Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ»

Қонунҳо

БОБИ II. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРИ

БОБИ III. ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРИ

БОБИ IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ВА ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРИ

БОБИ V. A3 ТАРАФИ ШАХСОНИ ҲАЙАТИ САРДОРИКУНАНДАИ ХАДАМОТИ, АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРИ ИСТИФОДА ШУДАНИ ҚУВВАИ ҶИСМОНИ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА СИЛОҲИ ОТАШФИШОН

БОБИ VI. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИ, МОДДИ ВА ТЕХНИКИИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРИ

БОБИ VII. МУҚАРРАРОТИ НИҲОИ

Қонуни мазкур вазифаҳо, асосҳои ҳуқуқи, принсипҳои ташкилии мақомоти алоқаи фелдегери ва ҳамкории онро бо дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Таъиноти алоқаи фелдегери

Алоқаи фелдегери яке аз намудҳои алоқаи почтави мебошад, ки тавассути он ҳуҷҷатҳои муҳим ва асосан махфиро хаткашонҳои махсуси низоми бурда мерасонанд.

Алоқаи фелдегериро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлати – хадамоти давлатии фелдегери таъмин менамояд, ки он қисми таркибии қувва ва воситаҳои таъмини амнияти давлати буда, муҳофизати манфиатҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро ба амал мебарорад, инчунин бa мақсади муҳофизати манфиатҳои давлати амал мекунад. Сохтор ва тартиби фаъолияти мақомоти мазкур бо Низомномае, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян мегардад.

Моддаи 2. Вазифаҳои алоқаи фелдегери

Алоқаи фелдегери вазифадор аст, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба пойтахтҳои давлатҳои иштирокчии Созишномаи алоқаи байниҳукуматии фелдегери бурда расонидан ва аз он ҷо овардани муросилоти фавқулода муҳим, комилан махфи, махфи ва дигар муросилоти хизматии (минбаъд муросилот):

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар баъзе ҳолатҳо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд;

мақомоти идораи ҳарби, амният, корҳои дохили ва хизмати сарҳади;

объектҳои саноати ва ҳарби, ки аҳамияти фавқулодда муҳими давлати доранд – тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ба хориҷа бурда расонидани муросилот, инчунин ҳуҷҷатҳои техники ва намунаҳои маснуоти саноати – тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

расонидани муросилоти сардорони давлатҳо ва ҳукуматҳо, мақомоти ҳокимияти давлатии – иштирокчиёни Созишномаи алоқаи байниҳукуматии фелдегериро таъмин намояд.

Рeйхати мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба онҳо хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мерасонад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди хадамоти алоқаи фелдегери

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди хадамоти алоқаи фелдегери ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъерию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии баиналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Принсипҳои ташкили алоқаи фелдегери

Алоқаи фелдегери дар асоси принсипҳои зерин ба pоҳ монда мешавад:

қонуният;

маҳфуздории кафолатнок ва фаври ҳангоми расонидани муросилот;

ягонагии ташкилии системаи мақомоти алоқаи фелдегери;

муҳофизати сирри давлати, инчунин дигар маълумотҳое, ки Қонун муҳофизат мекунад.

яккасардори ва масъулияти шахси барои вазифаи супоридашуда мутобиқи ҳамин Қонун;

таҳти назорат қарор доштани мақомот ва шахсони мансабдори алоқаи фелдегери.

Дар алоқаи фелдегери таъсис ва фаъолият кардани сохторҳои ҳизбҳои сиёси ва дигар идтиҳодияҳои ҷамъиятие, ки мақсадаҳои сиёси доранд, манъ аст.

Моддаи 5. Ҳамкории хадамоти алоқаи фелдегери бо мақомоти ҳокимияти иҷроия

Хадамоти фелдегери вазифаҳои дар наздаш гузошташударо дар ҳамкори бо ташкилотҳо, мақомоти тобеи ҳокимияти иҷроия ҳал менамояд. Мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки рeйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, мақомоти ҳудудии онҳо ӯҳдадоранд дар доираи ваколатҳояшон дар ташкили таъҷилан расонидани муросилот ва таъмини шароити маҳфуздории кафолатноки он ба хадамоти фелдегери мусоидат намоянд, инчунин ба кормандони хадамоти фелдегери ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон оиди расонидани муросилот кeмак расонанд.

