Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон «Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳалии Ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012 – 2015»

Қарор ва фармоишҳои Ҳукумат

аз 2 ноябри соли 2011                     №550                    ш. Душанбе

Бо мақсади амалӣ намудани Консепсияи сиесати давлатии итттоотии Ҳумҳурии Тоҷикистон ки бо Фармони Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008, №451 тасдиқ шудааст Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳалии хоқимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012 – 2015 тасдиқ карда шавад замима мегардад).

2) Маблағгузории Барнома дар доираи буҷети вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ инчунин аз ҳисобӣ маблағҳои барзиёд иҷрогардидаи даромад ва бақияҳои озоди буҷетҳои маҳаллии вилоятҳо шаҳрҳо ва ноҳияҳо маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ грантҳо шахсони хуқуқӣ ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҳумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амали мегардад.

3) Роҳбарони вазорату идораҳо раисони Вилояти Муҳтори Кӯхистони Бадахшон вилоятҳо шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барнома тадбирҳои мушаххас андешанд.

4) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҳумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ маблағгузории Барномаи мазкурро ба инобат гирад.

5) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмиру хизматрасонии воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар вилоятҳо шаҳру ноҳияҳо ва пайваст намудани мақомоти давлатӣ ба шабакаҳои Интернет чораҳои амалӣ андешад.

 6) Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон охири ҳар сол ба Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ҳисобот пешниҳод намояд.

Раиси Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

Бо қарори Ҳукумати

Ҳумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2011, №550

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ

КОМПЮТЕРКУНОНИИ МАҚОМОТИ МАРКАЗӢ ВА МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ, МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2015

  1. МУҚАДДИМА

1) Яке аз ҳадафҳои асосии Консепсияи сиёсати давлатии иттилотии Ҳумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию компютерӣ дар идоракунии давлатӣ мебошад. Истифодаи усулҳои пешқадами идоракунӣ, махсусан технологияҳои иттилоотию компютерӣ барои баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, робитаи дуҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, дастрасӣ ба иттилооти зарурӣ ва хизматрасонии ҳуҷҷатию иттилоотӣ дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯй мусоидат мекунад.

2) Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои-2012-2015 (минбаъд Барнома) мақсад ва вазифаҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ татбиқ менамояд.

3) Барнома барои тақвият додани заминаи моддию техникӣ ва игтилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мутобиқсозии фаъолияти онҳо ба талаботи замони муосир мусоидат мекунад.

  1. ТАҲЛИЛИ ЗАМИНАИ ИТТИЛООТИЮ КОМПЮТЕРИИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА МАЛАКАИ КОМПЮТЕРИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

4) Тоҷикистон дар даҳсолаи охир дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Аммо бо вуҷуди ин барои иттилоотонии идоракунии давлатӣ ва бартараф намудани нобаробарии иттилоотӣ дар Тоҷикистон корҳои муайянеро анҷом додан зарур аст.

5) Яке аз самтҳое, ки мукаммалсозии ҳатмиро талаб менамояд, ба ҳуҷҷатгузории электронӣ ва мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо гузаштани мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои расидан ба ин мақсад заминаи имрӯзаи компютерию иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мукаммал нест.

6) Айни замон таъминоти воқеии хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ бо компютерҳо 55,1 фоиз, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 42,3 фоиз, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот – 18,6 фоиз мебошад. Дар мақомоти давлатӣ як принтер мутаносибан ба 1,3; 1,2 ва 1,1 компютер рост меояд. Ба ҳисоби миёна як компютер ба 2 хизматчии давлатии мақомоти марказӣ, 3 хизматчии давлатии мақомоти маҳаллӣ ва 8 хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот рост меояд.

