«Анор» ба муштариёни Суғд тарофаи махсусро пешкаш мекунад
Оператори мобилии “Анор” барои сокинони вилояти Суғд пешниҳоди махсус таҳия намудааст. Муштариёни нави ширкат метавонанд тарофаи «Диёр 50»-ро бо тахфифи 50% пайваст кунанд.
Бо интихоби «Диёр 50», муштариёни нави оператор метавонанд дар давоми шаш моҳ аз алоқа бо нисфи нарх истифода баранд, яъне маблағи тарофа дар як моҳ ҳамагӣ 25 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин муддат лозим аст, ки дар тарофаи худ бимонед ва онро тағйир надиҳед. Шурӯъ аз моҳи 7-ум, пардохти абонентии муқаррарӣ – 50 сомонӣ дар як моҳ ситонида мешавад.
Дар тарофаи «Диёр 50» ба муштариёни вилояти Суғд зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 600 дақиқа ба самтҳои дигар дар ҶТ, 8000 мегабайт трафики интернет, инчунин интернети бемаҳдуди шабона аз соати 00:00 то 06:59 дастрас мешаванд. Муштариён бо хоҳиши худ метавонанд опсияҳои иловагии «Диёр + 100 дақиқа ба самтҳои дигар дар ҶТ» бо арзиши 5 сомонӣ ё «Диёр + 1000 мегабайт трафики интернет»-ро бо нархи 7 сомонӣ пайваст намоянд. Ҳангоми фаъолкунии якчанд опсияҳои иловагӣ, ҳаҷми дақиқаҳо ё трафики интернет ҷамъ карда мешавад.
Маълумоти бештарро дар сомонаи оператори мобилӣ пайдо карда метавонед.