Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Минск дар Конфронси III байналмилалии илмӣ-амалии «Фаъолияти тафтишотӣ: илм, маориф, амалия» иштирок намуд

Навид

Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Минск дар Конфронси III байналмилалии илмӣ-амалии «Фаъолияти тафтишотӣ: илм, маориф, амалия» иштирок намуд

 9 июн дар шаҳри Мински  Ҷумҳурии Беларус ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода дар Конфронси III байналмилалии илмӣ-амалии «Фаъолияти тафтишотӣ: илм, маориф, амалия» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои олӣ ва дигар ниҳодҳои давлатии Беларус, Узбекистон, Озарбойҷон ва Русия низ иштирок намуданд.

Иштирокчиён роҳҳои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавиро дар самти тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода, нақши конфронсро дар баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Минск бо мақсади таҳкими заминаи ҳуқуқии робитаҳо байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Беларус Созишномаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ба имзо расонида шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки созишномаи мазкур барои таҳкими равобити байни ду мақомот дар ҳалли мушкилоти марбут ба коррупсияи фаромиллӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.