«Вавилон-Мобайл» барои пур кардани суратҳисоб бо замимаи «ВТБ Online» тӯҳфа медиҳад

Ахбороти технологияҳо Навид

«Вавилон-Мобайл» барои пур кардани суратҳисоб бо замимаи «ВТБ Online» тӯҳфа медиҳад

Тавозуни муштариёни ҶСП «Вавилон-Мобайл»-ро бо истифода аз замимаи «ВТБ Online» бо комиссияи 0% пур кунед ва наздикони шумо на танҳо маблағ, балки мегабайтҳо низ хоҳанд гирифт!

Тӯҳфа ба муштарии ҶСП «Вавилон-М», ки аз замимаи «ВТБ Онлайн» маблағ гирифтааст, як маротиба дода мешавад.

  • Ҳангоми гузаронидани маблағ аз 12 сомонӣ то 59,99 сомонӣ 100 МБ пешниҳод карда мешавад.
  • Ҳангоми гузаронидани маблағ аз 60 сомонӣ то 119,99 сомонӣ 500 МБ пешниҳод карда мешавад.
  • Ҳангоми гузаронидани маблағ аз 120 ва аз он зиёд 1000 МБ пешниҳод карда мешавад.

Эзоҳ:

  • Мӯҳлати аксия: як моҳ аз 10.08.2023 то 10.09.2023.
  • Мӯҳлати амали бастаи бонуси ВТБ 30 рӯз аз рӯзи пайвастшавӣ аст.
  • Баста ба муштариёни ҳамаи нақшаҳои тарофави дода мешавад, ғайр аз шахсони ҳуқуқӣ.
  • Агар баста дар давоми 30 рӯз аз рӯзи қабул истифода бурда нашавад, мӯҳлати бастаҳои пешниҳодшуда ба охир мерасад.