Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст

Мубориза бо терроризм Навид

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст

Дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавзеҳоти фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» яке аз ҳадафҳои эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан қонунҳои соҳаҳои алоҳида ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандӣ ва ташаккули тарбияи ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.
Тарбияи ватандӯстӣ аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ дар меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аркон ва арзишҳои тарбияи ватандӯстӣ: ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, тамомияти арзии давлат дар он таҷассуми худро ёфтаанд. Ва ҳамчун рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст.
Ҳамин масъалаи муҳим зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ қарор дошта, Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳо ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд.
Маҳз бо таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти сиёсии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар ин самт як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Бояд гуфт, ки 24 декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони ҷумҳурӣ ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.
Дар қонуни мазкур тарбияи на танҳо наврасону ҷавонон, балки кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста аз синну сол, касбу кор, мансабу вазифа, мансубияти қавмию динӣ, категорияи иҷтимоӣ, мавриди назар дошта, аз ҳама тақозо мешавад, ки дар заминаи меъёрҳои қонун дар иҷрои рисолати шаҳрвандӣ, қарзи фарзандӣ, масъулияти ватандории хеш ташаббусу фаъолияти судманд зоҳир намоянд.
Дар баробари ин, табиист, ки Тоҷикистон мамлакати ҷавонон – меросбарони ин марзу бум ба ҳисоб меравад. Андешидани тадбирҳои судманд, таҳкими заминаҳои меъёрию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ, фароҳамсозии шароити хуби иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ баҳри таҳсилу илмомӯзӣ, касбандӯзӣ, тахассусмандиву ташаккули ҳисси баланди шаҳрвандиву ватандорӣ ва соҳибдавлативу фарҳангсолорӣ дар онҳо кафолати бақои давлат ва сарафрозии мардум мебошад.
Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсияти сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, тавассути таълифоту суханрониҳо ва паёмҳои ҳамасола ҷомеаи мадании ҷумҳуриро пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд.
Чунончӣ аз суханрониашон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар (шаҳри Душанбе, 21.05.2021) бармеояд, Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумлаи мамлакатҳои дорои афзалияти ҷавонон буда, синну соли миёнаи аҳолии он 22,5 сол ва зиёда аз 70 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Маҳз ба ҳамин хотир Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Роҳбари давлат бо дарназардошти ин вазъ, дар асари гаронарзиши хеш «Уфуқҳои истиқлол» [Душанбе: «Ганҷ-нашриёт», 2018.- 436 саҳ.], ки фарогири моҳият ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз, касби эътибори баланди байналмилалии мамлакат ва некуаҳволии мардуми шарифамон дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, бо худогоҳии амиқи мардумӣ, ибораи «миллати куҳан ва давлати ҷавон»-ро ба кор мебаранд: «…вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, он на санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид. Ин аст, ки зимни андешаронӣ аз сарнавишти дирӯзу имрӯзи миллату давлати худ мо маҳз ибораи пурмазмуни «миллати куҳан ва давлати ҷавон»-ро ба кор мебарем, зеро достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзи мо маҳз ҳамин аст».
Имрӯз ҷомеаи мадании ҷумҳурӣ пай бурдааст, ки ниҳоли истиқлол дар сурате ба дарахти бузургу борвар табдил хоҳад ёфт ва меваи ширин хоҳад дод, ки ба нигоҳубин ва парвариши он пайваста таваҷҷуҳ дошта бошем. Яъне мо бояд ҳамеша барои густариш ва афзудани дастовардҳои истиқлол бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, дилсӯзиву масъулиятшиносӣ кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кӯшиши доимӣ намоем. Зеро фалсафаи ҳастӣ чунин аст ва таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолият дар қиёс бо ноил шудан ба он амри мушкилтар аст.
Асосҳои ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳандозӣ намудани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ҷомеа, хоса наврасону ҷавонон, марҳила ба марҳила тадбирҳо андешида, заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ин равандро бомаром фароҳам меоварад.
Қабули Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қабули ду санади муҳимму стратегӣ дар ин самт дар соли 2022 — «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» тадбирҳои саривақтиву судманд ва дархури ниёзҳои ҷомеаи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд.
