Дар бораи Хадамот

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

«ДАР БОРАИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

аз 11 майи соли 2011                       №252              ш.Душанбе

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2011, №1026 «Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ва Сарраёсати алоқа ва иттилоотонии собиқ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3, 4).

3) Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 70 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 55 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

4) Ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Сардор ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.

5) Ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 8 адад, аз ҷумла барои Дастгоҳи марказӣ ба миқдори 4 адад муқаррар карда шавад.

6) Маблағгузории Дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбаршуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

7) Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии азнавташкилдиҳии корхонаҳои воҳиди давлатиро ҳал намоянд.

8) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №108 «Дар бораи Хадамоти алоқаи давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ» аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

НИЗОМНОМАИ

ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  1. Муқаррароти умумӣ

1) Хадамоти алоқаи назда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдХадамоти алоқа) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, сиёсати ягонаи давлатии идора, назорат, танзим ва баамалбарории хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почтавӣ ва иттилоотониро (минбаъд алоқа ва иттилоотонӣ) таҳия мекунад ва ба амал мебарорад.

2) Хадамоти алоқа дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

  1. Ваколатҳо

3) Хадамоти алоқа иҷрои тадбирҳои зеринро таъмин менамояд:

– иштирок дар таҳия ва амаликунии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди алоқаи барқӣ, алоқаи почтавӣ ва иттилоотонӣ;

– таҳия ва тасдиқи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– идора, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва танзими давлатии фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– иштирок дар таҳия ва татбиқи пешниҳодҳо оид ба сиёсати давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– муайян намудани самтҳои асосии рушди соҳаи мазкур ва пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодии хориҷии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– муайян ва ба баррасии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани номгӯи хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ мувофиқи қонунгузорӣ, инчунин назорати иҷрои шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ;

– назорати тарофаҳои соҳаи алоқа;

– ба мақомоти дахлдор ирсол намудани пешниҳодҳо ҷиҳати баланд ва ё паст намудани тарофаҳо дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– таъмин ва назорати дастрасии баробари ҳамаи истифодабарандагон ба шабакаҳои алоқаи барқӣ, почта ва курерӣ дар асоси хизматрасонии хушсифат ва риояи маҳрамиятӣ ахбор, инчунин махфӣ нигоҳ доштани сирри ахбори хусусӣ дар бораи истифодабарандагон;

– иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатии фелдъегерӣ;

– муқаррар намудани тартиби пайвастшавии байнишабакавӣ, тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, меъёри сифати хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ, почта, иттилоотонӣ;

– ташкили системаи сертификатсияи соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– идоракунии Нақшаи миллии рақамгузории алоқаи барқӣ;

– идоракунӣ ва таъминоти ташкилию техникии фаъолияти Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -КДРБ);

– омодасозӣ ва пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи тақсим ва истифодабарии захираҳои радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– иштирок дар таҳия ва мувофиқасозии тарофаҳои хизматрасонии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– иштирок дар хусусигардонии корхонаҳои давлатии соҳа.

4) Вазифаҳои Хадамоти алоқа:

– таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии мансуби соҳа;

– тартиб додани Нақшаи миллии рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идоракунии он, чудо намудани рақамҳо ё диапазони рақамҳо (аз ҷумла рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, рақамҳои кӯтоҳи хизматрасонии универсалӣ, IP суроғаҳо);

– таҳияи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ, додан, дароз намудан, боздоштан, қатъ ва аз эътибор соқит кардани иҷозатномаҳои ҳуқуқдиҳанда барои амалигардонии фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ;

– бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ кардан аз манфиатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои алоқа ва иттилоотонӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти байналмилалӣ, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилалии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– амалигардонии назорати талаботи қонунҳо, стандартҳо, қоидаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, регламентҳои техникӣ, шарту талаботи иҷозатномавӣ, риояи тартиби истифодабарии радиобасомадҳои ҷудогардида ва воситаҳои техникии истифодашаванда, тартиби истифодаи рақамҳои ҷудогардида;

– тасдиқи шартномаҳои пайвасти байнишабакавии операторони алоқаи барқӣ;

