Суғдиҳо дар бораи тарофаи “Диёр 50” чӣ мегӯянд?
Имконияти пардохти нисфи нархи алоқаи мобилӣ дар давоми шаш моҳи пурра – муштариёни нави ширкати «Анор» онро пайдо карданд. Пешниҳоди махсус барои сокинони вилояти Суғд эътибор дорад. Ҳангоми пайвасткунии тарофаи «Диёр 50» дар нимсоли аввал он дар як моҳ ҳамагӣ 25 сомонӣ арзиш дорад. Бо ин нарх ба муштарӣ зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 600 дақиқа занг ба дилхоҳ рақамҳои Тоҷикистон, 8000 МБ ва интернети бемаҳдуди шабона аз соати 00:00 то 06:59 дастрас мегарданд. Танҳо аз моҳи ҳафтум маблағи абонентӣ пурра ситонида шуда, арзиши он 50 сомониро ташкил медиҳад.
Мо дар байни ҷомеа пурсише гузаронидем ва муайян кардем, ки чаро суғдиҳо тарофаи махсусро ин қадар дӯст медоранд:
Муҳиддин Атоев, ронандаи таксӣ:
– Дар фаъолияти корӣ ба ман бештар занг задан ва истифодаи интернет лозим меояд. Операторони мобилӣ вариантҳои гуногунро пешниҳод мекунанд, аммо бароям тарофаи нав аз “Анор” писанд омад. Дар бораи он тариқи радио ҳангоми мусофирбарӣ огоҳӣ пайдо кардам. 25 сомонӣ хеле арзиши хуб аст ва трафик ҳам зиёд аст. “Диёр 50” ба ман хеле кӯмак кард ва ман розӣ ҳастам.
Маъмурахон Самадова, сокини шаҳри Хуҷанд:
Пайвандони ман бо аҳли оилаашон дар хориҷа зиндагӣ мекунанд ва ман ҳар рӯз тариқи телефон бо онҳо суҳбат мекунам. Пештар барои интернет маблағи зиёд сарф мекардам. Хушбахтона, чанде пеш «Диёр 50»-ро пайваст кардам ва акнун барои муошират якчанд маротиба камтар маблағ пардохт менамоям. Ташаккур ба «Анор», ки маро бо пайвандонам наздиктар месозад!
Салимҷон Саидов, омӯзгор:
Маро белимити шабона хурсанд кард, интернетро бемаҳдуд метавон истифода бурд. Ин ба ман ҳам барои таҳсилу ҳам барои бозиҳо муфид аст. Зиёда аз ду моҳ аст, ки онро истифода мебарам ва аз тарофа розиям.
Абдуқаҳҳор Ҷумъаев, усто:
Бо дӯстонам асосан тавассути алоқаи видеоӣ суҳбат мекунам. Барои ин интернети бештар лозим меояд, аммо пайвастшавӣ ба тарофае, ки трафики зиёд дорад, гарон аст. Баъдан фаҳмидам, ки «Диёр 50»-ро метавон бо арзиши 25 сомонӣ дастрас кард. Ин тарофаро ба сим-корти дуввум пайваст намудам.
Маҳнура Ҳомидова, фурӯшандаи мағоза:
Ташаккур ба оператори «Анор» барои тарофаи дастрас! Худам истифода мебарам ва ба дугонаҳоям низ тавсия додам. Бо маблағи начандон зиёд метавон интернети бештар ва зангҳои ройгон дар дохили шабакаро ба даст овард.
Маҳинахон Бадриева, блогер:
Аллакай тӯли чанд моҳ аст, ки Тарофаи «Диёр 50» -ро истифода мебарам ва ба ман писанд аст. Махсусан белимити шабона писанд аст – филмҳоро дар YouTube тамошо мекунам.
Мирзоаъзам Мақсудов, журналист:
Дар фаъолияти кориам барои интернет маблағи зиёд сарф мекардам. Аз ин рӯ, тарофаи нави «Диёр 50» дарҳол диққати маро ҷалб кард. Тарофа ба ҷузъ трафики бештари интернет, инчунин зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака ва 600 дақиқаро ба дилхоҳ рақамҳо дар саросари кишвар дар бар мегирад. Барои озмоиш пайваст кардам ва ҳоло метавонам тасдиқ намоям: сифати алоқа хуб ва суръати интернет баланд аст. Воқеан, якчанд маротиба трафик камӣ мекард, аммо дар «Анор» опсияҳои иловагӣ мавҷуданд – бо арзиши ҳамагӣ 7 сомонӣ 1000 Мб-ро пайваст намудам. Ба ҳар сурат, хеле муфид аст.
Миркомил Зоидов, донишҷӯ:
Рекламаро дидам ва тарофаи «Диёр 50»-ро пайваст намудам. Он дар як моҳ 25 сомонӣ арзиш дорад. Чунин нархҳоро ман бори аввал мебинам. Мӯътадил кор мекунад.
Дилноза Зоидова, фурӯшанда дар маркази савдо:
Шиносҳо тавсия доданд, то аз тарофаи нав истифода барам. Албатта, рекламаро худам ҳам дидам, аммо таваҷҷӯҳ зоҳир накардам. Маълум шуд – беҳуда! Пайваст шудам ва акнун бо пайвандон ва дугонаҳоям муошират мекунам. Нарх хеле хуб аст. Ташаккур ба оператори «Анор» барои тарофаи махсус ба сокинони Суғд!
Ба санҷидани алоқаи нав омодаед? Тарофаро дар сомонаи оператор интихоб намоед!