Шиносоии Сардори Хадамот бо сифати алоқаи мобилӣ дар Шарора ва мулоқот бо сокинон
Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет ба Ҷамоати деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор сафари корӣ анҷом дод.
Ин боздид дар асоси шикояти сокинон сурат гирифта, Сардори Хадамоти алоқаро роҳбарони ширкатҳои мобилии МегаФон, Тсел, Вавилон ва Зет-Мобайл ҳамроҳӣ намуданд. Аз ҷониби мутахассисони Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ мониторинги сифати алоқа гузаронида шуд.
Бег Сабур бо шиносоӣ аз натиҷаи мониторинг сифати алоқаро дар ҳудудҳои ин Ҷамоати деҳот ғайриқаноатбахш ва нокифоя хонда, аз фаъолияти ширкатҳои мобилӣ изҳори нигаронӣ намуд. Зимни баррасии шикояти сокинон нисбат ба сатҳу сифати мавҷи алоқаи мобилӣ ба масъулин супориш дода шуд, ки дар муддати кӯтоҳ истгоҳҳои базавии иловагӣ насб карда шавад.
Дар идома Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Шарораи шаҳри Ҳисор мулоқот намуд.