Ҷараёни татбиқи барномаҳои вусъатдори давлатӣ оид ба ватандӯстӣ собит месозад, ки усулҳои нави кор бо насли ҷавон ва тадбирҳои самарабахш таҳия ва амалӣ карда шаванд. Барои он ки дар ниҳоди насли ҷавону навраси ҷумҳурӣ эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлатдории миллии хеш маскан гирад, онҳо қабл аз ҳама бояд аз забон, таърих ва фарҳанги пурғановату арзишмандамон огоҳии бештаре дошта бошанд. Бо ин назардошт, чунин муносибатҳо бевосита дар сатҳи санадҳои қонунгузорӣ ва барномавӣ давра ба давра муайян, муқаррар ва раванди мазкур ҷоннок карда шудааст.
Бо мақсади танзими ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян кардани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа, субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тақсимоти вазифаҳо дар байни мақомоти татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайянсозандаи масъулияти онҳо дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ зарурати қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор ҷой дошт.
Маврид ба таъкид аст, ки дар миқёси давлатҳои пасошуравӣ чунин лоиҳаи қонун танҳо дар Федератсияи Русия таҳия гардида, ҳанӯз дар баррасии Думаи Давлатии ин давлат қарор дорад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон қабул гардида, амал мекунад. Дар Туркманистон ва дигар ҷумҳуриҳо ин мавзуъ қисман дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла дар қонунҳо дар бораи маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон танзим гардида, қонуни алоҳидае қабул нашудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мувофиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳия ва пешниҳод шуда, зимни баррасӣ дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум 2 ноябри соли 2022 тасдиқ гардид.
Қабули қонуни мазкур, хусусан дар шароити мавҷудияти зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таассуби бегонапарастӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон ва вусъати саривақтии корҳо дар чаҳорчӯби танзими ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад. Он масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар инкишофи мамлакат, пос доштани манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд бардошта, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бавижа дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад.
Афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар он зоҳир мешавад, ки дар қонун ҷойгоҳи тарбияи ватандӯстӣ на танҳо аз диди хоси ҳуқуқӣ, балки бо фарогирии ҷанбаҳои иҷтимоиву фалсафӣ, сиёсиву идеологӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таҷассум ёфтааст. Ин ҳолатҳо бозгӯйи он ҳастанд, ки «тарбияи ватандӯстӣ» падидаи сирф ҳуқуқӣ набуда, аз нигоҳи илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода мешавад.
Маҳорати баланди фаъолияти қонунэҷодкунӣ дар ин соҳа ифодаи он аст, ки ҷанбаҳои мухталифи тарбияи ватандӯстӣ дар сатҳи қонуни мазкур инъикоси худро ёфтаанд. Аз ҷумла, дар он масъалаҳои тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва дигар ҷанбаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ мустаҳкам карда шудааст (Ниг.: https://khovar.tj).
Таҳлили меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» гувоҳ аст, ки бештари масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ ба таври мушаххас дар қонуни мазкур танзим гардида, ба санадҳои дигари қонунгузорӣ ҳавола намешаванд. Яъне 97 дарсади муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ бевосита дар қонун танзим шудааст. Танҳо барои татбиқи ин қонун қабули се санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ пешбинӣ мешавад. Аз ҷумла, як қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва ду қарори мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба муайян кардани воҳиди сохторӣ ва тартиби ташаккули феҳристи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур.
Дар ин раванд, дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мазкур қабул шуда, мувофиқи он Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Дар ин самт аллакай қарорҳои мақоми ваколатдор таҳия ва қабул гардидаанд.
Ин ҳолатҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки механизми татбиқи ин қонун пурра мавҷуд буда, аз мукаммал буданаш шаҳодат медиҳад. Ҳол он ки баъзе мушкилот дар қонунҳои соҳаҳои алоҳида ба мушоҳида мерасанд, ки дар натиҷа қабули санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқиро пешбинӣ менамоянд, аммо то ҳол қабул нагардидаанд. Қонуни мазкур бо дарназардошти бартарии зикршуда яке аз қонунҳои мукаммал ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, Тоҷикистони соҳибистиқлол мафҳуми тарбияи ватандӯстиро дар доираи қонун таҷассум намуда, барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли навраси солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Дар ин заминаи ҳуқуқӣ принсипҳои асосӣ ва умумии инъикоскунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳамчун ангезаи воқеӣ ва ҳадафмандона муқаррар гардидааст. Аз ҷумла:
– муносибати мураттаби ташкилӣ, ки ҳамоҳангии кори тамоми ташкилотҳои давлатию ҷамъиятиро оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар бар мегиранд;
– кори унвонию фардӣ бо шаҳрвандон, усул ва воситаҳои гуногуншакл, ки манфиат, майлу рағбат, сатҳи таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва ғайраро дар бар мегирад;
– гуногунҷабҳа ва алоқаманд будани самтҳои асосии тарбияи ватандӯстӣ, ки муносибати тому маҷмуии амалигардонии онҳоро дар бар мегиранд;
– ба назар гирифтани хусусиятҳои миллӣ, этникӣ-маданӣ ва хусусиятҳои дигар дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва арзишҳо, ки мазмун ва мундариҷаи ватандӯстиро муайян мекунанд;
– ошкор ва мустақилияти арзёбии натиҷаи иҷрои тадбирҳои ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нигарондашуда.
Танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар ин соҳа бевосита бо мақсади муқаррар намудани кафолатҳои давлатии механизмҳои амалигардонии ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои рушди низоми тарбияи ватандӯстӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои иштирокчиён равона мешавад. Бо ин назардошт, дар самти танзими ҳуқуқии муносибатҳо вазифаҳои мушаххас барои амалӣ сохтани раванди мақсадноку ҳадафмандонаи сиёсати давлатӣ муқаррар мегардад. Танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ низ вазифаҳои муайянро фаро мегирад:
– таҳия ва қабули заминаи ҳуқуқие, ки фароҳам овардани шароити фаъолияти озод ва рушди низоми тарбияи ватандӯстиро таъмин менамояд;
– фароҳам овардани кафолатҳои ҳуқуқӣ барои мутобиқ гардондани манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ;
– муайян намудани вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ;
– тақсим кардани ваколатҳо дар соҳаи тарбияи ватандӯстӣ байни мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракуниро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон амалӣ менамоянд.
Дар асоси қонуни алоҳида пешбинӣ гардидани ташаккул ва рушди раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, яъне таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи мазкур ҷиҳати такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва муайян намудани вазъи иҷтимоию ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайян кардани нақш, ҷой, масъала, вазифаи ҳар як мақоми ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамчун унсури таркибии системаи ягонаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, равона карда мешавад.
Тарбия дар қонун падидаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, психологӣ ва педагогӣ маънидод шуда, ки ҳамчун фаъолияти махсуси ҳадафмандона барои рушди шахс ва ворид шудани ӯ ба ҷараёни зиндагии воқеӣ ва бунёди ҳаёти маданӣ равона гашта, барои танзими ҳаёти инсон ва пешрафти ҷомеа хизмат менамояд.
Дар қонун Ватан бо мафҳуми «Тоҷикистон» айният дошта, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҳамчун ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамонест, ки мансубияташонро ба он шарти зарурии некуаҳволии худ медонанд, ташреҳ мешавад.
Ватандӯстӣ – муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, содиқона ба манфиати онҳо хизмат кардан ва ҳифзи онҳо аз душман маънидод шудааст.
Тарбияи ватандӯстӣ – фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон буда, барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронида шудааст.
Ҳамзамон дар қонун мафҳумҳои «тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ», «тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ», «ҳисси шаҳрвандӣ» мушаххас таъриф шудаанд, ки самтҳои муҳимму бунёдӣ ба ҳисоб рафта, фарогирии ҳамзамону муттасили шаҳрвандон, хоса наврасону ҷавонон ба ин навъи тарбия ва ташаккули ҳисси шаҳрвандӣ, сифатҳои олии ватандӯстиву хештаншиносӣ, эҳтиром ба калонсолону арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, илмомӯзиву тахассусмандӣ, меҳнатдӯстиву эҷодкорӣ, фаъолияти содиқонаву касбӣ, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ, далериву шуҷоат, матонату ҳусни тадбир дар онҳо баҳри баркамолрасонии насли ҳаматарафа солиму босалоҳият, меросбарони шоистаи давлатдории миллӣ, ватандорони ояндаи ин сарзамини аҷдодиву биҳиштосо аз мақсаду вазифаҳои асосии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ – зербинои устувору боэътимод барои камолоти насли солиму ватандӯст
Тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» маҷмуи тадбирҳое дониста шудааст, ки барои аз ҷониби шахс дарк намудани арзишҳои олӣ, ормонҳо, ҳадафҳо, раванд ва падидаҳои муҳимми иҷтимоӣ дар ҳаёти воқеӣ, қобилияти ба роҳбарӣ гирифтани онҳо ҳамчун принсипҳои муайянкунанда ва мавқеъ дар фаъолияти амалию рафтор – хизмати сазовор ба Ватан равона карда мешаванд.