– иштирок дар кори Иттиҳоди байналмилалии алоқаи барқӣ, Иттиҳоди минтақавии алоқаи барқӣ, Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта ва дигар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– гузаронидани ташхиси лоиҳаю барномаҳо оид ба бунёд ва рушди воситаҳои барномавию техникӣ, система ва шабакаҳои иттилоотонӣ, технологияҳои иттилоотӣ аз ҷиҳати техникӣ ва додани хулосаҳо;

– ҷиҳати аз тарафи техникӣ таъмин намудани ҳукумати электронӣ, тиҷорати электронӣ, телетиб, рушд, истифодаи технологияҳои иттилоотонию коммуникатсионӣ, гузаронидани ташхиси шабакаҳои мавҷуда ва анҷом додани назорати онҳо;

– гузаронидани ташхиси шабакаи алоқаи барқӣ ҷиҳати муайян намудани имконияти пайвастшавии байнишабакавӣ ва қабули қарорҳои дахлдор;

– назорат ва бозрасии ҳолат ва рушди шабакаҳои алоқа, фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ ва фурӯши дастгоҳу таҷҳизоти алоқа, сифати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, почта ва иттилоотонӣ, пардохти саривақтии хироҷҳои муқарраршуда ба буҷети давлатӣ;

– назорат ва бозрасии тартиби аз хориҷа ворид намудани воситаҳои техникии алоқа, тартиб ва дурустии пешниҳоди ҳисоботи молиявию оморӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ фаъолияткунанда, тартиб додани санадҳои муқоисавӣ, андешидани чораҳои маъмурӣ нисбати вайронкунандагони тартибу қоидаҳои дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ муқарраргардида;

– гузаронидани мувофиқаи дархостҳои техникӣ ҷиҳати коркарди шартҳои техникии истеҳсоли сериявии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомади истифодабарии шаҳрвандӣ дар қисми параметрҳои мутобиқати электромагнитӣ;

– барои КДРБ таҳия намудани пешниҳодҳо, тавсияҳо оид ба масъалаҳои муқаррар намудани сиёсати истифодаи радиобасомадҳо, воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомади истифодабарии шаҳрвандӣ бо дарназардошти таъмини мутобиқати электромагнитии онҳо ва қабули меъёрҳои тақсими басомадҳо;

– гузаронидани радиомониторинги шабонарӯзӣ ва таъмини мутобиқати электромагнитии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;

– тибқи тартиби муқарраршуда таъмин намудани ҳамоҳангии таъиноти басомадҳо бо маъмурияти алоқаи давлатҳои хориҷӣ ва бақайдгирии таъиноти басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад;

– ширкат дар кори омодасозии лоиҳаҳои созишномаҳо байни Хадамоти алоқа ва маъмурияти алоқаи давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, ҳамкорӣ бо маъмурияти алоқаи давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– ташаккул додан ва пешбурди махзани маълумоти таъиноти басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронии истифодабарии шаҳрвандӣ;

– таҳия ва татбиқи консепсияҳо, самтҳои асосии рушди шабакаҳои алоқаи барқӣ, алоқаи почтавӣ, системаҳои иттилоотонӣ дар заминаи мониторинги ҳолати пешгӯиҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати рушди соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ андешидани чораҳои дахлдор барои таъмини мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар истеъмолкунандагон бо хизматрасонии алоқаи барқӣ, алоқаи почтавӣ ва иттилоотонӣ;

– муайян кардани вазифаҳо, ҳадафҳо, стандартҳо ва тартиби назорати таъминкунии сифати дахлдори хизматрасонии алоқа ва иттилоотонӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда ва анҷом додани чунин назорат;

– муайян кардани талаботи техникӣ ба таҷҳизоти алоқа ва иттилоотонӣ, ки дар шабакаи алоқа ва иттилоотонӣ истифода мешаванд;

– амалӣ гардонидани танзими истифодабарӣ ва ҳифзи ҳуқуқии захираҳои радиобасомадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, тақсими (таъини) спектри радиобасомадҳо, гузаронидани ташхиси мутобиқати электромагнитӣ;

– мусоидат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ;

– таъмини татбиқи консепсияи давлатии таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии алоқа ва иттилоотонӣ;

– назорати тарофаҳои тасдиқ ва мувофиқанамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, якҷоя бо мақомоти дахлдор нисбати рақобати бевиҷдонона андешидани чораҳои дахлдор;

