На фақат сайр: интернети мобилӣ барои чӣ лозим аст?
Операторони алоқа доимо бастаҳои трафики интернетро дар тарофаҳои худ зиёд мекунанд. Муштариёни пешрафтаро ин танҳо хушҳол менамояд. Лекин ҷонибдорони алоқаи мобилии “классикӣ” бошанд, на ҳамеша дарк мекунанд, ки ин қадар мегабайтҳо барои чӣ лозиманд. Дар ин миён қайд бояд кард, ки ҳисоб аллакай на бо мегабайтҳо, балки бо гигабайтҳо меравад. Биёед бубинем, чӣ тавр метавон интернетро бар фоидаи худ истифода намуд.
Почтаи электронӣ
Воситаи бисёр зарурӣ: бо ёрии чунин барномаҳо, ба монанди Outlook метавон ба тарви дурдаст бо ҳуҷҷатҳо кор бурд, онҳоро тариқи смартфон дар дилхоҳ нуқтаи олам мувофиқа намуд. Лекин e-mail на танҳо ба кормандони идора лозим аст. Масалан, сокинони ҷамоатҳо метавонанд бо ёрии почтаи электронӣ аризаҳоро ба мақомоти давлатӣ равона карда, ҷавобҳо ба даст оранд. Почтаи шахсӣ барои бақайдгирии худ дар маркетплейсҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ лозим меояд.
Видеоконфронсҳо
Тавассути Zoom, Telegram, MegaFon Meet ва платформаҳои дигар метавон маҷлисҳои корӣ доир намуд. Сарфаи секарата мебарояд: зарур намеояд, ки вақт, маблағ барои чиптаҳо ва маводи сӯзишвориро сарф намуда, ба офлайн-маҷлиси дар маркази ноҳия ё вилоят доиршаванда ҳозир шуд. Ҳатто дар ҷои кор назди компютер ҳузур доштан ҳатмӣ нест – масалан шахси дар сафари хизматӣ қарордошта метавонад ба конфронс аз мошин ё қатора ҳамроҳ шавад.
Кори муштарак дар интернет
Ба шарофати онлайн-хизматрасониҳо ҳамон як файл якбора ба якчанд истифодабарандагон дастрас хоҳад шуд. Барои ҳуҷҷатҳои матнӣ, ҷадвалҳо, муаррифиҳо, масалан, Google Docs, барои дизайни графикӣ Figma пешбинӣ шудааст. Бо ёрии воситаи дуюм метавон ҳамон муаррифиҳоро омода карда, таҳрир намуд, баннерҳои интернетӣ ё интерфейсҳои сомонаҳоро тайёр кард.
Видеои мобилӣ
Онлайн-кинотеатрҳо ва видеохостингҳо барои тамошои филмҳо, барномаҳои телевизионӣ ва наворҳои кӯтоҳ имкон дода, дар баробари ин, ба миқдори зиёди контенти дигар дастрасӣ пешниҳод менамоянд. Ҳамин тариқ, дар роҳи дароз Шумо имкон пайдо мекунед, ки силсилафилмро пурра тамошо кунед.
Мағозаҳои интернетӣ
Молу ашёҳоро метавон аз “Алибобо”, “Анор”, “ОВВО” ё “ТМТ”, Wildberries, маркетплейсҳои маъруфи чинӣ дар Тоҷикистон – Pinduoduo.com, Taobao.com ва AliExpress фармоиш дод. Ҳамаи чизҳо, ҳатто чизҳоеро, ки дар мағозаҳои оддӣ дида намешаванд, метавон тариқи онлайн харидорӣ намуд. Баъзе мағозаҳои интернетӣ молро ҳатто ба ҷойҳое мебаранд, ки дар онҳо нуқтаҳои додани молҳояшон мавҷуд нест.
Геолокатсия
Навигаторҳо ҳамчун намуди алоҳидаи гаҷетҳо аллакай дар гузашта монда истодаанд. Барои сохтани хатсайр, назораткунии реҷаи суръат, пайдонамоии маълумот дар бораи корҳои роҳ ва ёфтани суроғаҳои лозимӣ танҳо смартфон бо онлайн-харитаҳо ва хизматрасониҳои фаъолкардашудаи геолокатсия кифоя мебошад.
Таҳсил тариқи интернет
Дар шабака ҳама гуна барномаҳои омӯзишӣ мавҷуд ҳастанд. Метавон психология ё маркетингро омӯхт, IT ё забони хориҷиро ба тариқи гузаштани онлайн-дарсҳо бо соҳибзабонон аз ИМА ё Фаронса аз худ намуд. Дар фасли тобистон хоҳиши дар хонаи гарм нишастан нест? Дар боғ ё соҳили дарё омӯзишро идома диҳед. Барои дар дилхоҳ нуқтаи Тоҷикистон ба даст овардани малакаҳои серталаби касбӣ кофист, ки танҳо смартфон ва интернет дошта бошед.
Ҷустуҷӯи кор
Дар пайдо кардани кор сомонаҳои ширкатҳои тоҷикӣ ва агентиҳои кадрӣ, порталҳои калони сатҳи hh.ru-и Русия кӯмак менамоянд. Ин аз зангҳои пай дар пай ба корфармоёни эҳтимолӣ ё аз идора ба идора гаштан ба маротиб қулайтар аст.
Ҷойгиркунии эълонҳо
Дар чунин манбаъҳо, ба монанди Somon.tj ва lalafo.tj метавон на танҳо эълонҳоро оид ба ҷустуҷӯи кор ҷойгир намуд. Амволи ғайриманқул, техникаи маишӣ, мошин фурӯхтанӣ ҳастед ё устои сантехник мекобед – интернет кӯмак мерасонад.