Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият»

Қонунҳо

Маҷлиси намояндагон 14-уми апрели соли 2004 қабул кардааст

Маҷлиси милли 29-уми апрели соли 2004 ҷонибдори намудааст

Қонуни мазкур намудҳои фаъолиятеро муайян мекунад, ки иҷозатномадиҳиро талаб намуда, асосҳои ҳуқуқии додани иҷозатнома (литсензия)- ро барои ҳуқуқи машғулшави ба намудҳои мушаххаси фаъолият муқаррар карда, ба риояи стандартҳо ва талаботи зарурии тахассуси барои таъмини ҳимояи манфиату амнияти шахс, ҷамъият ва давлат нигаронида шудааст. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

иҷозатнома (литсензия) – иҷозати махсусе, ки барои амали намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳи онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди додааст;

намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда (литсензияшаванда) – фаъолиятест, ки барои амали намудани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни мазкур бояд иҷозатнома гирифта шавад;

иҷозатномадиҳи (литсензиякунони) – чорабиниҳоест, ки ба иҷозатномадиҳи, аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома, бекор кардани он ва ба назорати мақомоти иҷозатномадиҳанда оиди аз тарафи иҷозатномадор риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳи ҳангоми ба амал баровардани намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда вобаста мебошад;

шарту талаботи иҷозатномадиҳи – маҷмӯи шарту талаботе, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд, ки иҷрояшон барои иҷозатномадор ҳатмист;

мақомоти иҷозатномадиҳанда – мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки мутобиқи Қонуни мазкур иҷозатнома медиҳад;

иҷозитномадор (литсензиат) – шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди, ки барои амали намудани фаъолияти мушаххас иҷозатнома дорад;

довталаби иҷозатнома – шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфиродиест, ки ба мақомоти иҷозатномадиҳанда барои фаъолияти мушаххас ҷиҳати гирифтани иҷозатнома бо ариза муроҷиат намудааст;

феҳристи (реестри) иҷозатнома – маҷмӯи маълумот дар бораи додани иҷозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатнома, боздоштан ва барқарор намудани амали иҷозатнома ва бекор кардани онро тасдиқ мекунад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.

Моддаи 3. Принсипҳои асосии иҷозатномадиҳи

Иҷозатномадиҳи дар асоси принсипҳои зерин амали мегардад:

– таъмини фазои ягонаи иқтисоди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда;

– муқаррар кардани тартиби ягонаи иҷозатномадиҳи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– муқаррар намудани шарту талаботи иҷозатномадиҳи тибқи низомнома оиди хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият;

– ошкорбаёни дар иҷозатномадиҳи;

– риояи қонуният ҳангоми иҷозатномадиҳи.

Моддаи 4. Меъёрҳои муайян кардани намудҳои фаъолияте, ки барояшон иҷозатнома дода мешавад

Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амали шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонуни, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлати, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад ва танзими онҳо ба ғайр аз иҷозатномадиҳи бо роҳҳои дигар имконнопазир аст.

Моддаи 5. Салоҳияти – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳи (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷозатномадиҳи салоҳиятҳои зеринро дорад:

– низомномаро дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият тасдиқ намояд;

– мақомоти ҳокимияти иҷроияеро муайян намояд, ки барои намудҳои мушаххаси фаъолият иҷозатнома медиҳад.

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳанда

  1. Мақомоти иҷозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки: (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– иҷозатнома диҳанд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– ҳуҷҷатҳоеро аз нав ба расмият дароранд, ки вуҷуд доштани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– мӯҳлати амали иҷозатномаҳоро дароз намоянд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– амали иҷозатномаро боздоранд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– амали иҷозатномаро барқарор созанд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– иҷозатномаро бекор кунанд (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни мазкур); (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– феҳристи иҷозатномаҳоро тартиб диҳанд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– назорати аз тарафи иҷозатномадорон риоя шудани шарту талаботи иҷозатномаро ба амал бароранд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

  1. Тартиби татбиқи салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳандаро низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар менамояд.

