Ширкати кормандони соҳаи алоқа Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ
Кормандони сохторҳои гуногуни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ширкат намуданд.
Кормандони сохторҳои гуногуни Хадамоти алоқа ҳам дар Дави миллӣ ва ҳам дар марафони велосипедронӣ иштироки фаъолона доштанд.
Лозим ба таъкид аст, ки чанд оператори мобилӣ ба сифати сарпараст дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ саҳм гузоштанд.
Дар Дави миллӣ зиёда аз 55 ҳазор нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ беш аз 1700 кас иштирок намуданд. Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз маҳаллаи Чорбоғ оғоз гардида, иштирокчиён то «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт байни ҳам сабқат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа-таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад. Мусобиқаи мазкур маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронида шудааст. Мусобиқаи навбатӣ 17 — умин Дави миллӣ маҳсуб мешавад.