Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ошхонаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромантаж» дар Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор доданд
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ошхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж»-ро ба истифода супориданд.Ошхона барои 500 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот ба талаботи санитарӣ — гигиенӣ ва зиддисӯхтор ҷавобгӯ аст. Лоиҳаи бинои ошхона аз ҷониби мутахассисони ширкати мазкур таҳия ва дар корҳои сохтмонӣ масолеҳи хушсифати ватанӣ истифода гардидааст.
Масоҳати умумии ошхона 1 ҳазору 70 метри мураббаъ буда, дорои ҳуҷраҳои барҳавои омода намудани хӯрок, нонпазӣ, шустушӯ ва иншооти ёрирасон мебошад. Толори калони ошхона 420 ҷойи нишаст дорад. Бо таъсиси ошхонаи нав барои 45 нафар ҷои кори доимӣ фароҳам шудааст.
Дар ошёнаи дуюми бино 6 ҳуҷраи корӣ, 6 ҳуҷраи таълимӣ барои касбомӯзони ширкат ва толори маҷлис барои 45 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар шафати ин иншоот ошхонаи тобистона низ бунёд гардидааст, ки дар он дегҳои алоҳида барои омода намудани таом ва танӯрҳои нонпазӣ гузошта шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж» суҳбати самимӣ ороста, бунёди иншооти зарурӣ, аз қабили ошхонаи замонавиро дар раванди корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ муҳим арзёбӣ намуданд.
Бо бунёди ошхонаи нав кормандону мутахассисони ширкат се вақт бо хӯроки гарму серғизо таъмин мегарданд. Таъсиси ошхона дар мавзеи наздик ба қитъаи сохтмон дар самти сарфаи вақти кормандон мусоидат менамояд.
Бо дарназардошти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва расидани сатҳи обанбор ба баландии 1100 метр, замони зериобмонии майдончаи сохтмонии №1 ширкат ба нақша гирифтааст, ки корҳои сохтмониро дар 5 бинои хобгоҳи 3-ошёна оғоз намояд. Бунёди хобгоҳҳои замонавӣ дар умум барои 1500 нафар дар як басти корӣ пешбинӣ гардидааст.
Хобгоҳҳои нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити хобу истироҳати кормандони шаркат бунёд мешаванд. Дар бинои хобгоҳҳо 75 ҳуҷраи хоб- ҳар кадомаш барои 4 нафар сохта мешавад. Дар шафати биноҳои хобгоҳ майдони варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд мегардад.