Баргузории ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи алоқа дар нимсолаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024
10 июли соли 2024 дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи алоқа дар нимсолаи аввали соли 2024 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Хадамоти алоқа роҳбарони тамоми сохторҳои зертобеъ, кормандон, сардорони сарраёсат, раёсатҳо ва муовинони онҳо, сардорони шуъбаҳои Хадамот, сардорону муҳосибони соҳаи алоқаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияҳои тобеи марказ ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок намуданд.
Дар нишасти мазкур натиҷаи фаъолияти кории Хамамот дар нимсолаи якуми соли 2024 ва нақшаҳои минбаъда дар нимсолаи ояндаи соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷаи ҷаласа ҷиҳати бартар намудани мушкилоту норасоиҳо, ки ба рушди бомайлон ва ислоҳоти соҳа монеа эҷод мекунанд, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.