Моддаи 7. Амали иҷозатнома

  1. Ба ҳар як намуди фаъолият, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, иҷозатнома дода мешавад.
  2. Намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда танҳо аз ҷониби шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфиродие, ки иҷозатнома гирифтааст, метавонад амали гардонида шавад.
  3. Амали иҷозатнома дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  4. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини менамояд, амали иҷозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн гардад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  5. Шахсони воқеи ва ҳуқуқии хориҷи метавонанд бо шарт ва тартиби барои шахсони воқеи ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида иҷозатнома гиранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбини накарда бошад. Шахси ҳуқуқии хориҷии довталаби иҷозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 8 Мӯҳлати амали иҷозатнома

  1. Мӯҳати амали иҷозатномаҳо барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи дар моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида 5 сол, барои намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаи бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида на камтар аз 3 сол мебошад.
  2. Мӯҳлати амали иҷозатнома барои намуди алоҳидаи фаъолият, ки дар моддаи 17 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, барои соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо бе истифодаи меҳнати кироя анҷом дода мешавад, бо дархости хаттии худи довталабон метавонад аз 1 то 5 сол муқаррар карда шавад.
  3. Мӯҳлати амали иҷозатномаро пеш аз ба охир расиданаш мувофиқи аризаи иҷозатномадор ба ҳамин мӯҳлат дароз кардан мумкин аст. Мӯҳлати амали иҷозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштани шахсро тасдиқ мекунад, дароз карда мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 9. Ҳуҷҷатҳои зарури барои гирифтани иҷозатнома

  1. Довталаби иҷозатнома барои гирифтани иҷозатнома ба мақомоти иҷозатномадиҳанда ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

– ариза дар бораи додани иҷозатнома барои намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

а) барои шахси ҳуқуқи – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона, суроғаи ҳуқуқи, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк;

б) барои соҳибкори инфироди – ному насаб, ҷойи истиқомат шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он: (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– иҷозатнома барои кадом мӯҳлат гирифта мешавад;

– намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда, ки соҳибкори инфироди ва шахси ҳуқуқи мақсади анҷом додани онро дорад ва мӯҳлате, ки дар давоми он чунин намуди фаъолият анҷом дода мешавад; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– барои соҳибкори инфироди – нусхаи шаҳодатномаи қайди давлатии шаҳрванд ба сифати соҳибкори инфироди;

– нусхаи шаҳодатномаи ба қайд гирифтани довталаби иҷозатнома дар мақомоти андоз;

– ҳуҷҷате, ки пардохти ҳаққи иҷозатномаро барои барраси шудани аризаи довталаби иҷозатнома тасдиқ мекунад;

– маълумот дар бораи дараҷаи ихтисоси кормандони довталаби иҷозатнома.

  1. Ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои мазкур дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои дигаре, ки ба шарту талаботи иҷозатномадиҳи мувофиқ будани довталаби иҷозатномаро тасдиқ мекунанд, пешбини шуда метавонанд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  2. Аз довталаби иҷозатнома пешниҳоди ҳуҷҷатҳоеро, ки дар Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият пешбини нашудаанд, талаб кардан мумкин нест. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  3. Ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иҷозатномадиҳанда барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи онҳо бо қайди рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур ба довталаби иҷозатнома фиристода (дода) мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 10. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома

  1. Қисми 1 хориҷ карда шуд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  2. Мақоми иҷозатномадиҳанда қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатномаро дар мӯҳлати на зиёда аз си рӯзи расидани аризаи довталаби иҷозатнома бо тамоми ҳуҷҷатҳои лозима қабул мекунад. Қарори мазкур бо фармони мақоми иҷозатномадиҳанда ба расмият дароварда мешавад.
  3. Мӯҳлати нисбатан кӯтоҳтари қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад.
  4. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки довталаби иҷозатномаро аз қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома дар мӯҳлати мазкур огоҳ намояд.
  5. Хабарнома дар бораи додани иҷозатнома дар шакли хатти ба довталаби иҷозатнома бо қайди реквизити суратҳисоби бонки ва мӯҳлати пардохти ҳаққи иҷозатномагири фиристонида (супорида) мешавад.
  6. Хабарнома дар бораи надодани иҷозатнома ба довталаби иҷозатнома бо нишон додани сабабҳои радкуни (супорида) фиристонида мешавад.
  7. Мақоми иҷозатномадиҳанда баъди се рӯзи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳиро пешниҳод кардани довталаби иҷозатнома ба иҷозатномадор ҳуҷҷатеро, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ мекунад, бепул медиҳад.
  8. Иҷозатномадор ба гирифтани дубликати ҳуҷҷати мазкур бо пардохти маблағ ҳуқуқ дорад, ки он бо маблағи пардохт барои аз нав ба расмиятдарории ҳуҷҷате, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ мекунад, баробар аст.
  9. Асосҳои надодани иҷозатнома инҳо мебошанд:

– агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи довталаби иҷозатнома дорои маълумоти нодуруст ё ғалат бошад;

– агар довталаби иҷозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иҷозатномадиҳи номувофиқ бошанд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи мақомоти дахлдор ҷиҳати мутобиқати шароити фаъолият ва талаботи ба онҳо пешбинишаванда хулосаи манфи дода шуда бошад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

  1. Ҳаҷми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иҷозатнома истеҳсол мекунад (баҷо меоварад) ё истеҳсолашро (баҷо оварданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иҷозатнома асос шуда наметавонад.
  2. Довталаби иҷозатнома ҳуқуқ дорад нисбати надодани иҷозатнома аз тарафи мақоми иҷозатномадиҳанда ё барои бефаъолиятии вай ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 11. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунад

Дар қарор оиди додани иҷозатнома ва ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани онро тасдиқ мекунад, инҳо нишон дода мешаванд:

– номи мақоми иҷозатномадиҳанда;

– барои шахси ҳуқуқи – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқи, суроғаи ҳуқуқи ва маҳалли ҷойгиршавии он;

– барои соҳибкори инфироди – ному насаб, ҷои истиқомат, маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад;

– намуди фаъолияти иҷозатномадодашаванда;

– рақами бақайдгири, рӯз ва мӯҳлати амали иҷозатнома;

– рақами мушаххаси (идентификатсионии) андозсупоранда;

– рақами иҷозатнома;

-рӯзи қабул кардани қарор оиди додани иҷозатнома.

Моддаи 12. Аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамояд

  1. Дар ҳолати дигар шудани шахси ҳуқуқи, тағйир ёфтани ном ё маҳалли ҷойгиршави ва ё тағйир ёфтани ном ё ҷои истиқомати соҳибкори инфироди, иҷозатномадор – шахси ҳуқуқи «(вориси ҳуқуқии ӯ) ё соҳибкори инфироди ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима кунад, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд (Қонун №195 аз 28.07.06с.).
  1. Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳое, ки мавҷуд будани иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иҷозатномадиҳанда ба феҳристи иҷозатнома тағйиротҳои дахлдор медарорад. Ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти иҷозатномаро тасдиқ менамоянд, дар давоми даҳ рӯзи аризаи дахлдорро гирифтани мақомоти иҷозатномадиҳанда аз нав ба расмият дароварда мешаванд.
  2. Барои аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти иҷозатнома ба андозаи ду маоши ҳадди ақал музд ситонида мешавад. ки он ба буҷети давлати ворид мегардад.

