Тоҷикистон ва Қазоқистон Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро ба имзо расониданд

Навид Хабарҳои расмӣ

Тоҷикистон ва Қазоқистон Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймониро ба имзо расониданд

22 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон»-ро ба имзо расониданд.

Сарвари давлати мо аҳамияти таърихии имзои «Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон»-ро махсус таъкид намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки «ин санади муҳим, бешубҳа, дар таърихи ҳамкории ду давлат саҳифаи нав мекушояд ва боварӣ дорам, ки заминаи мустаҳками шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо хоҳад шуд».

Бояд ёдовар шуд, ки ба ин монанд санад моҳи январи соли 1993 таҳти унвони «Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон» зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон ба имзо расида буд. 14 сентябри соли 2015 Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид, ки дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба – эҳтироми мутақобили истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ ва кӯшиши ҷонибҳо барои амаласозии робитаҳои мутақобилан судманди шарикии иқтисодӣ муайян шуданд.

Қазоқистон яке аз шарикони ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, муносибатҳо дар заминаи ҳамсоягии нек, ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории иттифоқӣ густариш меёбанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳама сатҳҳо ҳамеша муколамаи муфид ва эътимодбахши сиёсию иқтисодии байнидавлатиро нигоҳ дошта, дар чаҳорчӯби муҳимтарин сохторҳои байналмилалӣ ҳамкории пурсамар доранд ва дар таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба дар Осиёи Марказӣ саҳми муштарак мегузоранд.

22 август зимни мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карда шуд, ки Қазоқистон дар байни шарикони тиҷоратии Тоҷикистон мақоми пешсаф дошта, нишондиҳандаҳои гардиши мол байни ду мамлакат дар ҳоли афзоиши устувор қарор дорад. Чунончӣ, ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат дар шашмоҳаи якуми имсол нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  20 фоиз афзудааст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳаҷми гардиши молро то ба 2 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.