БОБИ II. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРИ

Моддаи 6. Ҳуқуқи мақомоти алоқаи фелдегери

Ба мақомоти алоқаи фелдегери барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда ҳуқуқ дода мешавад, ки:

тартиби қабул ва расонидани муросилот, меъёр, андоза ва нархи хизмати алоқаи фелдегериро муқаррар менамояд;

аз рӯи тарифи дар нақлиёт муқарраргардида муросилот ва кормандони ҳамроҳикунандаи онро дар хатҳои амалкунандаи сайри нақлиёти роҳи оҳан, ҳавои ва автомобили кашонанд. Муросилоти шахсон ва мақомоти ҳокимияти давлати, ки моддаи 2 ҳамин Қонун муайян кардааст, дахлнопазир буда, он боздошта ва аз назар гузаронида намешавад;

дар фурудгоҳҳои ҳавои ва вокзалҳои роҳи оҳан барои муваққатан ҷойгир кардани муросилот ва кормандони ҳамроҳикунандаи он аз биноҳои алоҳидаи мақомоти минтақавии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;

барои таъмини бурдарасони ва маҳфузияти муросилот ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда воситаҳои алоқаеро, ки ба корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд истифода баранд. Мақомоти алоқаи фелдегери бо талаби соҳибони воситаҳои алоқа хароҷоти соҳибони онро дар ин ҳолатҳо ҷуброн мекунанд;

ба шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегери иҷозат диҳанд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати дар мавридҳои зарури қувваи ҷисмониро ба кор баранд, инчунин дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбиникардаи ҳамин Қонун воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро нигоҳ доранд, гирифта гарданд ва истифода баранд;

барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда биноҳо ё иншоотҳои заруриро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон созанд ё ба иҷора гиранд. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд барои ҷойгир кардани мақомоти минтақавии хадамоти фелдегери кeмак расонанд;

автомобилҳоеро, ки сабти ягон хел навиштаҷоти фарқкунанда ва рангубори махсус, надоранд, вале бо маякҳои шeълапоши кабудранг, сигналҳои махсуси овози ва воистаҳои алоқа ҷиҳозонида нашудаанд, истифода баранд. Автомобилҳои мақомоти алоқаи фелдегери ба қатори «мошинҳои махсус» дохил гардида, бе розигии онҳо ба манфиати дигар мақомот ва ташкилотҳо истифода бурда намешаванд;

Моддаи 7. ӯҳдадории мақомоти алоқаи фелдегери

Мақомоти алоқаи фелдегери мутобиқи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ӯҳдадоранд:

расонидани муросилоти шахсон ва мақомоти ба ҳамин Қонун муайяншударо ташкил ва таъмин намоянд;

шабакаи доимо амалкунанда ва дар сурати зарурат хатҳои сайри махсуси фелдегериро низ, ки расонидани таъҷилии муросилотро таъмин менамоянд, муқаррар кунанд ва такмил диҳанд;

чорабиниҳоро оиди муҳофизати муросилоти расонидашуда то нобуд кардани он ҳангоми имконнопазир будани таъмини маҳфуздории он ба амал бароранд;

дар фаъолияти худ маҳфуздории сирри давлати ва дигар маълумотҳоеро, ки қонун муҳофизат мекунад, таъмин намоянд;

тайёриро барои сафарбаркунии мақомоти хадамоти алоқаи фелдегери барои кор дар вақти ҷанг ва дар шароити ҳолати фавқулодда таъмин кунанд;

дар доираи салоҳияти худ бо ҳамин гуна мақомоти давлатҳои иштирокчии Созишномаи алоқаи байниҳукуматии фелдегери ҳамкори намоянд;

тайёрии касбии кормандони хадамоти алоқаи фелдегериро таъмин намоянд;

барои таъмини амнияти шахси чораҳо бинанд.

БОБИ III. ҚУВВА ВА ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКИИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРИ

Моддаи 8. Кормандони хадамоти алоқаи фелдегери

Барои хизмат ба алоқаи фелдегери шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон, ки аз рӯи сифатҳои шахси ва кори, маълумот ва вазъи саломатиашон ба иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кормандони хадамоти фелдегери гузошташуда қобиланд, қабул карда мешаванд. Ҳайати шахсии хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати сардорикунандаи марбути кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиён ва кормандони кироя тақсим мешаванд. Тартиби пурра кардани ҳайати шахси, таъин, озодкуни ва ба вазифаи дигар гузаронидани шахсоне, ки дар вазифаҳои ҳайати сардорикунандаи хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, Кодекси меҳнат ва Низомномаи хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

Ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери хизматро мутобиқи Низомномаи амалкунандаи хизмати мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон адо мекунад.

