Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Турсунзодаро ифтитоҳ намуданд
Бинои нав аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар он барои кормандони мақомоти милитсия тамоми инфрасохтори зарурӣ бо назардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст.
Иншооти мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии як гектар бунёд гардидааст.
Мувофиқи лоиҳа, бинои нав барои пешбурди фаъолияти самараноки дастаи махсуси зудамали шуъба пешбинӣ гардида, дорои 24 ҷойи хоб барои афсарон мебошад.
Бинои навбунёд аз маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Маҷлисгоҳ бо нишастгоҳҳои замонавӣ таъмин буда, барои гузаронидани чорабиниҳо ва мулоқот пешбинӣ шудааст.
Дар китобхонаи электронӣ номгӯи зиёди адабиёти соҳавӣ ва асарҳои илмию бадеии тозанашр мавҷуд аст, ки кормандон метавонанд дар вақти муносиб ба мутолиа машғул шуда, дониш, малака ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.
Барои ба варзиш машғул шудани кормандони шуъба, хусусан дастаи зудамал майдон ва як толори варзишӣ сохта шудааст. Майдону толор бо тарҳи муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии машқу тамрин таъмин аст. Масоҳати майдони варзишӣ 600 ва толори варзишӣ 120 метри мураббаъро ташкил медиҳад.