Баргузории нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти алоқа дар нимсолаи якуми соли 2024
Имрӯз, 24-уми июл соати 08:00 дар бинои нави Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 “Дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма”, нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дарнимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид.
Дар он муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлуддин Муртазозода, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Хадамот, корхонаҳои сертобеи хадамот, раҳбарияти ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ карда, бо доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорону журналистон ва таҳлилгарон мубодилаи афкор намуданд.
Нишастро муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлуддин Муртазозода ифтитоҳ намуда, дар оғоз ба рӯзноманигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар давраи ҳисоботӣ ба таври мухтасар маълумот дод.
Дар қисмати дигари нишасти матбуотӣ ба суолҳои рӯзноманигирон аз ҷониби муовини Сардори Хадамот ва дигар масъулини соҳа посухҳои мушаххас дода шуд.