7) Дар баробари ин шумораи муайяни компютерҳое, ки зиёда аз 10 сол дар мақомоти давлатӣ мавриди истифода мебошанд, кӯҳна шуда, барномаҳои дар онҳо васлшуда имрӯз истифода намешаванд ва барои васли барномаҳои компютерии ҳозиразамон мувофиқ намебошанд. Дар мақомоти марказӣ аз шумораи умумии компютерҳо 14,7 фоиз, дар мақомоти маҳаллӣ 12,8 фоиз, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 19,6 фоиз компютерҳо корношоям мебошанд.

8) Компютеркунонии мақомоти давлатӣ бе фарогирии компютерҳо бо шабакаҳои маҳаллӣ ва Интернет нопурра ва бесамар ба ҳисоб меравад, зеро танҳо тавассути шабакаҳо мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо ва умуман мубодилаи иттилоотиро ташкил кардан мумкин аст. Дар ҷумҳурӣ фарогирии компютерҳои мақомоти марказӣ бо шабакаи Интернет 27,2 фоиз, мақомоти маҳаллӣ 16,3 фоиз, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 7,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар аксарияти мақомоти давлатӣ шабакаи маҳаллӣ (локалӣ) вуҷуд надорад, ки ин иқтидори иттилоотию коммуникатсионӣ ва мубодилаи иттилоотию ҳуҷҷатии онҳоро маҳдуд мегардонад.

9) Айни замон мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот танҳо дар зинаҳои аввали истифодаи имкониятҳои технологияҳои компютерӣ қарор доранд. Дар мақомоти давлатӣ қисми зиёди иттилоот (ҳуҷҷатҳо) ҳанӯз ҳам дар шакли коғазӣ, қисми дигар, ки баъди соли 2000-ум таҳия шудааст, дар шакли электронӣ маҳфуз аст.

10) Компютеркунонии мақомоти давлатӣ дар баробари таҷҳизонидани техникӣ малакаи кор бо компютер, истифодаи барномаҳои корӣ, ҳуҷҷатгузории электрониро низ дар назар дорад. Таҳлил нишон медиҳад, ки танҳо як қисми хизматчиёни давлатӣ малакаи кор бо барномаҳои асосии Микрософт Офис (МS Office):Word,Eхсеl ки тавассути онҳо ҳуҷҷатгузории электронии дигар барномаҳои МS Officӯ дар Интернетро доранд сурат мегирад:

Малакаи кор Мақомоти марказӣ Мақомоти маҳаллӣ Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
бо фоиз
Кор дар муҳити Word 88,5 77,2 52,4
Кор дар муҳити Ехсеl 43,6 29,6 13,5
Кор дар муҳити барномаҳои дигари МS Office 16,0 12,8 3,3
Кор бо Интернет 48,9 26,3 7,8

11) Баъзе аз хизматчиёни давлатӣ малакаи кор бо компютерро надоранд. Онҳо дар мақомоти марказӣ 11,4 фоиз, мақомоти маҳаллӣ 20,1 фоиз, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 38,1 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд.

12) Сатҳи истифодабарии имкониятҳои мубодилаи иттилооти электронӣ аз ҷониби хизматчиёни давлати ғайрикофӣ аст. Танҳо 22,6 фоиз хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ, 9,4 фоиз хизматчиёни давлатии мақомоти маҳаллӣ, 2,6 фоиз хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунин шаҳрак ва деҳот почтаи электронӣ доранд.

13) Тахлилҳо инчунин нишон медиҳанд, ки заминаи техникаи компютерии мақомоти марказӣ, маҳаллӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба муҷаҳҳазгардонии пурра эҳтиёҷ дошта, сатҳи донишу малакаи компютерии хизматчиёни давлати ба баланд бардоштан ва такмил ниёз дорад.

