Ширкати «TCELL» такмили инфрасохтори шабакаро барои роҳандозии хидматрасониҳои нави VOLTE ва рушди 5G оғоз менамояд
Ширкат раванди такмилсозии шабакаи такягоҳии vEPC-ро бо мақсади тавсеаи имкониятҳо ва роҳандозии хидматрасониҳои нав оғоз менамояд.
Пас аз гузаштани бомуваффақият ба ядрои нав, ширкат нақша дорад, ки хидмати нави алоқаи овозиро бо истифода аз протоколи VoLTE (Voice over LTE) роҳандозӣ кунад ва шабакаи 5G-ро пурра рушд диҳад.
Модернизатсияи шабакаи такягоҳии vEPC марҳилаи муҳими рушди Tcell ва омодагӣ ба ҷорӣ намудани хидматҳои нави рақамӣ мебошад.
Ин ба ширкат имкон медиҳад, ки имкониятҳои шабакаи худро васеъ намуда, ба муштариён хизматрасониҳои мукаммали алоқа, аз ҷумла интернети баландсуръат ва технологияҳои нави коммуникатсионӣ пешниҳод намояд.
«Ширкат дастурҳои Сарвари давлатро қатъиян иҷро намуда, барои таъмини интернети баландсуръат дар кишвар саъй дорад ва таҷдиди шабакаи такягоҳии vEPC як қадами калидӣ дар расидан ба ин ҳадаф мебошад.
Мо мекӯшем, ки ба муштариён хидматрасониҳои пешрафтаи рақамиро пешниҳод кунем, то эҳтиёҷоти онҳо ба алоқаи муосирро қонеъ гардонем», – гуфт Мустафо Донбалоглу, директори ширкати Tcell.
Рушди шабакаи асосии vEPC ба Tcell имкон медиҳад, ки намуди хидматрасонии нави VoLTE (Voice over LTE) – интиқоли зангҳои овозӣ аз тариқи шабакаи LTE-ро ҷорӣ кунад ва инчунин шабакаи 5G-ро фаъолона инкишоф диҳад, то ба муштариён имкониятҳои боз ҳам пешрафтаро ҳангоми истифодаи технологияҳои коммуникатсионӣ фароҳам оранд. Ширкати Tcell сармоягузорӣ ба фанновариҳои муосир ва такмили инфрасохтори шабакавии худро барои таъмини алоқаи боэътимод ва интернети баландсуръат барои ҳамаи муштариёни худ идома медиҳад.
Ширкат аз саҳми худ дар рушди иқтисоди рақамии Тоҷикистон ифтихор мекунад ва саъй дорад, ки бо пешниҳоди хидматҳои пешрафтаи иртиботӣ ва ҳалли инноватсионӣ навовару пешоҳанг бошад.