Ба ҳайати кормандони кирояи алоқаи фелдегери қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат амал мекунад

Моддаи 9. Воситаҳои техникии хадамоти алоқаи фелдегери

Барои таъмини ҳифзи кафолатнок ҳангоми расонидани муросилот мақомоти хадамоти фелдегери дар доираи салоҳияти худ воситаҳои махсуси техникии ҳифз, нақлиёт ва алоқаро истифода мебаранд. Воситаҳои техникии ҳифз, алоқа, ки аз тарафи мақомоти алоқаи фелдегери истифода мешаванд, усулҳои истифодаи онҳо набояд ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид кунад, инчунин ба муҳити зист зарар расонад.

БОБИ IV. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ВА ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРИ

Моддаи 10. Мақоми ҳуқуқии кормандони хадамоти алоқаи фелдегери

Кормандони хадамоти алоқаи фелдегери намояндаи ҳокимияти давлати ба ҳисоб рафта, таҳти ҳимояи давлати буда ва ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати шахси дахлнопазир мебошад. Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба фаъолияти хизматии корманди хадамоти алоқаи фелдегери дахолат намояд, ба ғайр аз сардорони бевосита, инчунин шахсоне, ки ба онҳо Қонуни мазкур ваколат додааст.

Халалрасони ба вазифаҳои хизматиашро иҷро намудани корманди хадамоти алоқаи фелдегери, дар ҳама шаклҳояш бетаъхир бо ҳама гуна воситаҳо ва усулҳое, ки Қонуни мазкур иҷозат додааст, пешгири карда мешавад.

Ба корманди хадамоти алоқаи фелдегери дар ташкил намудани корпартои ва иштирок дар гузаронидани он манъ карда мешавад. Ба шахсони ҳайати сардорикунанда ва хизматчиёни алоқаи фелдегери шомил будан ба ҳизбҳои сиёси ва дигар идтиҳодияҳои ҷамъияти, ки мақсадҳои сиёси доранд, машғул шудан бо фаъолияти соҳибкори, инчунин дар як вақт дар чанд ҷой кор кардан манъ аст, ба истиснои фаъолияти эҷоди, илми ва омeзгори.

Кормандони кирояи алоқаи фелдегери бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои касби, иҷтимоию иктисоди ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонуни ҳақ доранд дар асоси ихтиёри мутобиқи қонунгузории ҷори дар иттфоқҳои (ассотсиатсияҳои) касаба муттаҳид ё дохил шаванд. Иттифоқҳои (ассотсиатсияҳои) касаба ҳақ надоранд ба фаъолияти раёсатҳо, шeъбаҳо ва дигар воҳидҳои сохтории алоқаи фелдегери оиди иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда дахолат намоянд.

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери, ки ба сафари хизмати фиристода шудаанд, аз ҳуқуқи бенавбат харидани ҳуҷҷатҳои рафтуомад ба ҳамаи намудҳои нақлиёт ва аз ҳуқуқи бенавбат ҷой гирифтан дар меҳмонхона аз рӯи шаҳодатномаи сафари хизмати мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматии соҳаи алоқаи фелдегери истифода мебаранд.

Моддаи 11. Ҳифзи иҷтимоии кормандони хадамоти фелдегери

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери ва аъзои оилаи онҳо аз ҳамаи ҳуқуқу имтиёзҳои муқарраркардаи қонунгузори барои шахсони ҳайати сардорикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо истифода мебаранд. Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери, ки дар нақлиёти ҳавои вазифаи хизматиро иҷро менамоянд, барои гирифтани музди иловагии барои соати парвоз дар ҳаҷми меъёри соатбайъи роҳбаладҳои ҳавопаймоҳои авиатсияи граждани ҳуқуқ доранд. Ба хизматчиён ва коргарони хадамоти фелдегери барои собиқаи кор музди иловаги муқаррар карда мешаванд.

Дар сурати ба ҳалокат расидани шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти хизматиаш ба оилаи шахси ҳалокгардида, ки барои беҳдошти шароити манзили эҳтиёҷ дорад, ҳуқуқи гирифтани манзилгоҳ, аз ҷумла аз ҷои хизмати мазкур нигоҳ дошта мешавад. Дар ин маврид манзилгоҳ ба оилаи шахси ҳалокгардида на дертар аз як соли баъди ҳалок шудани e дода мешавад.

