Суҳбат дар баландӣ

Навид

Суҳбат дар баландӣ

Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мулоқот намуданд

Зиёда аз 50 муштарӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Хоруғ ширкат варзиданд. Зимни он ба сокинони ВМКБ доир ба хизматрасонӣ ба мизоҷон, инкишофи шабака ва таъмини сифати баланди алоқа дар минтақаи аз ҳама баландкӯҳи кишвар, ки дар он анҷоми корҳои бунёдгузорию сохтмонӣ ниҳоят мушкил аст, маълумот расонида шуд.

“Қаблан ман умуман фикр намекардам, ки ҳангоми анҷоми занг чӣ ба амал меояд. Шумо рақамро мегиред ва ҳамагӣ пас аз якчанд сония ба шумо аз гӯшаи дигари кишвар ё аз худи хориҷа ҷавоб медиҳанд. Имрӯз ба мо фаҳмониданд, ки то чӣ андоза сигнали алоқа дар ин ҳангом “роҳи душворро тай мекунад”. Вохӯрӣ хеле муфид буд. Агар муштариён доир ба тарзи фаъолияти шабакаи мобилӣ маълумоти кофӣ дошта бошанд, саволҳои зиёд низ ба миён намеоянд. Шахсан ман акнун аз он, ки ҳамсӯҳбатам сонияе дертар ба занг ҷавоб медиҳад, нигарон намешавам”, – аз таассуроти худ сухан мегӯяд сокини Хоруғ Афзалшоҳ.

Барои иштирокчиён шунидани маълумот доир ба он, ки чӣ тавр оператор шабакаро дар баландии кӯҳҳо бунёд менамояд, хеле ҷолиб буд. Дар Помир роҳҳо каманд ва баъзан зарур меояд, ки таҷҳизот ба ҷои лозимӣ бо чархбол расонида шавад. Барои беҳтар намудани сатҳи фарогирӣ дар нуқтаҳои хурди аҳолинишин бошад, хатҳои нахӣ-нурии алоқа аз паҳлуи кӯҳҳо, ки ба сигнали пойгоҳҳои базавӣ дар қишлоқҳои ҳамсоя монеъ мешаванд, гузаронида мешаванд.

“Вақте чунин тафсилотро намедонӣ, ба назар ҳамааш хеле осон менамояд. Лекин дар асл алоқаи босифат захираҳои зиёди ҳам молиявӣ ва ҳам инсониро тақозо мекунад”, – мегӯяд сокини шаҳри Хоруғ Умед.

Вақте сухан дар бораи хизматрасонӣ ба мизоҷон ронда шуд, барои иштирокдорон ҷолиб он буд, ки чаро МегаФон Тоҷикистон диққати асосиро ба онлайн-машваратҳо ҷалб менамояд. Намояндагони ширкат шарҳ доданд, ки бо ин усул метавон бе навбатҳои тӯлонӣ ба теъдоди бештари мизоҷон кӯмак расонид. Меҳмонон инчунин бо мароқи зиёд доир ба имконияти мустақилона ҳал кардани масъалаҳои мобилӣ маълумотро гӯш карданд.

“Ҳеҷ вақт дар фикри он набудам, ки замимаи “МегаФон Life” чӣ миқдор хизматрасониҳо дорад. Дар он ҳатто метавон тарофаҳоро иваз кард, тавозунро пур намуд ва тариқи “Ҳамён” маблағро интиқол дод. Яъне тамоми он кореро анҷом дод, ки барои ман одатан лозим меояд. Ҳаракат мекунам, ки замимаро беҳтар омӯзам, ин аз муроҷиаткунӣ бо ҳар масъала ба оператор ба маротиб осонтар аст”, – изҳор дошт сокини ноҳияи Шуғнон Ниёзбегим.

“Вохӯриҳо бо муштариён ба мо имкон медиҳанд, ки масъалаҳои аз ҳама нигаронкунандаи онҳоро бифаҳмем. Зеро паси ҳар савол вазифаест, ки мо бояд онро иҷро намоем, то ки доимо интихоби беҳтарини сокинони ВМКБ бимонем. Дар баробари ин, хеле муҳим аст, ки ба онҳо доир ба корҳои худ дар самти такмили сифати алоқаи овозӣ ва интернети мобилӣ дар минтақаи кӯҳӣ маълумот пешниҳод намоем. Сӯҳбати кушоду озод имкон медиҳад, ки якдигарро беҳтар бифаҳмем”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ВМКБ Раим Садоншоев.

Топ-менеҷерони ширкат вохӯриҳоро бо муштариён идома хоҳанд дод. Дар навбат – вилоятҳои Суғд ва Хатлон.