Навид

Tcell ва UNICEF дар ҳошияи имзои Ёддошти ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ баргузор карданд

Рӯзи гузашта дар Душанбе аснои конфронси матбуотӣ, ширкати Tcell ва созмони байналмилалии UNICEF дар бораи оғози ҳамкориҳои стратегӣ эълон карданд. Дар чаҳорчӯби тафоҳумномаи ҳамкорӣ Tcell ва UNICEF якчанд лоиҳаҳоро барои дастгирии ҷавонон ва кӯдакон дар Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Яке аз ташаббусҳои меҳварии ин қарордод, дастгирӣ ва таблиғи платформаи замимаи мобилии “Беббо” хоҳад буд, ки ба волидайн дастрасӣ ба мундариҷаи таълимӣ ва омӯзиширо фароҳам меорад.Tcell инчунин барои давраҳои таълимии UNICEF пайвасти устувори интернетро таъмин хоҳад кард, ки ин таҳсилро барои бештари кӯдакон дар саросари кишвар дастрас мекунад. Дар доираи ҳамкориҳо дар назар аст, ки як қатор тарҳҳои муштарак барои ҷавонон, аз ҷумла барномаҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ амалӣ карда шаванд.

Директори генералии Tcell, Озодхон Давлатшоев қайд кард, ки ин ҳамкорӣ барои ширкат як қадами муҳим дар доираи стратегияи масъулияти иҷтимоӣ ва дастгирии насли наврас мебошад. Ӯ иброз дошт, ки ширкати Tcell саъй дорад, бо фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи ҷавонон дар пешрафти ҷомеа саҳм гузорад.

Ҳамкорӣ бо UNICEF барои рушди ояндаи Тоҷикистон аҳамияти муҳим хоҳад дошт, ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки лоиҳаҳои муштарак ба беҳбуди зиндагии кӯдакону ҷавонон дар саросари кишвар мусоидат хоҳанд кард.