматрасониҳо дар дохили Ҷумҳури ва ба бозорҳои миллии давлатҳои иштирокчии ИДМ;
Таҳия ва ташкили системаи тиҷорати электрони дар Ҷумҳури барои эҳтиёҷоти давлати инҳоро дар бар мегирад:
– таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои меъёри ҷиҳати муомилот дар шакли электрони ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳои намунавие, ки дар соҳаи тиҷорати электрони истифода бурда мешаванд;
– ташкили заминаи ҳуқуқи барои ҳалли масъалаҳое, ки бо истеҳсолот ва пахши ҳуҷҷатҳо дар шакли рақамии электрони бо имзои рақамии электрони вобаста аст;
– ташаккули талабот ба системаи пардохтҳои электрони;
– ҷори намудани механизмҳо ва қоидаҳои тиҷоратии электрони, маблағҳои электрони, ки аз ҳисоби таъмини шаффофии тиҷорат, барои баланд бардоштани маданияти тиҷорат имконият медиҳанд.
Натиҷаҳои барномаи мазкур имконият медиҳанд:
– хароҷот кам карда шуда, ҳангоми харидории маҳсулоти давлати шаффофи таъмин гардад;
– фазои ягонаи иттиллоотии Ҷумҳурияви ташаккул ёбад, ки маълумот оид ба пешниҳодот ва эҳтиёҷотро вобаста ба ҳамаи феҳрасти молҳо ва хизматрасониҳоро муттаҳид менамояд ва баромади истеҳсолкунандагон ва харидорони Ҷумҳуриро ба бозори моли миллии ҳар як пешвари ҷаҳон сабук мегардонад (инчунин пешниҳоди маълумот оид ба маршрутҳои сайёҳи ва меҳмонхонаҳо ба мизоҷони эҳтимолии давлатҳои хориҷи);
– барои гузаронидани тадқиқоти иттилоотию маркетинги вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни ҳолати пешниҳодот ва эҳтиёҷот ба молҳо ва хизматрасониҳо дар Ҷумҳури шароит муҳайё намояд;
– ҳаҷми захираҳои моддию техники ва моли дар доираи истеҳсолот ва тиҷорат мутаносиб карда шавад.
ҳалли ҳамаи масъалаҳои гузошташуда дар маҷмӯъ имконият медиҳад робитаҳои мутақобилаи унсурҳои иттиллоотию функсионалие, ки ба системаи тиҷорати электрони дохил мегарданд, таъмин карда шавад.
3.7. Тараққиёти инфраструктураи телекоммуникатсиони
Мақсадҳои асосии барномаи мазкур аз инҳо иборатанд:
– тадриҷан баланд бардоштани қобилияти интиқол, боэътимоди ва бехатарии ирсоли иттилоот дар шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– зиёд намудани миқдор ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии телекоммуникатсиони ва хадамоти иттилооти ба аҳоли, мақомоти ҳокимияти давлати, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликиятошон;
– таъмини дастрасии аҳоли ба шабакаи Интернет бо тарифҳои қобили қабул.
Шабакаҳои телекоммуникатсионии ташкилшаванда бояд мутобиқи талаботи меъёрии модели якҷоя амалкунандаи системаҳои ахборотию телекоммуникатсионии гуногун, дар асоси интерфейсҳои стандарти ва протоколҳое, ки тавсияҳои байналмилалиро доир ба алоқа қонеъ месозанд, сохта шаванд.
Шабакаҳои телекоммуникатсиони бояд инҳоро таъмин намоянд:
– воқеан дастрас будани воқеии фазои ахборотии Ҷумҳури ва ҷаҳони ба ҳар истиқоматкунандаи Ҷумҳури;
– ба ҳама дастрас будани ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқи ва фондҳои иттилоотии бойгониҳо, китобхонаҳо, воситаҳои ахбори омма, захираҳои иттилооти давлати, тиҷорати, хусуси, ки махсус ё ҳифзшаванда нестанд;
– дар ҳама гуна сатҳ мутобиқат ба телекоммуникатсияи ҷаҳони, аз ҷумла, тартиби кории мултипротоколи, ки дар шабакаҳои замонавии мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон бештар паҳн гаштааст;
– таъмини мутобиқат бо меъёрҳои ягонаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, тасниф ва рамзгузори, таркиббанди намудани маълумот, воҳидҳои ченак, протоколҳои табодул, роҳҳои аутентификатсияи имзоҳо, андозаҳои шабакави ва барномави;
– мутанасибгардонии сохтори ташкилии интиқоли иттилоот;
– имконият бо санад асоснок кардани иттилоот, ба он додани эътибори ҳуқуқи (барасмиятдарори);
– пурра истифода бурдани таҷрибаи ҳосилшуда дар соҳаи телекоммуникатсия, инчунин иқтидори илми ва кадрии Ҷумҳури.
