МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ-ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Муқовимат ба коррупсия Навид

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ-ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Коррупсия аз замони пайдоиш, то имрӯз қариб дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон вуҷуд дорад. Ба андешаи олимон нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри XIV то давраи мо), дертар дар қонунҳои машҳури Хаммурапи дучор омадан мумкин аст. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Нахустин маротиба ҷазои қатлро ҳамчун муҷозот барои пораи аз ҳад зиёд шоҳ Ивани IV (Грозный) дар амал ҷорӣ карда буд ва ин амал маҳкумкунии кирдорҳои хусусияти коррупсионидоштаро аз ҳамон давра то имрӯз муаррифӣ менамояд.

Дар қатори афзоиши дигар ҷиноятҳои таҳдидкунандаи хатари вазнин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ коррупсия низ таъсири манфии худро ба пешравии иқтисодиёти ҷаҳонӣ гузоштааст. Бинобар ин ҷомеаи ҷаҳониро зарурият пеш омад, ки бо дарки хатари коррупсия ва оқибатҳои манфӣ доштани он санади байналмиллалиро вобаста ба муқовимат бо коррупсия қабул намояд.

Дар ҷаласаи умумии иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид 31-уми октябри соли 2003 қабул гардид, ки он 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи Мексика дар ҳамоиши баландпояи сиёсӣ бо ширкати намояндагони зиёда аз 100 давлати ҷаҳон мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар ин замина, 14-уми декабри соли 2005 Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия мавриди амал қарор гирифт, ки он аз 8 боб ва 71 модда иборат аст. Айни замон 172 давлати дунё аъзои Конвенсияи мазкур мебошанд ва давлатҳои аъзо ӯҳдадоранд, ки дар қонунгузории миллии худ ҷой дода чораҳои зиддикоррупсиониро дар амал татбиқ намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конвенсияи мазкур 25-уми апрели соли 2006 имзо гузошт. 16-уми апрели соли соли 2008 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин Конвенсияро тасдиқ (ратификатсия) кард, ки минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии давлатии мо ба шумор рафта, қонунгузории амалкунанда дар ин самт бо дарназардошти меъёрҳои он таҳия ва қабул шуда истодаанд.

Пешгирӣ накардани ин ҷинояти вазнин боиси заиф гардидани сутуни давлатдорӣ ва коста гардидани обрӯи давлат дар арсаи байналмиллалӣ мегардад. Бинобар ин моро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, баҳри паст кардани шиддати коррупсия дар кишвар ва мунтазам аз байн бурдани он дар якҷоягӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ муборизаи беамон бурда, ватани азизамон Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун яке аз кишварҳои пешрафта ва озод аз коррупсия муаррифӣ намоем.

СБОБОҶОНОВА,

 ҳуқуқшинос