14) Барои пурра таъмин намудани мақомоти марказӣ, маҳаллӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо техникаи компютерӣ, ташкили ҳуҷҷатгузории электронӣ ва мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо амалӣ намудани чорабиниҳои зерин зарур аст:

– таҳия ва такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои таҳия, истифода ва мубодилаи ҳуҷҷатҳо дар шакли этектронӣ, ташкили захираҳои иттилооти, бартараф ва кам кардани маҳдудиятҳои маъмурӣ;

– ба шакли ягона, стандартҳои умумиҷумҳуриявӣ даровардани ҳуҷҷатҳои расмӣ (бланкаҳо, маълумотномаҳо, шаклҳо ва ғайра), ҳуҷҷатгузори ва коргузорӣ дар мақомоти давлати, таъмини стандартҳои мубодилаи иттилооти, механизмҳои таъминкунандаи амнияти иттилоотӣ ва ҷорӣ намудани имзои электронию рақами;

– таъмини ҳамкории самараноки мутақобилаи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ҳамкории мутакобилаи мақомоти давлати бо шаҳрвандон дар асоси истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ;

– такмили дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлати, ба онҳо ворид намудани талаботу меъёрҳо дойр ба сатҳи дониши компютерӣ;

– банақшагирии талабот ба мутахассисони касбии самти кор бо технологияҳои иттилоотию компютерӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

– таъмини пурраи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо техникаи компютерӣ;

– ташкил намудани бунгоҳҳои ҷамъиятии дастрасӣ ба компютерҳо дар ҷамоатҳо;

– муайян намудани механизми мунтазами гузариши пурра ва саросарӣ ба мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо;

– таҳия ва васли барномаҳои муосири автоматикунонидашудаи компютерӣ ҷиҳати ташкили махзани иттилоотию маълумотдиҳӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ барои Шабакаи ягонаи иттилоотии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ;

– истифодаи барномаҳои компютерии дастрас, ягона, башаклдаровардашуда, мувофиқаткунанда, инчунин таҳияи барномаҳо ва модулҳои таълимӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ;

– дар мақомоти давлатӣ ташкил намудани шабакаҳои маҳаллӣ (локалӣ) ва шабакаҳои байнимақомотӣ ва байнидоравӣ, таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо мақомоти амният:

– ташкили системаҳои мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳои байнимақомотӣ ва байниидоравӣ;

– банақшагирии талаботи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба омӯзиши асосҳои технологияи компютерӣ ва ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати мунтазами омӯзиши малакаи кор бо компютер ва курсҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҳумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ;

– гузаронидани мониторинги сатҳи дониши компютерии хизматчиёни давлатӣ, тахассуси шахсони масъули бахши технологияҳои иттилоотонию коммуникатсионӣ дар мақомоти давлатӣ.

  1. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

15) Барнома тибқи Қонуни Ҳумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ», Барномаи давлатии «Рушд ва ҷорикунии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҳумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 №468 тасдиқ шудааст, Консепсияи сиёсати давлатии иттилотии Ҳумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон ҷихати татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои такмили идоракунии давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010, №629 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

16) Мақсади Барнома фароҳам овардани шароити дахлдори техникию технологӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию компютерӣ ва коммуникатсионӣ мебошад.

17) Вазифаҳои Барнома:

– пурра таъмин намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо техникаи компютерӣ;

– тадриҷан гузаронидани мақомоти давлатӣ ба мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо ва коргузории электронӣ;

– фароҳам овардани шароит барои робитаи мутақобилаи мақомоти марказӣ ва мақаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, байни мақомоти давлатӣ бо шаҳрванд тавассути истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ;

– рушди низоми омӯзиши компютерӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар самти технологияҳои компютерӣ.

18) Татбиқи Барнома имконият медиҳад, ки нобаробарии иттилоотӣ дар мақомоти давлатӣ бартараф карда шуда, воридшавии Ҳумҳурии Тоҷикистонро ба чомеаи иттилоотӣ мусоидат намояд.

  1. ТАЛАБОТ БА ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРӢ ВА ОМӮЗИШИ КОМПЮТЕРӢ

19) Татбиқи Барнома ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва сифати фаъолияти мақомоти давлатӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

20) Истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунин шаҳрак ва деҳот аз ҳисоби кам кардани ҳайати кормандони техникӣ хароҷоти идоракуниро низ сарфа мекунад.

