Суръати интернети мобилӣ дар Хатлон панҷ маротиба баландтар шуд
Дар ҳамон ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ корҳоро ҷиҳати муосиргардонии шабака иҷронамуд, суръати интернети мобилӣ аз 3-6 то 15-25 Мбит/с афзудааст. Ба ғайр аз навгардонии таҷҳизот, “МегаФон Тоҷикистон” дар соли ҷорӣ наздики 25 истгоҳи нави базавиро роҳандозӣ намуд. Ҳамаи онҳо стандарти алоқаи босуръати 4G/LTE-ро дастрас менамоянд.
Рушди техникии шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар ду самти асосӣ сурат мегирад. Ин беҳтаркунии сифати хизматрасониҳо дар шаҳрҳои калон ва ба кор даровардани таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ дар ҷамоатҳои дурдасте, ки то ҳол алоқаи мобилӣ вуҷуд надошт, маҳсуб меёбад. Дар вилояти Хатлон модернизатсия зиёда аз 60 объекти дорои таҷҳизоти радиорелеиро фаро гирифт. Муҳандисони ширкат воситаҳои нави қабулу таҳвил ва антеннаҳои навро насб карда, шабакаҳои таҳвили маълумотро васеъ намуданд.
Кори 150 истгоҳи базавии пештар дар вилояти Хатлон насбгардида, то ба сатҳи шабакаи 4G вусъат дода шуд. Зимнан, онҳо дар якчанд диапазони 800, 1800, 2300 ва 2600 МГц фаъолият доранд, ки ин барои якбора таҳвил додани трафики бештар дар басомадҳои гуногун имкон медиҳад. Дар маҷмӯъ – суръати интернете, ки ба ҳар як корбар дастрас аст, то панҷ маротиба зиёд мешавад.
Эътимоднокии таҷҳизот низ меафзояд. Қариб дар 60 истгоҳи базавӣ таъмири генераторҳои дизелй ё аккумуляторҳо гузаронида шуд. Манбаъҳои алтернативии нерӯ кори таҷҳизоти алоқаро ҳангоми қатъи шабакаҳои берунии барқ нигоҳ медоранд.
“МегаФон Тоҷикистонро аз ҷумла барои алоқаи босифат интихоб мекунанд. Аз ин рӯ, мо пайваста кӯшиш дорем, то интизориҳои муштариёнро қонеъ гардонем. Мавриди таваҷҷуҳи махсус ноҳияҳои дурдасте қарор доранд, ки ба онҳо хизматрасониҳои муосири рақамӣ нав ворид мешаванд. Ҳамин тариқ, имсол интернети мобилӣ дар ҷамоатҳои Обшорон ва Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон, ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ва деҳаи Темурмалик бори нахуст дастрас гардида, вусъат дода шуд. Барои муштариёни корпоративии мо дар НБО Сангтӯда истгоҳи базавӣ насб гардид. Ҷойҳои номдори истироҳатро низ фаромӯш накунем, яъне мо дар осоишгоҳи “Aqua Club” дар Норак пойгоҳи насли чорумро ба истифода додем. Шабакаи 4G ҳарчи бештар қаламрави вилояти Хатлонро фаро мегирад ва барои табдил додани муштариён ба муштариёни рақамӣ кӯмак мекунад”, – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.