Навид Хабарҳои Хадамот

Изҳорот доир ба СМС-паёмакҳои операторони мобилӣ доир ба боло бурдани нарх ва арзиши тарофаҳо

Тавре шаҳрвандон огоҳанд, давоми чанд рӯз тамоми операторони алоқаи мобилӣ арзиш ва нархи тарофаҳои худро баланд бардошта, оид ба ин иқдом ба муштариёнашон СМС-паёмак фиристоданд. Чунин амали операторони мобилӣ дар ҷомеа, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфиро ба бор овард.

Хадамоти алоқа бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок ҳисобида, дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми операторони алоқаи мобилиро ба бекор кардани ин иқдом даъват кард.

Хадамоти алоқа чунин меҳисобад, ки ин иқдом бо ҳадафҳои раҳбарияти Олии кишвар ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасониҳои мобилӣ ва баланд бардоштани сифати алоқаи барқӣ мухолиф буда, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мегузорад. Ҳамзамон барои амалисозии тадбирҳои муҳиме мондани гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод мекунад.

Аз ин рӯ, ба маълумоти тамоми муштариён мерасонем, ки Хадамоти алоқа ба баландшавии арзиш ва нархи тарофаҳои алоқа мобилӣ роҳ надода, тамоми имкониятҳои иқтисодӣ-техникии операторони алоқаи мобилиро ба вусъат додани корњо дар минтақаҳои зери пӯшиши шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ равона менамояд.

Бинобар ин, аз муштариёни операторони алоқаи мобилӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба паёмакҳои қабулгардида оид ба баландшавии арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилї эътибор надода, ба истифодабарии тарофаҳои худ бо арзиши феълӣ идома диҳанд.

Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

24.01.2024