– тибқи тартиби муқарраргардида назорати риояи шарту талаботи ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ, бартарафкунии сигналҳои иҷозатдоданашуда ва радиохалалҳо;

– назорати риояи талаботи сохтмони шабакаҳои алоқа ва васеъкунии онҳо, новобаста аз шакли шабака;

– амалигардонии ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати идораи шабакаҳои алоқаи барқӣ ва иҷрои тадбирҳо оид ба барқароркунии онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, инчунин таҳия ва татбиқи нақшаҳои омодагии мобилизатсионии шабакаҳои мазкур дар ҳолатҳои фавқулодда;

 – муқаррар кардани намунаҳо, қимат (номинал), теъдоди нашр ва мӯҳлати амали аломатҳои давлатии пардохти почта, намунаҳои лифофаҳои (конвертҳои) почтавии маркадор, ташкили нашр ва ба гардиш баровардани онҳо;

– ташкили таъини индексҳои почтавӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули коллексияи давлатии аломатҳои пардохти почта;

– муқаррар кардани принсипҳои ҳисоббаробаркунии байни ташкилотҳои алоқаи почтавӣ, аз ҷумла оид ба амалиёти интиқоли маблағҳои пулӣ, ташкили гузаронидани ҳисобу китоб бо ташкилотҳои почтавии давлатҳои хориҷӣ барои интиқоли муросилоти почтавии байналмилалӣ;

– танзими фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳо оид ба масъалаҳои алоқа ва иттилоотонӣ;

– муқаррар кардани тартиби интиқоли сарбории шабакаҳои алоқаи барқӣ, ҳаллу фасли баҳсҳо дар доираи ваколати худ;

– муайян намудани тартиби истифодабарии сертификатҳои дигар давлатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқат ба стандартҳои муқарраршуда, шартҳои техникӣ ва дигар меъёрҳо, аз ҷумла стандартҳои байналмилалӣ ва миллии дигар мамлакатҳо бо тартиби муқарраршуда дар асоси шартномаҳои дуҷонибаи эътирофи сертификатҳо;

– додани сертификати мутобиқат ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, хизматрасонии алоқаи барқӣ, воситаҳо, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ниҳоии соҳаи алоқаи барқӣ, аз ҷумла таъминоти барномавие, ки аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд;

– ба манфиати мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти шаҳрвандон ва дар ҳолатҳои фавқулодда таъмини иҷрои ӯҳдадориҳое, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ба зиммаи операторони алоқаи барқӣ гузошта шудаанд;

– амалигардонии корҳо оид ба ҳисобу китоб ва таъминоти тақсими паҳноии минтақавии басомадҳо ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, мутобиқати электромагнитӣ, дар ҳолати омодабошии доимӣ нигоҳ доштани захираҳои радиобасомадҳо, ҳамоҳангсозии онҳо ва гузаронидани назорати радиотехникӣ, радиомониторинг ва ташхис дар асоси шартнома ва нархномаи тибқи тартиби муқарраршуда бо мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқагардида;

– ташкил ва гузаронидани озмун барои додани иҷозатнома, ҷудо намудани радиобасомад ва рақамгузорӣ дар соҳаи алоқа;

– ташкили қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтии муроҷиати онҳо ва фиристодани ҷавоб бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

– ташкили касбомӯзӣ ва бозомӯзии кормандон, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаҳосилкунӣ;

– иҷрои дигар вазифаҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ.

5) Барои иҷрои ваколатҳои худ Хадамоти алоқа ҳуқуқ дорад:

– ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи алоқа ва иттилоотониро пешниҳод намояд;

– мақомоти идораи давлатӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳоро, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, барои амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почтавӣ ва иттилоотонӣ ҷалб намояд;

– барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамоти алоқа гузошташуда аз мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки дар соҳаи мазкур фаъолият менамоянд ва ё истифодабарандаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад мебошанд, ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумоти заруриро (аз ҷумла маълумоти биллингиро) талаб намояд ва ба даст орад;

– амвол ва воситаҳои пулии дар тавозун ва суратҳисобҳои худ доштаашро истифода ва ихтиёрдорӣ намояд;