Моддаи 12. Суғуртаи ҳатмии давлати ва талофии зарари шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегери

Ҳаёт ва саломатии шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегери аз ҳисоби маблағҳои буҷет бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суғуртаи ҳатмии давлати фаро гирифта мешавад.

Талофии зараре, ки ба ҳаёт, саломати ва амволи шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери, тибқи фаъолияти хизматиаш расонида шудааст, бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

БОБИ V. A3 ТАРАФИ ШАХСОНИ ҲАЙАТИ САРДОРИКУНАНДАИ ХАДАМОТИ, АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРИ ИСТИФОДА ШУДАНИ ҚУВВАИ ҶИСМОНИ, ВОСИТАҲОИ МАХСУС ВА СИЛОҲИ ОТАШФИШОН

Моддаи 13. Шартҳо ва ҳадди истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегери ҳуқуқ доранд, ки қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро барои иҷрои вазифаҳои ба зимагузоштаашон танҳо дар ҳолатҳо ва тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур истифода баранд.

Номгуи намудҳои воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишонро, ки хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегери вазифадоранд, ки аз тайёрии махсус, инчунин аз тафтиши давра ба давра гузаранд, ки ба талаботҳои шароити истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон вобастаги доранд.

Ҳангоми ба кор бурдани қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон, шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегери вазифадоранд, ки дар бораи нияти истифодаашон он шахсеро, ки ба муқобили вай қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон истифода хоҳад шуд, огоҳ намояд, бо дарназардошти мeҳлате, ки барои иҷрои талаботи қонунии шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегерии давлати зарур аст, ба истиснои мавридҳое, ки таъхир кардан дар истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон нисбати ҳифзи муросилоти расонидашаванда, барои ҳаёт ва саломатии кормандони хадамоти алоқаи фелдегери хавфи бевосита дошта ва ё огоҳонидан дар ҳолати рухдода ҷоиз ё мумкин нест.

Зараре, ки аз тарафи шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегери дар ҳолати мудофиаи зарури расонда шудааст, агар дар ин бобат ҳудуди ин амал вайрон нашуда бошад, мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси талофи намешавад.

Дар ҳолати мудофиаи зарури ё дар ҳолатҳои зарурати ниҳои шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдъегери ҳангоми мавҷуд набудани воситаҳои махсус ё силоҳи оташфишон ҳуқуқ дорад, ки аз ҳамаи воситаҳои дастрас истифода барад.

Дар бораи ҳар мавриди истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери дар мeҳлати 24 соат аз лаҳзаи истифодаи онҳо вазифадор аст, ки ба сардори мақоми хадамоти алоқаи фелдегерии маҳали хадамоти худ ё маҳали истифодаи қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон гузориш пешниҳод кунад.

Сардори мақоми хадамоти алоқаи фелдегери ба прокурор, дар бораи ҳама мавридҳо ҳалокшави ё маҷрeҳшавии ашхосе, ки ба муқобили онҳо аз қувваи ҷисмони, воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон истифода шудааст, хабар расонад.

Моддаи 14. Истифодаи қувваи ҷисмони

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдъегери ҳуқуқ доранд, ки қувваи ҷисмони, аз ҷумла усулҳои ҷангии муҳорибаро барои бартараф кардани кушиши аз худ кардани муросилот, муқобилат намудан ба талаботи қонунии шахсони ҳайати хадамоти алоқаи фелдегери истифода баранд, агар усулҳои ғайриистифодаи қувва боиси таъмин нашудани вазифаҳои ба онҳо гузошташуда гардад.

Истифодаи усулҳои ҷангии муҳорибаи дасти нисбати занон бо аломати аёни ҳомиладори, шахсони дорои аломатҳои маъюби ва хурдсолон, ба истиснои аз тарафи шахсони мазкур муқовимати силоҳнок нишон додан, ҳамлаи гӯруҳи ва ё силоҳнок шуданаш, ки ин боиси таҳдид ба расонидани муросилот, ҳаёт ва саломатии кормандони хадамоти алоқаи фелдегери гардад, манъ аст.

