Маълумот доир ба азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи соли 2014
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2023, №35 дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 «Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», Хадамот дар ҳамкорӣ бо ВКД ҶТ, КДАМ ҶТ ва Ширкатҳои алоқаи мобилӣ, ки қарори дар боло зикршуда то 15 феврали соли 2024 тамдид карда шуд, корҳои санҷиши хариду фурӯши симкортҳо, пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ ва баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар доираи қарори мазкур гузаронида мешаванд.
Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи ширкатҳои алоқаи мобилӣ то ба имрӯз бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 (ID корт) – 7 миллиону 377 ҳазору 255 рақам симкортҳо ба қайд гирифта шудааст, аз ин ҷумла – 5 миллиону 643 ҳазору 454 бо ID-корт рақами муштариёни фаъол мебошанд. Нишондоди азнавбақайдгирӣ аз 01 феврал то 28 июни соли 2023 – 851169 адад симкортҳоро дар бар мегирад.
Айни замон истифодабарандагони алоқаи мобилие, ки то ҳол симкортҳояшон бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 дар фаъолият мебошанд ва тибқи Тартиби мазкур аз нав бақайдгириро нагузаштаанд, аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ хомуш карда шудаанд.
То ин давра дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои бақайдгирифташудаи (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ) истифодабарандагони алоқаи мобилӣ – 8 миллиону 302 ҳазору 529 рақамро ташкил медиҳанд.