21) Барои васлшавӣ ба системаҳои иттилоотӣ бояд инфрасохторҳои коммуникатсионии мавҷуда, аз он ҷумла шабакаи алоқаи истифодаи умумӣ ва шабакаҳои алоқаи идоравӣ ба таври пурра ва васеъ истифода шаванд.

22) Ҳиссаи мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар ҳаҷми умумии мубодилаи ҳуҷҷатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд тадриҷан зиёд карда шавад.

23) Дар натиҷаи компютеркунонии пурраи мақомоти давлатӣ низоми ягонаи ҳуҷҷатгузории электронӣ коркард, ҷамъоварӣ, ҷустуҷӯй, ва мубодилаи иттилоот (ҳуҷҷатҳо) ба роҳ монда мешавад. Дар ҷараёни компютеркунонӣ диққати асосӣ ба муттаҳидкунии захираҳои иттилоотии давлатӣ ва маҳаллӣ дода шуда, бо ин васила фазои ягонаи иттилоотию ҳуҷҷатӣ созмон дода мешавад.

24) То соли 2015 бояд ҳамаи хизматчиёни давлатӣ пурра бо техникаи компютерӣ таъмин карда шуда, шумораи хизматчиёни давлатӣ – истифодабарандагони Интернет дар соли 2015 дар муқоиса бо соли 2011 дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 2 маротиба, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 14 маротиба зиёд гардад.

25) Талаботи мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба техникаи компютерӣ, рушди шабакаи мавҷуда ва васли шабакаҳои маҳаллӣ ва Интернет дар солҳои 2012-2015 чунин аст:

Мақомот Талабот
Компютер Принтер Нуқтаи дастрасӣ
рушд насб
1 Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҳумҳурии Тоҷикистон 5144 560 64 51
2 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҳумҳурии Тоҷикистон 2923 410 60 12
3 Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3499 875 14 46
  Ҳамагӣ 11566 1845 138 63

26) Талабот ба омӯзиши компютерӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар самти малакаи кор бо компютер чунин мебошад:

Мақомот Талабот Дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиени давлати Дар заминаи мақоми давлати
так-мил ому-зиш такмил омузиш так-мил ому-зиш
1 Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҳумҳурии Тоҷикистон 9968 1278 9968 1278
2 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҳумҳурии Тоҷикистон 3783 949 3783 949
3 Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2518 1548 2518 1548    
  Ҳамагӣ 16269 3775 16269 1548 2227

27) Курсҳои омӯзиши компютери ва курсҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатӣ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҳумҳурии Тоҷикистон ва дар мақомоти давлатӣ бо назардошти имконияти кофии техникӣ ва таълимию методии онҳо гузаронида мешаванд.

  1. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

28) Маблағгузории Барнома барои солҳои 2012-2015 ҳамасола ҳангоми ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба нақша гирифта мешавад.

29) Манбаъҳои маблағгузории Барнома буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, кӯмакҳои техникии ташкилотҳои байналмилалӣ, грантҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва дигар воситаҳои пулие, ки конунгузории Ҳумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба ҳисоб мераванд.

30) Хариди техникаи компютерӣ дар асоси озмун ҷиҳати ҷойгир кардани фармоишҳо оид ба таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

31) Барои харидорӣ кардани техникаи компютерӣ, пайвасткунӣ ба шабакаҳои маҳаллӣ ва Интернет бо роҳи рушди шабакаи мавҷуда ё васли шабакаи нав ҳаҷми маблағҳои зерин ҷудо карда мешаванд (нархҳо дар ҳолати майи соли 2011);

Мақомот Компютер Принтер Нуқтаи дастрасӣ
рушд насб
бо сомонӣ
1 Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҳумҳурии Тоҷикистон 18929920 308936 17664 2300
2 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҳумҳурии Тоҷикистон 10756640 226136 16560 5520
з Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 12876320 483184 3864 21160
Ҳамагӣ 42562880 1018256 38088 28980

32) Маблағгузории курсҳои омӯзиши компютери ва курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҳумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои дар Фармоиши давлатӣ оид ба тайёркунии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ пешбинишуда амалӣ мегардад.