Моддаи 13. Амали намудани назорат

  1. Назоратро аз болои иҷозатномадор оиди риоя намудани шарту талаботи иҷозатнома, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муайян гардидааст, мақоми иҷозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ба амал мебарорад.
  2. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад:

– ба шарту талаботи иҷозатномадиҳи мувофиқ будани мавзӯи фаъолияти иҷозатномадорро бисанҷад;

– дар асоси натиҷаи санҷиш санад (протокол) тартиб дода, дар он вайронкунии мушаххасро нишон диҳад;

– иҷозатномадорро огоҳ намояд ва қарорҳое барорад, ки иҷозатномадорро барои ислоҳи камбудиҳо ӯҳдадор созад, мӯҳлати рафъи чунин вайронкориҳоро муқаррар намояд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

  1. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ надорад оиди мавзӯъҳое, ки ба салоҳияти дигар мақомоти ҳокимияти давлати дахл доранд, санҷиш гузаронад.

Моддаи 14. Боздоштани иҷозатнома ва бекор кардани амали иҷозатнома

  1. Қисми 1 хориҷ карда шуд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  2. Мақоми иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани камбудиҳо ё шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иҷозатномадор амали иҷозатномаро боздорад.

Боздоштани амали иҷозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истиснои, агар ин барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногени, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо дигар роҳҳо имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

  1. Мақоми иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки мӯҳлати аз ҷониби иҷозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иҷозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ накарда бошад, мақомоти иҷозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроҷиат намуда, бекор кардани иҷозатномаро талаб намояд.
  2. Иҷозатномадор ӯҳдадор аст мақоми иҷозатномадиҳандаро аз бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, хатти хабардор намояд. Мақоми иҷозатномадиҳандае, ки амали иҷозатномаро боздоштааст, оиди барқарор намудани амали он қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба иҷозатномадор дар давоми се рӯзи баъди хабардор шуданаш ва санҷидани хатогиҳое, ки иҷозатномадор онро бартараф кардааст ва он боиси боздоштани амали иҷозатнома гардидааст, ба таври хатти хабар медиҳад. Мӯҳлати иҷозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои барқарор кардани амали он маблағ ситонида намешавад.
  3. Қисми 5 хориҷ карда шуд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  4. Мақомоти иҷозатномадиҳанда метавонанд иҷозатномаро дар мавриди аз тарафи иҷозатномадор дар давоми понздаҳ рӯз напардохтани ҳаққи иҷозатнома бекор кунанд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  5. Агар иҷозатномадор шарту талаботи иҷозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонуни, саломатии шаҳрвандон, дифоъ ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур иҷозатнома бо қарори суд дар асоси аризаи мақоми иҷозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иҷозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад зимни ба суд додани ариза амали иҷозатномаи мазкурро то рӯзи ба ҳукми қонун даромадани қарори суд боздорад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  6. Қарори боздоштани амали иҷозатнома, бекор кардани иҷозатнома ва ё ба суд фиристодани аризаро оиди бекор кардани он мақомоти иҷозатномадиҳанда бо далелҳои асоснок баъди се рӯзи қабул шуданаш ба иҷозатномадор хатти хабар медиҳад.
  7. Нисбати қарори боздоштани амали иҷозатнома ва бекор кардани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби суди шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 14.1. Қатъ гардидани амали иҷозатнома

Амали иҷозатнома дар ҳолатҳои барҳамдиҳии шахси ҳуқуқи ва қатъ гаштани амали шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлати шахси воқеи ба сифати соҳибкори инфироди, ба қувваи қонун даромадани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани амали иҷозатнома, ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатнома, инчунин дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор қатъ карда мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 15. Бурдани феҳристи иҷозатномаҳо

  1. Мақоми иҷозатномадиҳанда феҳристи иҷозатномаҳо мебарад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  2. Дар феҳристи иҷозатномаҳо ғайр аз маълумотҳое, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:

– маълумот оиди бақайдгирии иҷозатнома дар феҳристи иҷозатномаҳо;

– асосҳо ва санаи боздоштан ва барқарор кардани амали иҷозатнома;

– асос ва санаи бекор кардани амали иҷозатнома;

– маълумотҳои дигаре, ки дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муайян карда шудаанд.