– марказҳои ташхисӣ ва таҳлилии техникию иқтисодиро таъсис диҳад;

– дар таъсис додан, азнавтаъсисдиҳӣ, барҳам додан ва хусусигардонии корхонаҳои соҳаи мазкур иштирок намояд ва хулоса диҳад;

– фаъолияти истифодабарандагони воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомадро бо мақсади риояи тартиби истифодабарӣ санҷиш ва бозрасӣ намояд;

– барои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир намудан, истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ, дастгоҳҳои баландбасомад ва дигар таҷҳизоти алоқа ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аз ҷумла барои истифодабарии озмоишӣ иҷозат диҳад, истифодабарии онҳоро, ки ба стандартҳо ва меъёрҳои техникӣ мувофиқат намекунанд, манъ намояд;

– барои истифодабарии спектри радиобасомадҳо ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷозат диҳад, радиобасомадҳоро ҳангоми риоя накардани тартиби истифодабарии онҳо бозпас гирад;

– таҷҳизоти дахлдорро, ки аз санҷиши давлатӣ гузаштаанд, ҳангоми гузаронидани озмоишҳо, ченкуниҳо, бозрасиҳо ва санҷишҳо истифода намояд;

– ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда семинару конференсия ва дигар чорабиниҳо гузаронад;

– дастур, қоидаҳо, шартҳои техникӣ ва дигар маводи хусусияти меъёрии ҳуқуқӣ доштаро таҳия ва тасдиқ намояд;

– бо тартиби муқарраргардида ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои иҷрои ҳуқуқи фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ иҷозатнома диҳад, мӯҳлати оғози фаъолиятро дар асоси иҷозатнома дароз намояд, пешбурди феҳрасти иҷозатномаҳои дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ додашударо анҷом диҳад;

– ба воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомад, хизматрасонии алоқа, воситаҳо, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти ниҳоии соҳаи алоқаи барқӣ, аз ҷумла таъминоти барномавие, ки аз хориҷи кишвар ворид карда мешаванд, сертификати мутобиқат диҳад;

– фаъолияти операторони алоқаи почтаро бо мақсади риояи қоидаҳои хизматрасонии алоқаи почтавӣ ва курерӣ санҷиш ва бозрасӣ намояд;

– барои истифодаи рақамҳо ё диапазони рақамҳо (аз ҷумла рамзҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, рақамҳои кӯтоҳи хизматрасонии универсалӣ, IP суроғаҳо) иҷозат диҳад;

– стандартҳо, меъёрҳо, қоидаҳо, шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ва тартиби истифодабарии спектри радиобасомадро муқаррар намояд;

– ҷиҳати муайян намудани оператори хизматрасонии беҳтарин барои намудҳои хизматрасонӣ ва стандартҳо дар алоҳидагӣ озмунҳоро гузаронад;

– шартномаҳои пайвастшавии байнишабакавӣ, пайвастшавии байнишабакавӣ барои пешниҳод намудани хизматрасонии байналмилалӣ, пайвастшавии байналмилалиро барои пешниҳод намудани хизматрасонии алоқа ба қайд гирад;

– нақшаи ташкили шабакаи алоқаи дохилӣ, хориҷӣ ва барномаи рушди шабакаро тасдиқ ва риояи онро назорат менамояд;

– барои истифодабарии басомадҳо, аз ҷумла барои истифодабарии якҷояи басомадҳои таъиноти шаҳрвандӣ иҷозат диҳад;

– барои истифодабарии якҷояи шабакаи алоқа иҷозат диҳад, роуминги дохилӣ ва хориҷиро мувофиқа намояд;

– барои гузариши сарҳади давлатӣ тавассути воситаҳо ва ноқилҳои алоқа иҷозат диҳад;

– ташхиси воситаҳои алоқа ва иттилоотонии ба ҷумҳурӣ воридшаванда ва дар ҷумҳурӣ истеҳсолшавандаро гузаронад;

– фаъолияти назоратии соҳаи алоқа ва иттилоотониро анҷом диҳад;

– ба мақомоти судӣ бо даъвоҳо муроҷиат намояд ва дар ҷараёни баррасии онҳо иштирок кунад;

