Мулоқоти муовини Сардори Хадамоти алоқа бо Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботии Эрон
Дирӯз, 13-уми июн дар шаҳри Теҳрон Илҷомҷон Атоев, муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботии Ҷумхурии Исломии Эрон мулоқот намуд.
Дар ин вохурӣ масъалаҳои дуҷониба доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи ТИК мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба рушду тавсеаи робитаҳо дар ин бахш изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Ҷонибҳои таъкид доштанд, ки барои расидан ба ин ҳадаф татбиқи Нақша-чорабиниҳо доир ба ТИК зарур аст.
Ин вохӯрӣ дар ҳошияи Ҷаласаи сеюми вазирони Ташкилоти Ҳамкориҳои Иктисодӣ (ECO) оид ба ТИК, ки рӯзҳои 12-13 июли соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Теҳрон ҷараён дошт, сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷаласаи сеюми вазирони Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ оид ба ТИК иштирок дошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз 10 кишвари узв дар Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ мебошад.