33) Курсҳои омӯзиши компютерии хизматчиёни давлатӣ дар заминаи мақомоти давлатӣ, аз ҳисоби маблагҳои барои ин мақсадҳо дар буҷети мақомоти давлатӣ пешбинишуда маблағгузорӣ карда мешаванд.

34) Ҳаҷми маблағгузори дар солҳои 2012-2015 дар маҷмуи 43648204 сомониро ташкил медиҳад, ки 32736153 сомонӣ ё 75 фоизи он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 10912051 сомонӣ ё 25 фоизи он аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ мебошад. Маблағгузории Барнома дар солҳои 2012-2015 чунин тақсим карда мешавад:

Манбаъ Ҳаҷми маблағгузори, сомонӣ Аз он ҷумла
2012 2013 2014 2015
Буҷетӣ давлатӣ 32736153 8184039 8184038 8184038 8184038
Маблағҳои ғайрибуҷетӣ 10912051 4364821 3273615 2182410 1091205
Ҳамагӣ 43648204 12548860 11457653 10366448 9275243
  1. НАТИҲАҲОИ ПЕШБИНИШАВАНДА ВА МОНИТОРИНГИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

35) Барнома таъмини ҳар як хизматчии давлатиро бо компютери алоҳида пешбинӣ менамояд. Бо мақсади истифодаи самараноки техникаи компютерӣ дар назар дошта мешавад, ки дар сохторҳои воҳидии мақомоти давлатӣ принтер тавассути шабака дастҷамъона истифода шавад.

36) Ҳар як сохтори воҳидии мақомоти давлатӣ бояд бо шабакаи маҳаллӣ ва Интернет фаро гирифта шавад. Дар мақомоти давлатие, ки аллакай шабакаи маҳаллӣ ё Интернет васл карда шудааст, фарогирии компютерҳо бо шабакаҳо бо роҳи рушди шабакаи мавҷуда 100 фоиз расонида шуда, дар сурати набудани онҳо, шабакаҳои нав васл карда мешаванд.

37) Хизматрасонии техникӣ, инчунин таъмири ҷории техникаи компютерии дар мақомот мавҷудбуда ё тибқи Барнома харидоришаванда дар доираи маблағҳои дар мақомоти давлатӣ ба ин мақсад ҷудошуда, амалӣ карда мешавад.

38) Мутобиқи талаботи таҷассусӣ ва вазифаҳои хизматӣ ҳар як хизматчии давлатӣ бояд бо компютер кор карда тавонад, малакаи кор бо барномаҳои Woқd ва Ехсеl, барномаҳои дигари компютериро дошта бошад. инчунин бо Интернет кор карда тавонад.

39) Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи компютери, Барнома барои хизматчиёни давлатӣ курсҳои омӯзиши компютери ва курсҳои такмили ихтисосро пешбинӣ менамояд.

40) Дар натиҷаи татбиқи Барнома дар давраи солҳои 2012-2015:

– мақомоти давлатӣ бо техникаи компютери, шабакаҳои маҳаллӣ ва Интернет пурра таъмин карда мешавад;

– дар мақомоти давлатӣ барномаҳои башаклдаровардашуда ва мутобиқшуда насб карда мешаванд;

– фарогирии пурраи мақомоти давлатӣ бо шабакаҳои маҳаллӣ ва Интернет дастрас мегардад;

– дар мақомоти давлатӣ фазои ягонаи мубодилаи иттилоотию ҳуҷҷатӣ ташкил карда мешавад;

– мақомоти давлатӣ пурра ба ҳуҷҷатгузории электронӣ ва мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо мегузаранд;

– савияи донишу малакаи иттилоотию компютерии хизматчиёни давлатӣ баланд мегардад.