Дар ҷаҳони муосир идеяву назарияҳои нав яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат ба шумор рафта, парвариши насли солиму ватандӯст, хушзавқу ихтироъкор дар руҳияи арзишҳои миллӣ ва истифодаи самараноки неруи зеҳнии онҳо кафолати таъмини рушди устувор ва пойдории ҷамъияту давлат мебошад. Дарки саривақтӣ ва хиради волои давлатдории Пешвои муаззами миллат аст, ки дар асари хеш «Уфуқҳои истиқлол» чунин таъкид намудаанд: «Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ аҳамияти хос касб карда, ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки ба омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар машғул шавад, таърихи халқи худро азбар намояд, Ватанашро чун ҷон дӯст дорад, арзишу суннатҳои милливу фарҳангиро эҳтиром кунад ва худогоҳу худшинос бошад».
Мулоқотҳои ҳамасолаи Пешвои муаззами миллат бо ҷавонони ҷумҳурӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонон (23 май), таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015), «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 ба рушду оммавигардонии соҳаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари ҷавонон ба ҳаёти сиёсии ҷомеа, баланд бардоштани майлу рағбати онҳо ба илмомӯзиву навоварӣ мусоидат намуданд. Дар ин раванд, бевосита таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат бо мукофотҳои калони пулӣ ва имтиёзҳои баланди соҳавӣ ташкил ва баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва ба ин васила дарёфту дастгирӣ кардани истеъдодҳои ҷавон, тақдими асари таърихии «Тоҷикон»-и устод Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи ҷумҳурӣ, бунёди инфрасохтори замонавии муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурӣ барои ҷавонон далели таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумат ба ин қишри пешбарандаи соҳаҳои хоҷагидории мамлакат, ояндаи миллату давлат маҳсуб меёбад.
Ҳифзи истиқлолияти миллӣ аз ҳифзи асолат, ҳувият, забон, расму оин, садоқату вафодорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ва риояи одобу ахлоқи миллӣ иборатанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи имрӯзаи мамлакатро зарур аст, ки арзишҳои фарҳангиву маънавӣ – амонату мероси гаронбаҳои аҷдодиро ба беҳтарин шакл ҳифз ва барои татбиқи босамари он дар ҳаёти иҷтимоӣ талош варзида, бо ҳусни тадбир ва равиши ҳасана ба ояндагон илқо созем.
Роҳбари давлат, бо дарназардошти пайомадҳои асри иттилооту рақамикунонӣ, дастрасии фаровони иттилооти таъйиноти гуногун, таъсири моҳвораву шабакаҳои бемаҳдуди иҷтимоӣ ба ахлоқи ҷавонону наврасон таъкид менамоянд: «Дар замоне ки таблиғи рафтори зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем ва бо истифода аз таҷрибаи нодири халқамон ба фарзандонамон адаб ёд диҳем».
Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ (28.12.2023) дар мавриди сиёсати давлатӣ оид ба мавқеи занону бонувон таваҷҷуҳ намуда, аз занону бонувон – модарони миллат самимона даъват ба амал оварданд, ки дар баробари иҷрои вазифаҳои мансабӣ ва уҳдадориҳои идорӣ, дар тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ватандӯстии фарзандони миллат, насли наврасу ҷавон, нури дидагону сурури қалби моён, ояндаи давлату миллат саъю талош, ҷидду ҷаҳди беш аз пеш ба харҷ диҳанд. «Дар ҳамин масъала кумаки шумо ба мо лозим аст» — гӯён бо оҳанги падари дилсӯзе, ки аз ҷигарбандонаш бо камоли меҳру ғамхорӣ хоҳиш ба амал меорад, ба занону бонувон муроҷиат карданд.
Ин муроҷиату таъкиди Пешвои миллат ишора ба он буд, ки агар модарони миллат бо қудрати сеҳрофари меҳри модарӣ, оғӯши гарму сурурбахши хеш фарзандонро дар масири ахлоқи ҳамидаву хулқу атвори наку роҳнамоӣ насозанд, бо лаҳни ширину гӯшнавоз ва аллаи дилнишин дурдонаҳои ахлоқу маънавиёт, зарурати покизагии сиришт, дилу нияти нек ва меҳнату заҳмати ҳадафмандона, ҳисси ватандӯстиву соҳибдавлатиро дар замири ҷигарбандони миллат коштаву давоми даҳсолаҳо парвариш накунанд, танҳо фаъолияти мактабу маориф ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ самараи мавриди назарро ба бор нахоҳад овард.
