Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Сардори Раёсати назорати Хадамоти алоқа Сулаймон Гадоев зимни мусоҳибаи тахассусӣ гуфт, ки дар банди 28-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024» омадааст, ки «Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ширкатҳои дар соҳа фаъолияткунанда барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет, инчунин дастрасии интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст тадбирҳои зарурӣ андешад».
Яъне, Хадамоти алоқа аз тарафи Роҳбари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет вазифадор карда шудааст. Бинобар ҳамин вақте дар хусуси боло афтани арзиши тарофаи ширкати Мегафон хабар паҳн шуд, Хадамоти алоқа ба намояндаи расмии ширкати Мегафон муроҷиат карда, талаб намуд, ки нархи тарофаи хизматрасонӣ, аз ҷумла тарофае, ки қаблан 110 сомонӣ арзиш дошт, гарон карда нашавад.
Намояндаи ширкати Мегафон ба Хадамоти алоқа изҳор намуд, ки асос барои гарон кардани ин тарофа боло рафтани арзиши иҷора ва неруи барқ мебошад. Бо ҳамин сабаб онҳо моҳи январи соли 2024 ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ мактуб ирсол карданд ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ мактуби онҳоро баррасӣ карда, иҷозат додааст, ки ширкати Мегафон нархи тарофаеро, ки қаблан 110 сомонӣ арзиш дошт, 111 сомонӣ нарх гузорад.
«Ин тасмими ширкати Мегафон ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва паст кардани арзиши хизматрасонӣ супориш дода шудааст, мухолиф аст. Баръакс, ширкатҳои мобилӣ бояд нархҳои мавҷударо паст карда, сифати хизматрасониро беҳтар намоянд. Ҳаҷми мегабайт ва гигабайтҳои интернетро афзоиш дода, ба муштариён пешниҳод кунанд, на ин ки нархҳоро бо баҳонаи иҷораи бино ва арзиши неруи барқ зиёд намоянд», — таъкид намуд Сулаймон Гадоев.
Сулаймон Гадоев оид ба фаъолияти дигар ширкатҳои мобилӣ, ки дар бозори алоқаи Тоҷикистон фаъолият доранд, иттилоъ дода, гуфт, ки дигар ширкатҳо низ бояд сатҳ ва сифати хизматрасониро беҳтар ва нархи хизматрасониро паст намоянд.
Ба таъкиди Сулаймон Гадоев, ҳамаи ин ширкатҳо таҳти назорат ҳастанд ва онҳо нархи хизматрасонӣ барои алоқа ва интернетро гарон намекунанд, балки дар тарофаҳои мавҷудаи худ ҳаҷми мегабайтҳоро зиёд карда истодаанд.
Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд, ки ширкатҳои мобилии дар бозори алоқаи Тоҷикистон фаъолияткунанда баҳри иваз намудани нархи тарофаҳо барои мувофиқа ва омӯзиш пешниҳоди худро ба Хадамоти алоқа ирсол мекунанд. Хадамоти алоқа дар навбати худ ин пешниҳоди ширкатҳои мобилиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ба он баҳои дуруст медиҳад ва сипас барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Ба ҳамин тартиб, иқдоми ширкати Мегафон баҳри гарон намудани арзиши тарофа бо Хадамоти алоқа мувофиқа нашудааст ва нодуруст мебошад.
Дар идомаи суҳбат Сулаймон Гадоев иттилоъ дод, ки аз ибтидои соли 2023 дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 аз ҳисоби кормандони Хадамоти алоқа ва мутахассисони ширкатҳои мобилӣ Ситоди доимамалкунанда барои беҳтар намудани сифати алоқаи мобилӣ ва интернет фаъолият мекунад ва ин ситод корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Аз ҷумла, насби истгоҳҳои базавӣ, таҷҳизоти наву зарурӣ оғоз гардида, ин иқдом то ҳоло идома дорад. Аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ баҳри беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, алоқаи мобилӣ ва интернет дар шаҳри Душанбе барои истгоҳҳои базавӣ аккумуляторҳои нав, инчунин генераторҳои дизелӣ дастрас ва насб шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки дар ҳолати қатъ шудани қувваи барқ дастгоҳҳои базавӣ ба таври автоматӣ муддати 3-4 соат фаъолият намоянд.
Акрам САНГЗОДА