Натиҷаҳои асосии зербарномаи мазкур бояд дар асоси технологияҳои SDH ва DWDM бо назардошти тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони минбаъдаи хатҳои нурию нахи ва алоқаи радиорелеи пешбини шаванд.
Сохтмони шабакаҳои баландсуръати интиқоли маълумот дар тамоми шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳои Ҷумҳури бешубҳа қадами устувор дар ҳалли масъалаҳои беҳбуди паҳлӯҳои мухталифи шароити зиндагии инсон хоҳад буд.
Шабакаи нақлиётии телекоммуникатсияи Ҷумҳури дар якҷояги бо системаҳои байниидоравиву идорави бо назардошти тақсимоти ҳудуди амалкунанда ё дар айни замон таҳияшавандаи коркард ва ҷамъоварии иттилоот, метавонанд ҳамчун заминаи ҷори намудани технологияҳои нави иттилооти хизмат кунанд.
- Самаранокии мунтазираи татбиқи Барнома
Иҷрои Барнома ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии Ҷумҳури таъсир мерасонад.
Татбиқи чорабиниҳои барномави боиси зиёд шудани миқдори субъектҳои хоҷагидори ва афзоиши рақобат байни субъектҳои хоҷаги мегардад, ки бевосита ҳавасмандиро барои риоя кардани меёрҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият дар соҳаи ТИК афзун хоҳад кард.
Тадбирҳое, ки тариқи чорабаниҳои Барнома ҷиҳати азнавсозии мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати пешбини карда шудаанд, ҷиҳатҳои зеринро таъмин мекунанд:
– суръатбахшии ҷараёнҳои мубодилаи иттилоот дар маҷмӯъ дар иқтисодиёт ва ҷомеа, аз ҷумла байни шаҳрвандон ва мақомоти ҳокимияти давлати;
– баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлати ва худидораи маҳалли;
– фароҳамории имкониятҳои нави принсипиали барои ба роҳ мондани мониторинги равандҳо дар иқтисодиёт ва ҷомеа ва қабули қарорҳои саривақтии онҳо дар робита ба танзими ин ҷараёнҳо.
Истифодаи ТИК-и муосир ҳангоми иҷрои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати барои кам кардани хароҷоти идоракуни мусоидат мекунад.
Дар натиҷаи татбиқи Барнома нишондиҳандаҳои зерин ба даст оварда мешаванд:
– таъмин намудани аксари ҷойҳои кории мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати бо техникаи компютери ва воситаҳои мубодилаи иттилоот;
– ворид намудани феҳрасти маълумот оид ба амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи маълумоти электрони ва феҳристҳо;
– то 4 соат кам кардани мӯҳлати гузариши ҳуҷҷатҳо дар ҷараёни мубодилаи иттилооти таҳлили ва дигар навъи иттилоот байни мақомоти ҳокимияти давлати ва худидораи маҳалли;
– то 10 дақиқа кам кардани мӯҳлати гузариши иттилоот роҷеъ ба воқеаҳои ниҳоят муҳими дар Ҷумҳури рухдода, аз манбаи он то идораҳои воломақоми он;
– ба даст овардани малакаи истифодаи ТИК дар байни ҳайати коркунони мақомоти идораи давлати ва худидораи маҳалли;
– бароҳмонии ихтисосҳо оид ба татбиқ, истифода ва рушди ТИК дар системаи тарбия ва бозомӯзии кадрҳо;
– гузаронидани амалиёт оид ба савдои яклухт ва чакана дар шакли электрони;
– мавҷудияти воситаҳои ахбори умуми электрони дар ҳаҷми на камтар аз 50 фоиз аз миқдори умумии воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳури;
– таъмини дастёби ба шабакаҳои глобалии иттилооти аз компютерҳои хонаги барои аҳолии Ҷумҳури;
– таъмини ҳар чи зиёди воридот ба сайтҳои расмии мақомоти ҳокимияти давлати.