  1. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда, барои шиносонидани шахсони воқеи ва ҳуқуқи кушода аст.
  2. Маълумоти дар феҳристи иҷозатномаҳо буда дар бораи иҷозатномадори мушаххас дар шакли иқтибос ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи бо пардохти маблағ дода мешавад. Андозаи пардохти маблағ барои додани чунин маълумот як маоши ҳадди ақалро ташкил медиҳад ва ба буҷети давлати гузаронида мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  3. Қисми 5 хориҷ карда шуд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  4. Маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо ба мақомоти ҳокимияти давлати бемузд дода мешавад.
  5. Мӯҳлати додани маълумот аз феҳристи иҷозатномаҳо баъди қабули аризаи дахлдор набояд аз се рӯз зиёд бошад.

Моддаи 16. Маблағгузории иҷозатномадиҳи ва пардохти ҳаққи иҷозатнома

  1. Иҷозатномадиҳи дар доираи маблағи аз буҷети дахлдор барон хароҷоти мақомоти иҷозатномадиҳи ҷудогардида маблағгузори мешавад.
  2. Барои баррасии ариза оид ба додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи чор ҳадди ақали музди меҳнат ва ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад, ки онҳо пас гардонида наметаванд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  3. Барои додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳ ҳадди ақали музди меҳнат ҳақ пардохта мешавад. Андозаи ҳаққи додани иҷозатнома барои намудҳои фаъолияти дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳар намуди фаъолият дар Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муайян мекунад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  4. Маблағҳои пардохтҳои ҳаққи иҷозатнома ба буҷети давлати гузаронида мешаванд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  5. Ҳангоми дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома аз довталаб маблағи ба ҳаққи иҷозатномадиҳи баробар ситонида мешавад.

Дар сурати мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 8 Қонуни мазкур кам кардани мӯҳлати амали иҷозатнома маблағи пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳи мутаносибан ба мӯҳлати амали иҷозатнома кам карда мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 17. Номгӯи намудҳои фаъолияте, ки барои амали намудани онҳо иҷозатнома зарур аст

Мутобиқи Қонуни мазкур барои намудҳои зерини фаъолият иҷозатнома зарур аст:

– фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои рақамии имзои электрони, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои рақамии электрони, хизматрасони вобаста ба истифодаи имзоҳои рақамии электрони ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои рақамии электрони;

– фаъолият оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои махфи қабул намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техники таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);

– фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли намудҳои маълуми воситаҳои ҳифзи маълумоти махфи;

– фаъолият оид ба ҳифзи техникии маълумоти махфи;

– фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои махсуси техникие, ки барои ба даст овардани иттилооти махфи истифода бурда мешаванд, фурӯши ин воситаҳо ва инчунин хариди онҳо бо мақсади фурӯш дар ҳолатҳое, ки ин намудҳои фаъолият аз тарафи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқии ба соҳибкори машғулбуда амали гардонида мешаванд;

– фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакори муҳофкзатшаванда, аз ҷумла қоғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур;

– фаъолият оид ба фурӯши яроқи ғайринизоми ва хизмати, қисмҳо ва лавозимоти он;

– фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардори (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);

– фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химияви доранд;

– фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроҷи нафт, газ, ангишт ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафти ва гази;

– фаъолият оид ба нигоҳдори ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);

– фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетики (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);

– фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноати;

– фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдори, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноати;

– фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти тарфгари (пиротехники), ки ба кадастри давлатии заводи тарканда дохил шудаанд;

– фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгири кардани биною иншоотҳо;

– фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);

– фаъолият оид ба корҳои лоиҳакаши ва тадқиқоти, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла васеъкуни, азнавсози, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда;

– фаъолият оид ба корҳои лоиҳакаши ва тадқиқоти, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншоотҳои роҳ;

– фаъолият оид ба корҳои маркшейдери;

– фаъолияти геодези ва харитасози;

– фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷи ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷи ва геофизики;

– фаъолияти фарматсевти (тайёр ва истеҳсол кардани дорувори ва воситаҳои косметики, истеҳсоли молу техникаи тибби, фурӯши дорувори ва молҳои тибби, истеҳсол ва фурӯши ғизои иловагии табобатию профилактики);

