TCELL ВА ZTE: ҲАМКОРИИ НАВИ СТРАТЕГӢ ДАР БОЗОРИ ДАСТГОҲҲОИ МУОСИР ДАР ТОҶИКИСТОН

Ахбороти технологияҳо Навид Хабарҳои расмӣ

TCELL ВА ZTE: ҲАМКОРИИ НАВИ СТРАТЕГӢ ДАР БОЗОРИ ДАСТГОҲҲОИ МУОСИР ДАР ТОҶИКИСТОН

Оператори рақамии Tcell ва яке аз пешоҳангони ҷаҳонии технологияҳои телекоммуникатсионӣ ZTE аз оғози ҳамкориҳои нави стратегӣ, ки ба рушди бозори дастгоҳҳои муосири рақамӣ  дар кишвар нигаронида шудааст, бо хушнудӣ хабар медиҳанд.

ZTE дар бозори таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ маъруф аст. Ширкат ба истифодабарандагон доираи васеи навъҳои гуногуни маҳсулоти босифатро  бо нархҳои мусоид пешниҳод мекунад. Дар чаҳорчӯби созишномаи имзошуда, Tcell ҳуқуқи истисноии пешниҳоди маҳсулоти ZTE ба кишварро амалӣ менамояд.

Дар асоси дастурҳои Сарвари давлат оид ба зарурати рушди соҳаи алоқа ва иқтисодиёти рақамӣ, инчунин қонуни нави қабулшуда дар бораи пардохтҳои электронӣ, Tcell ва ZTE якҷоя қарорҳое таҳия ва пешниҳод мекунанд, ки дастгоҳҳои мобилӣ ва алоқаи мобилии ба доираи васеъи истифодабарандагон дастрасро бештар гардонанд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи дастгоҳҳо маҳаки асосии  ин шарикиро ташкил медиҳад. Tcell ва ZTE аз даст додани имкони ба муштариён пешкаш намудани смартфонҳои гуногуни дорои технологияҳои пешрафтаро ифтихор меҳисобад, ки он ба ҳар як корбар дастрасии фаррохро ба тамоми бартариҳои ҷаҳони муосири мобилӣ фароҳам меорад. Бар замми ин,  смартфонҳо дар якҷоягӣ бо тарофаҳои «Salom Smartphone» бо нархи махсусан дастрас пешниҳод карда мешаванд.

“Ҳамкорӣ бо ZTE барои ширкати мо имкониятҳои нав фароҳам меорад. Мо мекӯшем, ки ба муштариёни худ на танҳо беҳтарин хидматрасониҳои алоқа, балки смартфонҳои гуногун ва замонавиро пешкаш намоем, ки онҳо ёрирасони ивазнашаванда дар ҳаёти ҳаррӯза хоҳанд шуд”, – гуфт Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати Tcell.

Вей Вей, Сардори Дафтари рушди ИДМ-и ZTE гуфт: “Мо аз ҳамкорӣ бо Tcell хушҳолем ва итминон дорем, ки хоҳиши муштараки мо барои пешниҳоди беҳтарин қарорҳо дар бозори дастгоҳ тағйироти зиёди мусбат дар ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон  хоҳад овард».

Tcell ва ZTE дар ин ҳамкориҳои стратегӣ интизори тасмимоту таҳаввулот ва муваффақиятҳои нав мебошанд.

Ҳадафи умумии мо дастрас кардани смартфонҳои муосир барои ҳама шаҳрвандон ва мусоидат ба рушди соҳаи телекоммуникатсионӣ дар кишвар мебошад.