Бояд зикр кард, ки оила ҳамчун падидаи иҷтимоӣ объекти муҳимми ватандӯстӣ дониста мешавад. Шабоҳат додани миллат бо оила ҷузъи таркибии сиёсати миллӣ мебошад, ки аз бисёр ҷиҳат низоми арзишноки идеологияи миллӣ ва рамзҳои онро ифода менамояд. Муносибат бо волидайн шакли муқарраргардидаи муносибатҳои стандартии фард бо умумияти сиёсӣ мегардад. Агар ба таври қатъӣ гӯем, бе арзиши модарӣ/падарӣ арзиши Ватан вуҷуд надорад. Модар ва падар ҳамчун объекти меҳру муҳаббат ва ҳамчун рамзи дӯстоштанӣ бо ғояи ватандӯстӣ алоқамандии зич дорад.
Ҳамин тариқ, ватандӯстӣ инъикосгари муҳаббат ба Ватани хеш, алоқамандӣ бо таърих, фарҳанг, дастовардҳои он мебошад, ки бо ҷаззобият ва ҷудонопазирии нотакрор ва ивазнашавандагии худ асоси маънавӣ — ахлоқии шахсиятро ташкил медиҳад, мавқеи шаҳрвандии ӯ ва талабот ба хизмати фидокорона ва ҷоннисорона ба Ватанро ифода менамояд.
Маърифати ҳуқуқӣ василаи муҳимми баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон
Дар замони Истиқлол ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ба сифати ҳадафи муҳимтарини дигаргуниҳои куллии пайгирона дар Тоҷикистон идома ёфта, раванди амалигардонии ин ҳадаф дар ҷомеаи муосири тоҷикон ба густариши низоми сиёсӣ-ҳуқуқии он дар матнҳои бунёдии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шакли муайян даровардаву таҳким бахшида шуда, ба пешрафти маърифати ҳуқуқии ҷавонон таъсир гузошт.
Вобаста ба он, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар замони муосир аҳаммияти хоса пайдо менамояд, ки имконпазиран нухбагони зеҳнӣ ва маънивии ояндаи ҷомеа мебошанд.
Дар солҳои охир болоравии салоҳиятнокии ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида мешавад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои бунёдии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минҷумла, Конститутсия, кодексҳо ва амсоли онҳо зоҳир мегарданд. Бо назардошти ин дар ин соҳа тадбирҳои судманд маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ амалӣ шуданд.
Чуноне таъкид шуд, тарбияи ватандӯстӣ рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 1995 барномае қабул намуд, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ буд. Бо назардошти тақвият бахшидани ин ҷода ва бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт, қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005» қабул шуд, ки бо иҷрои он тадбирҳои судманд дар ҷумҳурӣ амалӣ гардиданд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Пеш аз ҳама, бояд сари ин проблема андеша намоем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бобақои худ, яъне Ватан ва Истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».
Барои амалӣ гардидани сиёсати Роҳбари давлат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» тасдиқ шуд. Мувофиқи қонуни ҳадафу вазифаҳое афзалият пайдо намуданд, ки иҷрои онҳо барои таҳкими Истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳаммияти калон дошт.
Бешубҳа дар шароити дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, ки ояндаро месозанд, тақозои замон мебошад. Бо андешаи он ки қувваи асосии ҷисмонии мамлакатро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани ҷабҳаҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба онҳо мувофиқи мақсад аст.
Дар мадди аввал қарор додани инсон ва захираҳои инсонию ахлоқӣ хоси ин сиёсатро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва ҳолати рушд, ҳамзамон, беш аз 70 дарсади аҳолиаш, ки насли ҷавонанд, татбиқи ин сиёсат хеле муҳим аст.
Табиист, ки омилҳои номатлуб дар байни насли ҷавон, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон ва танфурӯшӣ ҳаёти ҷамъиятиро халалдор намуда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид менамоянд. Татбиқи чунин сиёсати давлатӣ аз омилҳои асосии пешгирии амалҳои номатлуб дар ҳаёти ҷавонон мебошад.