– фаъолияти хусусии тибби;

– фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тибби (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин кор барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад);

– фаъолият бо истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда;

– фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизатсиони;

– фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илми, ҳамчунин ташкили воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропи;

– фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот);

– фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

– фаъолияти истифодаи моддаҳои радиоактиви;

– фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти ҳавои;

– фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти автомобили;

– фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анҷом дода шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);

– фаъолият оид ба хизматрасонии техники ва таъмир дар нақлиёти автомобили ва роҳи оҳан;

– фаъолияти терминалҳои мусофиркашони ва боркашони;

– фаъолият оид ба хизматрасонии техники ҳангоми парвози нақлиёти ҳавои;

– фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавои;

– фаъолият оид ба ҷамъовари, истифода, безараргардони, кашонидан ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок;

– фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории тотализаторҳо ва қиморхонаҳо;

– фаъолияти баҳодиҳи (нархгузори);

– фаъолияти туристи;

– фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга;

– фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– фаъолияти аудитори;

– фаъолияти ломбардҳо;

– фаъолият дар соҳаи биржа;

– фаъолияти суғуртави;

– фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок;

– фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамоку;

– фаъолияти хусусии байтори;

– фаъолияти адвокатҳои ваколатдор;

– фаъолияти соҳаи маориф (ба истиснои муассисаҳои давлатии таълими томактаби ва таҳсилоти умуми (ибтидои, умумии асоси ва миёнаи умуми);

– фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо);

– фаъолияти кормандони масъули патенти;

– фаъолияти соҳаҳои телевизион, радиошунавони ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали;

– фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамои, хизматрасони ва таъмири таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

– фаъолият оид ба ҷамъовари ва тайёр намудани ашёи хоми дорувори;

– фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 18. Номгӯи махсуси намудҳои фаъолияте, ки барои амали намудани онҳо иҷозатнома зарур аст

  1. Тибқи Қонуни мазкур тартиби махсуси иҷозатномадиҳи намудҳои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:

– фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонки;

– фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷи;

– фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;

– фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи;

– фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризамини;

– фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд;

– фаъолият, кор ва хизматрасони дар соҳаи истифодаи энергияи атом.

  1. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонки ва амалиёт бо асъори хориҷи бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонки, танзими асъор ва назорати асъор ба танзим дароварда мешавад.
  2. Номгӯи намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашавандаро танҳо дар ҳолати даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур тағйир додан мумкин аст. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 18.1. Амали санадҳои ҳуқуқии байналмилали

  1. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари иҷозатномадиҳи ё намудҳои дигари фаъолияти иҷозатномадодашаванда муқаррар гардида бошанд, ин санадҳои ҳуқуқии байналмилали мавриди амал қарор дода мешаванд.
  2. Иҷозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти мавҷуд будани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоикистон, ки дар онҳо ин ҳолат қайд гардидааст, эътироф карда мешаванд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 18.2. Додани иҷозатнома дар асоси озмун

Иҷозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи ва фаъолияти истифодаи сарватҳои зеризамини метавонанд дар асоси озмун дода шаванд. Тартиби гузаронидани озмунро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 19. Қоидаҳои гузариш

  1. Қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби иҷозатномадиҳиро танзим менамоянд. дар қисмате, ки ба Қонуни мазкур мухолифат надоранд, амал мекунанд.
  2. Иҷозатномадиҳи ба намудҳои фаъолияте, ки дар моддаҳои 17 ва 18 зикр наёфтаанд, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур қатъ мегардад.
  3. Иҷозатномаҳое, ки пеш аз интишори расмии Қонуни мазкур дода шудаанд, то мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда эътибор доранд.

Моддаи 20. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 21. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Э. Раҳмонов

ш. Душанбе, 17 майи соли 2004,

№ 37