МегаФон Тоҷикистон барои азнавбақайдгирии SIM–кортҳо 4 000 Мб тӯҳфа мекунад
Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон доранд, ки бо иҷрои қарори ҳукумат бонуси дилписандро дар шакли 4 000 Мб ба даст оранд. Барои ин зарур аст, ки то охири соли 2023 азнавбақайдгирии SIM-кортҳо аз рӯи шиносномаҳои намунаи нав (ID-кортҳои пластикӣ) анҷом дода шавад.
Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани азнавбақайдгирӣ то феврали соли 2024 зарур мебошад. Дар акси ҳол операторон маҷбур мешаванд, ки хизматрасонии рақамҳои муштариёнро қатъ намоянд. МегаФон Тоҷикистон баҳри пешгирии чунин ҳолат чораҳо меандешад. Мизоҷони Ширкат, ки ҳоло бо сабабҳои гуногун SIM-кортҳои худро аз нав ба расмият надаровардаанд, мунтазам огоҳиҳои овозӣ ва SMS-паёмакҳоро дар хусуси зарурати гузаштани азнавбақайдгирӣ қабул менамоянд. Ба ғайр аз ин, МегаФон Тоҷикистон муштариёнро ба тезонидани ҷараёни мазкур ҳавасманд менамояд. Дар сурати бомуваффақона гузаштан аз тартиби азнавбақайдгирӣ аллакай пас аз 24 соат бонус дар шакли 4 000 Мб дастрас мегардад. Интернет-трафики ройгонро метавон дар давоми 30 рӯз истифода намуд.
“Огоҳӣ гирифтам, ки бояд азнавбақайдгириро гузарам ва ба хотирам омад, ки ҳоло ин корро накардаам. Хавф доштам, ки ягон навъ ҷарима супурданам лозим меояд, ва аз ҳама бадаш – бе алоқа мемонам. Лекин дар толори МегаФон маро бо муомилаи хуб пешвоз гирифта, зуд ҳамаашро ба расмият дароварданд ва ҳатто 4 000 мегабайт туҳфа намуданд. Ғайри чашмдошт лекин хеле гуворо! Як силсилафилмро мехостам тамошо кунам, бинобар ин туҳфа хеле ҷоиз омад”, – мегӯяд сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Азиза КАРИМОВА.
Санҷидани он, ки оё рақам аз нав ба қайд гирифта шудааст ё не, бо ёрии USSD-дархости *321# имконпазир аст. Маълумоти зарурӣ тариқи SMS-огоҳии ҷавобӣ ворид хоҳад шуд. Барои азнабақайдгирии SIM-корт танҳо кофист, ки бо шиносномаи намунаи нав ба идораи хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ҳозир шавед. Муштариёне, ки қаблан аллакай SIM-кортҳои худро аз нав ба қайд гирифта буданд, бояд танҳо дар он ҳолате ҳозир шаванд, ки агар маълумоти онҳо тағйир ёфта бошад – яъне агар онҳо ID-шиносномаҳоро такроран дастрас карда бошанд.
Талаботи қонунгузориро иҷро намуда, дар алоқа бимонед ва аз аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ бонусҳоро ба даст оред!