Баргузории семинари омӯзишӣ доир ба идоракунии иттилооти рақамии захираҳои об
Рӯзҳои 4 ва 5 майи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили дониши мутахассисони соҳа семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Идоракунии иттилооти рақамии захираҳои об ва истифодаи он барои вокуниш ба тағирёбии иқлим дар Тољикистон» баргузор гардидааст.
Тавре Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ хабар медиҳад, дар барномаи омӯзишии мазкур Директори Генералии Дафтари Алматии KOTRA (Шуъбаи тиҷоратии Консулгрии генералии Ҷумҳурии Корея) ҷаноби Ким Ҷунг-Ҳун, Роҳбари маркетинги ҷаҳонии ширкати EGIS CO Ltd ҷаноби Ли Кванг Се, Роҳбари минтақавии Қавқоз ва Осиёи марказии ширкати EGIS CO Ltd ҷаноби Комилов Беҳзод, Роҳбари шуъбаи тичорати деҳоти “Ташкилоти ҷамъияти деҳоти Карея” ҷаноби Ли Ҷонг Сео, Мудири Иҷрои Ширкати With-Drone Co., Ltd ҷаноби Ким Риҳван ва мудири Ширкати With-Drone Co., Ltd ҷаноби Ким Доҳйеон ва кормандону мутахассисоне, ки дар самти идоракунии иттилооти рақамии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ фаъолият менамоянд ширкат варзиданд.
Тибқи барномаи семинар аз ҷониби устодон ва мутахассисони кореягӣ оид ба таҷриба ва технологияи замонавии идоракунии иттилооти рақамии захираҳои оби Ҷумҳурии Корея ба иштирокчиён маълумот пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон бо мақсади азхуд намудани малакаи дастраснамоии иттилооти рақамӣ бо истифода аз ҳавопаймои бесарнишини хурди (Дрон) замонавӣ ба иштирокчиён омузишӣ амалиявии идораи парвози дрон ва аксгирии фазоӣ пешниҳод карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани фаъолияти беҳдошти замин ва обёрӣ аз ҷониби Ширкати With-Drone Co., Ltd ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як адад дрон туҳфа гардид.
Дар охир, иштирокчиёне, ки таи ду рӯз омӯзишро бо муваффақият азхуд нумуданд бо сертификатҳо таъмин карда шуданд.