Умуман татбиқи Барнома барои воқеан баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодиёти Ҷумҳури аз ҳисоби кам намудани хароҷот ва беҳдошти сифати маҳсулот ва хизматрасони имкон дода, зимнан самарабахши ва ҷиҳатҳои демократии идоракунии давлатиро дар тамоми сатҳҳо баланд бардошта, беҳбудии зисти аҳолиро таъмин мекунад.
Дар баробари ин вазифаҳои Барнома танҳо марбути иқтисодиёт нест. Фароҳамории шароитҳо баҳри босуръат тезонидани ҷараёнҳои татбиқнамоии технологияҳои иттилоотии муосир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва корчаллони алтернативаи худро надорад, зеро танҳо ҷараёнҳои афзолиятноки соҳаи мазкур боиси роҳ надодан ба ақибмони аз кишварҳои мутараққи гардида, ба ин васила ҷудошавии (изолятсияи) иттилоотию иқтисодиро аз иқтисодиёт ва ҷомеаи ҷаҳони пешгири намуда, динамизми ҷараёнҳои ҳамгироии байниминтақавиро таъмин мекунад.
- Мӯҳлатҳо ва марҳилаҳои татбиқи Барнома
Чорабиниҳое, ки дар Барнома пешбини шудаанд, дар солҳои 2005-2008 дар ду марҳила ба амал бароварда мешаванд.
Рақами марҳила | Солҳои татбиқ | Мундариҷаи марҳила | Манбаҳои татбиқи Барнома |
1 | 2005- 2006 | – тарҳрезии барномаҳои идорави барои батартибдарории системаҳои татбиқ ва рушди минбаъдан ТИК дар Ҷумҳури;
– омӯзиши бозори ТИК; мониторинга ҳолатҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии муассисаҳои давлати; – таҳлили манбаъҳои меъёрии ҳуқуқи бо мақсади муайян кардани проблемаҳои муҳиме, ки ба табиқи васеи ТИК мамониат мекунанд; – таҳлили таҷрибаи хориҷи ҷиҳати татбиқи барномаи шабеҳ; |
Дар ҳудуди буҷети давлати аз ҳисоби маблағҳои умумии вазорату идораҳо. |
2 | 2006-2008 | – татбиқи барномаҳои афзалиятнок ва самтҳои барнома, ки амали муштараки мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷумхури бо шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор таъмин мекунад;
– тарҳрези ва ҷорикунонии системаҳои иттилоотии заминави; – таъсиси инфраструктураи иттилооти барои мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳури, ташкилотҳои буҷети ва ғайритиҷорати, системаҳои савдои электрони ва барои нуқтаҳои ҷамъиятии пайваст ба системаҳои иттилоотии дастраси умум; – вусъат додани фаъолият дар соҳаи ИКТ ва пешниҳоди молҳо ва хизматрасонии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳони; – омодасози ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи ТИК; – такмили манбаъҳои меъёрии ҳуқуқи бо назардошти истифодабарии ТИК; – интегратсияи қарорҳои техники дар комплекси ягона; – таҷдид ва мукаммалсозии татбиқи системаҳои иттилооти; – батанзимдарории ҷараёни иттилооти байни мақомоти ҳокимияти давлати, субъектҳои хоҷагидории иқтисоди ва аҳоли; – пахши оммавии ТИК дар ҳама соҳаҳои фаъолияти ҷамъияти дар асоси инфрасохторҳои иттилооти ва телекоммуникатсионии ягона ва истифода аз системаи тиҷорати электрони; – баанҷомрасонии ташаккули инфраструктураи ягонаи иттилоотию телекоммуникатсиони барои мақомоти ҳокимияти давлати ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳури, ташкилотҳои буҷети ва ғайритиҷорати, нуктаҳои ҷамъиятии пайваст ба системаҳои иттилоотии дастраси умум.
|
Дар ҳудуди буҷети давлати аз рӯи ҳисоби маблағҳои умумии сметаи вазорату идораҳо барои соли навбатии молияви, сарчашмаҳои ғайрибуҷети, қарзҳо, сармоягузориҳо ва грантҳо.
|
- Механизми маблағгузории татбиқи Барнома
Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои умумии сметаи вазорату идораҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият барои соли навбатии молияви, манбаҳои ғайрибуҷети, қарзҳо, сармоягузориҳо ва грантҳо ба амал бароварда мешавад.
Аз рӯи натиҷагирии татбиқи марҳилаи аввали Барнома ҳаҷми маблағи молиявие, ки барои амали намудани марҳилаи дуюми барнома зарур аст, аниқ ва муайян карда мешавад.