Операторони мобилӣ маблағро ба чӣ сарф мекунанд
Моҳи январ аксарияти ВАО дар бораи даромади операторони алоқаи тоҷик, ки дар соли 2023, нисбат ба соли қаблӣ, 7,8% бештар даромад гирифтаанд, иттилоъ доданд. Ин дуруст аст, аммо биёед бифаҳмем, ки рақамҳо аз куҷо гирифта шуданд. Боз фаҳмидани он, ки ширкатҳои телекоммуникатсионӣ бо миллиардҳои худ чӣ кор мекунанд, хеле ҷолиб аст.
Миллиардҳои умумӣ
Хонандаи бодиққат дар ҳисоботи солонаи соҳаи алоқа рақами 3,8 миллиардро пай бурд, вале ин даромади на як ширкат, балки даромади тамоми ширкатҳое, ки дар Тоҷикистон бо иҷозатномаҳои барои пешниҳоди хизматрасониҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолият доранд, маҳсуб меёбад. Дар кишвар шумораи онҳо 78-то аст. Албатта, танҳо ба шумораи ширкатхо тақсим кардани даромади умумй дуруст нест, зеро дар баробари операторони бузург, операторони хурдтар низ мавҷуданд. Лекин маънояш возеҳ аст, ки ҳатто бозингарони пешбари бозор ба қадри тамоми соҳа даромад надоранд.
Боз чӣ метавонад аз назари хонандаи камтаваҷҷуҳ дур монад, даромади ширкат маблағе нест, ки онро дар сейф гузорем ва дигар даст нарасем. Ин маблағест, ки барои рушди минбаъда зарурат дорад. Агар онҳо сарф карда нашаванд, операторон наметавонанд фаъолият карда, муштариёни худро бо алоқа таъмин намоянд. Биёед ин масъаларо бо мисоли мушаххаси ширкати “Мегафон Тоҷикистон” баррасӣ кунем.
Баҳри фаъолияти шабака
Инак, оператор дар давоми сол миқдори муайяни даромад гирифт. Сипас ин маблағҳо барои чӣ истифода мешаванд? Пеш аз ҳама, барои иҷрои вазифаи худ дар назди давлат – супоридани маблағи андозҳо. Дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” хароҷоти андоз 37%-и тамоми воридоти пулиро дар соли 2023 ташкил намудааст.
Баъдан: бояд шабака хизматрасонӣ карда шавад, то ки қобилияти кориашро нигоҳ дорад ва муштариён ҳамеша бо алоқаи боэътимод таъмин бошанд. Нигоҳдории инфрасохтори мавҷуда тахминан 9% хароҷоти ширкатро ташкил дода, дар соли 2023 барои ин беш аз 155,6 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Арзиши нерӯи барқ ҳудуди 24 миллион сомониро ташкил намуда, дар соли 2024, бо назардошти болоравии нархҳо, ин маблағ боз 16% афзоиш хоҳад ёфт.
19 фоизи дигар ба рушди техникй — насби истгоҳҳои нави базавй, кашидани хатхои нурию нахии алока, навгардонии таҷҳизот равона мегардад. Бидуни ин амал комилан ғайриимкон аст, зеро талаботи муштариён ба сифати хизматрасонӣ меафзояд, қобилияти гузариши шабака ва суръати интернети мобилиро зиёд кардан лозим аст. Илова бар ин, дар маҳалҳои аҳолинишини дурдаст бояд таҷҳизот ба кор андохта шаванд, то ки хизматрасониҳои муосири рақамӣ дастраси тамоми сокинони кишвар гарданд.
20% воридоти маблағ барои хариди трафики интернет аз шарикон ва ҳисоббаробаркуниҳои дуҷониба бо операторони дигар, ба истилоҳ интерконнект, истифода мешавад.
Албатта, ширкат бояд ба кормандон музди мехнат диҳад, ки ин 6% даромади солонаи пулиро ташкил медиҳад.
Чӣ қадар боқӣ мемонад?
Ширкат метавонад, ба таври содда гӯем танҳо 9% тамоми даромадро “барои худ” нигоҳ дорад. Ва ҳатто ин ҳам пурра нест. Мутахассисони молия ин сутунро “хароҷоти дигар” меноманд ва он албатта … дуруст аст, ки боз хароҷотро дар бар мегирад. Онҳо дигар ба андозҳо, сохтмон ва хизматрасонии шабака, ҳисоббаробаркунӣ бо дигар операторон ё маоши кормандон дахл надоранд, вале ҳамоно барои ширкат ва кишвар заруранд.
Хулоса: агар як ширкати телекоммуникатсионӣ, шартан гӯем 100 сомонӣ кор карда бошад, пас 37 дар шакли андоз, 28 барои инфрасохтор, 20 барои ҳамкорон дар бозори соҳа ва 6 сомониро ба кормандон медиҳад. Барои худи ӯ низ на бештар аз 9 сомонӣ мемонад. Ҳамин тариқ, агар шумо дар ягон ҷо дар бораи даромади афсонавии операторони телекоммуникатсионӣ бишнавед, ҳадди ақал навад фоизро дар фикри худ тарҳ кунед!