Бо як ширкати дигари русӣ ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳафтаи гузашта Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати дигари русӣ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Ёддошти ҳамкории мазкур дар Хадамоти алоқа ба тасвиб расида, онро аз ҷониби Хадамот Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа ва аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» Николай Метлюк, Директори генералии ин ширкат ба имзо намуданд.
Мақсади асосии ёддошти ҳамкорӣ мусоидат намудан ба раванди навсозию ислоҳот дар соҳаи алоқаи барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин ҳуҷҷат заминаи ҳамкориҳои ширкатҳои алоқаи мобилии кишварро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Питер Ай Икс» фароҳам месозад.
Дар доираи ин ёддошти ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи алоқа, махсусан ворид намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди системаи тиҷорати электронӣ, дастрасӣ ба интернети фарохмаҷро, идоракунии интернет, таҳкими шабакаҳои насли чорум (4G LTE/) ва панҷум (5G), сурат хоҳад гирифт.