41) Ҳангоми татбиқ намудани Барнома санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаҳои ҳифзи сирри давлатӣ, ҳифзи техникии иттилоотонӣ ва ҳифзи иттилоот риоя карда шаванд.

42) Назорати иҷро, ҳамоҳангсозӣ, инчунин баҳодиҳии самаранокии татбиқи Барнома тавассути мониторинг сурат мегирад, ки аз ҷониби Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҳумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

43) Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии компютеркунонии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои солҳои 2012-2015 замима мегардад.

Замима

ба Барномаи давлатии

компютеркунонии мақомоти

марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,

мақомоти худидоракунии шаҳрак

ва деҳот барои солҳои 2012-2015

НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО

ОИД БА ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КОМПЮТЕРКУНОНИИ МАҚОМОТИ МАРКАЗӢ ВА МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ, МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2015

Чорабиннҳо Масъулот Мӯҳлат
1. Ташкил ва такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилӣ
1 Такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқи оид ба иттилоотонӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани талаботи ягона ва стандартҳо ба ҳуҷҷатгузори ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон Соли 2012
2 Такмили дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатӣ, ба онҳо ворид намудани талабот ва меъёрҳо оид ба азхудкунии дониши компютерӣ Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ Соли 2012
3 Банақшагирии талабот ба мутахассисон дар самти технологияҳои иттилоотию компютерӣ дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон Соли 2012
4 Таҳия ва татбиқи механизмҳои таъминии амнияти коргузории электронӣ, мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар шабакаҳои мақомоти давлатӣ Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2012-2015
2. Компютеркунонӣ ва таъмини мубодилаи электронии хуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ
5 Таъмини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо техникаи компютерӣ Мақомот марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Солҳои 2012-2015
6 Таҳия ва насби барномаҳои муосири автоматикунонидашудаи компютерӣ барои ташкили махзани иттилооти маълумотдиҳии соҳаи хизмати давлатӣ барои Шабакаи ягонаи иттилоотии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҳумҳурии Тоҷикистон Соли2013
7 Ташкил ва тахҷизонидани бунгоҳҳои дастаҷамъии дастраси ба компютерҳо дар ҷамоатҳо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Солҳои 2012-2014
8 Рушди шабакаҳои маҳаллии мавҷуда ва васли шабакаҳои нав дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлаш, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, панваст намудани онҳо ба Шабакаи ягонаи Раёсати хизмати давлатии назди Президети Ҳумҳурии Тоҷикистон Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Раёсати хизматӣ давлатии назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2013-2015
9 Ташкили мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дар байни онҳо ҳамоҳангсозии истифодаи талаботи ягонаи мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Солҳои 2012-2015
3. Такмили ихтисос ва омӯзиши компютери хизматчиёни давлати
10 Банақшагирии талаботи мақомоти маркази ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва дехот ба омӯзиши асосҳои технологияҳои компютери Мақомоти маркази ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Солҳои 2012-2015
11 Гузаронидани курсҳои омӯзиши компютерӣ ва такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Солҳои 2012-2015
12 Ташкили курсҳои омӯзиши компютерӣ дар мақомоти марказӣ, маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо Рассати хизмати давлатии назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2012-2015
13 Таҳияи барнома ва модулҳои таълимӣ барои курсҳои омӯзиши компютерӣ ва курсҳои такмилӣ ихтисоси хизматчиёни давлатӣ оид ба асосҳои технологияҳои компютерӣ ва кор дар муҳити шабакавӣ Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ Солҳои 2012-2013
14 Таҳия ва нашри китобу дастурҳои таълимӣ ва методӣ оид ба технологияҳои компютерӣ барои хизматчиёни давлатӣ Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ якҷоя бо Вазорати маорифи Ҳумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2012-2015
15 Гузаронидани мониторинги сатҳи дониши компютерии хизматчиёни давлатӣ, тахассуси шахсони масъули бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар мақомоти давлатӣ Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Солҳои 2012-2015