– дар доираи ваколатҳояш ҷиҳати гузаронидани ташхис ва додани тавсияҳо, экспертҳо, мутахассисон ва ҳамчунин кормандони дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро ҷалб намояд;

– тибқи тартиби муқарраргардида субъектҳои хоҷагидорӣ ташкил намояд;

– дар ҳалли масъалаҳои сармоягузорӣ, (аз ҳисоби буҷет) аз ҷумла буҷетӣ барои рушди объектҳои алоқа ва иттилоотонӣ иштирок намояд;

– дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрӣ ва дастурҳои иҷроияшон ҳатмиро барои тамоми субъектҳои хоҷагидории соҳаи алоқа ва иттилоотонии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намояд;

– дар муҳокимаи масъалаҳои ҳисоботдиҳии омории давлатӣ, андозбандӣ, қарздиҳӣ, илмию техникӣ ва ғайра, ки ба фаъолият дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ дахл дорад, иштирок ва ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳо манзур намояд;

– ҷиҳати иҷрои стандартҳо, меъёру қоидаҳо, шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ санҷиш ва бозрасии фаъолияти субъектҳои хоҷагадор ва соҳибкорони инфродиро, ки дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ хизматрасонӣ мекунанд, гузаронад ва вайронкунандагонро ба ҷавобгарӣ кашад.

  1. Ташкили фаъолият

6) Хадамоти алоқаро Сардор роҳбарӣ мекунад, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

7) Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамоти алоқа гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ масъулияти шахсӣ дорад.

8) Сардор дорои ду муовин мебошад, ки онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

9) Шумораи ниҳоии кормандон ва теъдоди муовинони Сардори Хадамоти алоқаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

10) Сардор дорои ваколатҳои зайл мебошад:

– таъин ва озод намудани роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳои системаи Хадамоти алоқа;

– манфиатҳои Хадамоти алоқаро дар мақомоти давлатӣ ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Хадамоти алоқаро амалӣ месозад;

– дар доираи салоҳияти худ фармоиш ва супориш медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони Дастгоҳи марказӣ, сохторҳои минтақавӣ ва корхонаҳои системаи Хадамоти алоқа ҳатмӣ мебошанд;

– вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ тақсим менамояд;

– низомномаҳои воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва минтақавиро тасдиқ мекунад;

– кормандони Хадамоти алоқаро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

– ҳайати мушовараро роҳбарӣ мекунад;

– тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Хадамоти алоқа ҳал менамояд;

– дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

11) Маблағгузории Дастгоҳи марказии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамоти алоқаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбаршуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

12) Хадамоти алоқа шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ, мӯҳру штампҳои дахлдор, бланкҳо мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

13) Хадамоти алоқа дорои амволи махсус ва маблағҳо мебошад, ки дар тавозун ва суратҳисобҳои Хадамоти алоқа қарор мегиранд. Амволи ба Хадамоти алоқа додашуда ба амволи ҷумҳуриявӣ марбут мебошад.

14) Суроғаи ҳуқуқии Хадамоти алоқа: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 57.

 Замимаи 2

 Бо қарори Ҳукумати

 Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 11 майи соли 2011, № 252

 тасдиқ шудааст

СОХТОРИ

ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Роҳбарият

Раёсати алоқа ва иттилоотонӣ

Раёсати танзим

Раёсати назорат

Шӯъбаи муҳосибот ва молия

Бахши муносибатҳои байналмилалӣ

Бахши ҳуқуқ

Бахши кадрҳо ва корҳои махсус

Бахши умумӣ

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2011, № 252

тасдиқ шудааст

НАҚШАИ ИДОРАКУНИИ

ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дастгоҳи марказӣ

Бахши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Шӯъбаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Шӯъбаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Бахши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб

Замимаи 4

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2011, № 252

тасдиқ шудааст

НОМГӮИ

КОРХОНАҲО, МУАССИСАҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ СИСТЕМАИ ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктелеком»

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг»

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик»

Корхонаи воҳиди давлатии «Алоқаи махсус»

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази марка»

Муассисаи давлатии «Хадамоти давлатии фелдъегерӣ»

Муассисаи давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»

Редаксияи газетаи «Ҳафтаномаи «Алоқа»

Дастаи ҳифозоти идорӣ