Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем
Гоҳ-гоҳ қатъ гардидани нерӯи барқ ба фаъолияти таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ таъсири муайян мерасонад. Барои ҳамин ширкати “МегаФон Тоҷикистон” манбаъҳои алтернативии нерӯро ба кор мебарад. Дар ин ҷода “Интернет барои хона” воситаи нисбатан боэътимод аст. Пас дастрасии ноқилӣ аз мобилӣ ҷӣ фарқ дорад – дар ҳоле, ки ҳарду аз ҷониби як оператор пешниҳод карда мешаванд?
“Дар асл гирем, барои интернети мобилӣ ва собит таҷҳизоти гуногун ҷавобгар аст, – шарҳ медиҳад директори департаменти инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Алиҷон Ғаниев. Ва агар бинобар қатъшавии нерӯи барқ дар минтақа эҳтимолияти тағйирёбии сифати алоқаи мобилӣ ва интернет ҷой дошта бошад, пас дастрасии ноқилӣ устувор боқӣ мемонад. Масалан, то он даме, ки нерӯи ноутбук ё планшет кифоя аст, метавон филмҳоро онлайн тамошо намуд.
Ду интернети “гуногун” аз ҷиҳати техникӣ чӣ фарқ доранд? Интернети мобилӣ – ин ҷараёни маълумоти аз пойгоҳи наздиктарини базавӣ интиқолёбанда мебошад. Ба қавли дигар, трафик дар шакли радиосигнал интиқол меёбад ва бинобар ин, аз омилҳои берунӣ нисбатан зиёд вобаста аст.
Интернети хонагӣ – пайвастагии ноқилист. МегаФон Тоҷикистон “Интернет барои хона”-ро дар Душанбе аз рӯи технологияи GPON (“шабакаи оптикии гигабитаи пассив) пешниҳод менамояд – дар ин ҳолат кабели нахӣ-нурӣ бевосита то худи манзили истиқоматии муштарӣ гузаронида мешавад. Тавассути он трафик бемонеа интиқол меёбад, ҳангоми қатъшавии нерӯи барқ бошад, сифати хизматрасонӣ дар ҳамон сатҳе боқӣ мемонад, ки ҳангоми фаъол будани барқ буд.
Ин бо ду роҳ таъмин карда мешавад. Аввалан, мутахассисони алоқа аккмуляторҳоро истифода мебаранд – таҷҳизот метавонад новобаста аз он, ки хатҳои берунии нерӯи барқ фаъоланд ё на, то панҷ соат кори худро идома диҳад. Дуюм, дар ҳолати “Интернет барои хона” эҳтимол аст, манбаъҳои нерӯ на дар он минтақае ҷойгир бошанд, ки интиқоли нерӯи барқ ба он қатъ шудааст. Кабели нахӣ-нурӣ қодир аст, ки трафикро ба даҳҳо килметр масофа бе тағйирдиҳии сифати хизматрасонӣ интиқол диҳад. Масалан: дар маҳаллае, аз ҷумла ҷойҳое, ки дар онҳо пойгоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ насб гардидаанд, бо тартиби навбат нерӯ қатъ карда мешавад. Лекин истифодабарандагони “Интернет барои хона”, ки дар хонаҳои онҳо нерӯи барқ ҳаст, ба таври онлайн филм тамошо мекунанд ё сайри шабака менамоянд.
“Ба ғайр аз чунин афзалиятҳо, ба монанди идомаи кори устувор ҳангоми қатъи нерӯи барқ дастрасии собит инчунин афзалиятҳои дигар низ дорад. Масалан, имконияти истифодаи интернет бо тамоми оила дар якчанд дастгоҳ. Ва агар интернети мобилӣ аз омилҳои берунӣ, аз ҷумла аз теъдоди истифодабарандагони ҳамзамон дар шабака қарордошта вобаста бошад, суръати интернети ноқилӣ доимо чуноне боқӣ мемонад, ки дар шартҳои тарофа оварда шудааст”, – илова менамояд Алиҷон Ғаниев.
Маълумоти муфассалро доир ба хизматрасонии “Интернет барои хона” метавонед дар сомонаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ё бо телефони 4747 пайдо намоед.