Дар ҷаҳони муосир гузаштан ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ тақозои замон буда, аз як тараф, рушди иқтидори технологиву иттилоотии мамлакатро таъмин намояд, аз тарафи дигар, истифодаи воситаҳои технологияи иттилоотӣ ба мақсадҳои ғаразнок, паҳн намудани маводи номатлуб, мубодилаи иттилоот дар хусуси фаъолияти ташкилоти террористӣ, ҷалби ҷавонон ба ин ташкилот ба мафкура ва ҳаёти минбаъдаи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин шароит татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Ҳукумати Тоҷикистон пайваста барои амалӣ намудани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон тадбирҳои муассир меандешад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз 20 апрели соли 2012, таъкид карда буданд: «Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хеле назаррас мебошад. Раванди ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор месозад, ки ба ҳар падидаву ҳаводисе, ки дар мамлакатамон ва минтақаҳои мухталифи олам ба вуқуъ меоянд, баҳои воқеӣ дода, мавқеъ ва манфиати ватанамонро ҳимоя намуда тавонем».
Бо ин мақсад, якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул шуданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим доштанд. Барномаи маҷмуии давлатии махсусгардонидаи нақшавӣ ва бонизом барои ҷавонон дар сатҳи ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар алоҳидагӣ мунтазам давоми ҳар се сол, аз соли 1999 инҷониб таҳия ва амалӣ мегардад.
Баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 тасдиқ шудааст. Барнома бо назардошти дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва тавсияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буд.
Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири навбатӣ, яъне барои солҳои 2016-2018 таҳия гардид. Амалисозии он ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат мусоидат намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 таъкид намуданд, ки «Давоми беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ мешаванд». Аз ҷумла, 24 декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонун барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони мамлакат ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккули насли наврасу ҷавони солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Қабул ва татбиқи ин санади қонунгузорӣ дар сатҳи мақоми олии қонунгузори мамлакат «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хотири таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи ин раванд буда, ҷалби неруи зеҳниву ақлӣ ва ҷисмонии ҷомеаи мадании мамлакатро таъмин намуда, самараи дилхоҳ медиҳад. Ҳамзамон ин омил ба талаботи таъхирнопазири замон ҷавобгӯ мебошад.
Афзалияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» боз дар он ифода меёбад, ки на танҳо ба ҷавонон, балки ба кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, новобаста аз синну сол ва касбу кор равона гардидааст. Вале, дар дар меҳвари сиёсат ҷавононанд.
Ин ҳолатҳо беҳуда нест, зеро мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2022 аз шумораи умумии аҳолӣ, 33 фоизи онро ҷавонони 14-30-сола ташкил медиҳад ва дар 20 соли охир шумораи ҷавонон 33 фоиз зиёд гардидааст. Инчунин тибқи омори мавҷуда 97 фоизи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил менамоянд.
Вобаста ба ин, метавон хулоса намуд, ки барои татбиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (махсусан, моддаи 43), ки дар арафаи таҷлили 30-солагии қабули он қарор дорем, қабули қонуни мазкур муҳим ва саривақтӣ маҳсуб меёбад. Мо боварии комил дорем, ки амалигардонии меъёрҳои қонуни мазкур барои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҳидоят ба ояндаи неки давлатдорӣ ва таъмини арзишҳои миллӣ, пойдории давлатдорӣ мусоидат менамояд.
Дар ин радиф, қабул ва татбиқи «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 30 апрели соли 2021, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз 30 декабри соли 2021, «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 аз 29 декабри соли 2022 ва амсоли ин низ дар тарбияи ватандӯстии насли наврас ва боло рафтани маърифати ҳуқуқии онҳо мусоидат карда истодааст.
Лозим ба таъкид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи баланд бардоштан ва амалӣ намудани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ду усули мантиқиро истифода кардаанд:
а) тарғиботу ташвиқот ба хотири аз лиҳози равонӣ омода намудани ҷавонон ва ҷомеа барои пазироии падидаи маърифати ҳуқуқӣ;
б) усули фаҳмондадиҳӣ барои шарҳи ниҳоди маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади қавигардонии ҳувияти ҳуқуқписандии ҷавонон.
Ин ду усул, дар роҳи амалӣ гаштани барномаву консепсияҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи содиршавии ҷиноят дар байни ҷавонон нақши асосиро иҷро менамояд.