Моддаи 15. Истифодаи воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегери ҳуқуқ доранд, ки воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишони дар ихтиёри хадамоти давлатии фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон бударо дар мавридҳои зерин кор фармоянд:

– барои зада гардонидани хамлаи гӯруҳи ё силоҳнок, ки бо мақсади аз худ кардани муросилоти расонидашаванда сурат мегирад;

– барои зада гардонидани қасди ба даст даровардани силоҳи шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери;

– барои зада гардонидани ҳамла ба кормандони алоқаи фелдегери, агар ин ба ҳаёт ва саломатии онҳо хавф ворид созад;

– барои зада гардонидани ҳамлаи гӯруҳи ё силоҳнок ба воситаҳои нақлиёти мутааллики мақомоти хадамоти фелдегери, ба дигар объектҳое, ки дар онҳо муросилот дар ҳифозатшаванда ҷойгир аст, аз ҷумла ба биноҳо ва иншоот, ки мақомоти мазкур онҳоро банд кардаанд, инчунин дар зарурат барои озод кардани воситаҳои нақлиёти ва объектҳои мазкур.

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти фелдегери ҳуқуқ доранд, ки силоҳи дастии оташфишонро барои огоҳсозии нияти истифодаи силоҳ, инчунин барои додани ишораи хатар ё кeмакпурси истифода баранд.

Истифодаи воситаҳои махсус ва силоҳи оташфишон нисбати занон, шахсони дорои аломатҳои маъюби ва ноболиғон, ки синну соли онҳо аён аст ё ба шахси ҳайати сардори алоқаи фелдегери маълум аст, манъ аст, ба истиснои аз тарафи шахсони мазкур рух додани муқовимати силоҳнок, аз тарафи онҳо сурат гирифтани ҳамлаи гӯруҳи ё силоҳнок, ки ба ҳифзи муросилоти расонидашаванда ва ҳаёти кормандони хадамоти фелдегери таҳдид ба амал меорад.

Моддаи 16. Кафолати амнияти шахси ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегери

Шахсони ҳайати сардорикунандаи хадамоти алоқаи фелдегери ҳуқуқ доранд, ки силоҳи оташфишони худро намоён кунанд ва онро ба ҳолати омодаги қарор диҳанд, агар зарур донанд, ки дар ҳолати ба амал омада, асосҳое, ки барои истифодаи он, мувофиқи моддаи 15 Қонуни мазкур пешбини шудааст, асос ҳаст.

БОБИ VI. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИ, МОДДИ ВА ТЕХНИКИИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ ФЕЛДЕГЕРИ

Моддаи 17. Таъминоти молияви, модди ва техникии хадамоти алоқаи фелдегери

Хадамоти алоқаи фелдегери бо тартиби мақсаднок аз буҷети давлати агузори карда мешавад.

Таъминоти молияви, модди ва техникии хадамоти алоқаи фелдегери бо таъиноти мақсаднок бо тартиб ва меъёрҳои муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ҳангоми ҷойгир кардани воҳидҳои сохтори ё кормандони хадамоти фелдегери бевосита дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлати, ки дар моддаи 2 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, таъминоти моддию техникии онҳо, аз ҷумла ҷудо кардани бино, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки барои қонеъ кардани талаботи ин мақомот ба хизмати алоқаи фелдегери зарур аст, аз ҳисоби маблағҳои ин мақомот сурат мегирад.

Амволи хадамоти алоқаи фелдегери, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷет ба вуҷуд омада ва ё харида шудааст, моликияти давлати мебошанд. Идоракунии фаврии ин амволро Хадамоти давлати фелдегерии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

БОБИ VII. МУҚАРРАРОТИ НИҲОИ

Моддаи 18. Масъулияти кормандони хадамоти алоқаи фелдегери

Барои амал ё беамалии зиддиҳуқуқи кормандони хадамоти алоқаи фелдегери ба ҷавобгарии интизоми, маъмури, ҷинои ва граждани, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, кашида мешаванд.

Моддаи 19. Назорат аз болои алоқаи фелдегери

Назорати иҷрои қонуниятро дар фаъолияти мақоми алоқаи фелдегери прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои дар тобеият он буда, анҷом медиҳанд.

Моддаи 20. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқи амали баъзе муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса» ба кормандони хадамоти фелдегерии давлатии назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии соли 1997, №10, моддаи 156) «Дар бораи татбиқи амали баъзе муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милиса» ба кормандони хадамоти фелдегерии давлатии назди Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» беэътибор дониста шавад.

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э. Раҳмонов

ш. Душанбе, 2 декабри соли 2002

№ 74