Бо зикри андешаҳо, ба назари мо, дар ҳоли ҳозир маърифати ҳуқуқии ҷавонон бояд ба татбиқи маҷмуи ҳадафҳое равона карда шавад, ки дар санадҳои болозикр инъикос ёфтаанд. Санадҳои зикршуда, моҳиятан тарзе амалӣ карда мешаванд, ки аксарияти мутлақи ҷавонон ба рафтори фаъоли иҷтимоӣ мутамоил гардида, рафторе, ки ба дарки амиқи асоснокӣ, адолатнокӣ ва мувофиқи мақсад будани меъёрҳои ҳуқуқ асос ёфтааст ва фаъолияти шахсро баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва решакан намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар назар дорад, нигаронида шудаанд.
Дар ин замина, баҳри татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» роҳандозӣ намудани чорабиниҳои зерин аз ҷониби олимон, омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад:
– дар муҳлати наздиктарин таҳия ва нашри тафсири илмию оммавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»;
– новобаста аз низоми таҳсил ва предмети дарсӣ ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки панҷ дақиқаи аввали дарси худро ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносӣ ва тарбияи ватандӯстии донишҷӯён равона намояд;
– ба роҳ мондани ташкил ва баргузории барнома ва видероликҳои пурмазмун аз ҷониби омӯзгорону кормандони донишгоҳ тавассути Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
– тавассути воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, махсусан телевизион ва радиои ҷумҳурӣ бо иштироки олимон, омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ ташкил намудани барномаҳои алоҳида дар мавзуи «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»;
– ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмию оммавӣ дар шакли конференсияҳо, мизҳои мудаввар, машварату вохӯриҳо, инчунин озмуну олимпиадаҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва солимгардониву варзишӣ дар пасманзари баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон;
– дар раванди шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар баробари ҳуқуқшиносон, инчунин мутахассисони соҳаҳои илмҳои иҷтимоиву фалсафӣ, сиёсиву идеологӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ, яъне сиёсатшиносон, философҳо, филологҳо, таърихшиносон ва амсоли ин ҷалб карда шаванд;
– аз ҷониби аспирантону унвонҷӯёни илмҳои ҷомеашиносӣ (ҳуқуқшиносӣ, фалсафа, сиёсатшиносӣ, таърих, педагогикаву филология ва ғайра) интихоб ва таҳияи рисолаҳои илмӣ бевосита атрофи масъалаҳои худшиносии миллӣ, меҳандӯстӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон;
Хулоса. Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар Ватани азизу маҳбуби мо – ҷумҳурии ормонии ҳазорсолаи ниёи ватандӯсту озодихоҳ, бо дарназардошти вазъи сиёсии бисёр мураккаб ва ҳассоси минтақа ва ҷаҳон, чолишҳои пайваста ва аксаран, пешгӯинашавандаи раванди ҷаҳонишавӣ, бо фарогирии мафҳумҳои «тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ», «тарбияи шаҳрвандӣ-ватандӯстӣ», «тарбияи меҳнатдӯстӣ», «тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ» шарти асосии таъмини истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, якпорчагиву тамомияти арзӣ, амнияти комили давлат, таҳрики соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини рушди устувор, татбиқи механизмҳои иқтисоди «сабз» ва дар маҷмуъ, бақои давлату давлатдории миллист.
Қабул ва татбиқи санади қонунӣ дар сатҳи мақоми олии қонунбарори мамлакат «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати таъмини заминаҳои ҳуқуқӣ ва танзимкунандаи ин раванди фарогир, ки танҳо бо сафарбаршавии неруи зеҳниву ақлӣ ва ҷисмонии тамоми аъзои ҷомеаи мадании ҷумҳурӣ самараи дилхоҳ хоҳад дод, гӯёи талаботи таъхирнопазири замон будани он аст.
Мутмаинем, бо татбиқи босамари ин санади муҳимми давлатдорӣ, бо парвариши насли ҳаматарафа обутобёфтаву баркамол, бо афкори солиму созанда, соҳибони ғояҳои ватандӯстиву соҳибдавлатӣ, фарзандони шоистаи замон, нухбагони касбу кори гуногун, меросбарони бошарафи сарзамини фарзонагон, пояҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ, амнияту суботи сартосарӣ устувор монда, масоили ҷойдоштаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ марҳила ба марҳила бартараф, ҳадафҳову нақшаҳои стратегӣ ҳосил ва Тоҷикистони маҳбуби мо дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон зевари харитаи сиёсии олам хоҳад буд.
Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон