10 сабаби насби “Утоқи шахсӣ” барои муштариёни ZET-MOBILE
Замимаи “Утоқи шахсӣ” аз ZET-MOBILE на танҳо барнома, балки воситаи боэътимод барои идоракунии қулайи саҳифаи муштарӣ мебошад. Новобаста ба он ки ҳисоби тавозунро пайгирӣ намудан, пайваст кардани хизматрасониҳо ё муқаррар кардани тарофа зарур аст, ширкат мекӯшад, ки ҳар як қадами корбарро то ҳадди имкон осон ва қулай кунад. «Утоқи шахсӣ» ба муштариёни ширкат чӣ бартариҳо медиҳад?
1.Интиқоли трафик: Акнун сайрҳои онлайнии шумо метавонанд боз ҳам ҷолибтар шаванд. Мегабайтҳои худро бо дӯстон мубодила кунед, то ҳама якҷо аз лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш дар ҷаҳони виртуалӣ лаззат баред.
2. Мубодилаи трафик: Бақияи бастаи шумо ба захираҳои арзишманд табдил меёбанд, зеро мубодилаи дақиқаҳо, SMS-паёмакҳо ва мегабайтҳоро дар ҳоли зарурат метавон анҷом дод.
3. Кӯмак дар ҳолати сифр: Дар лаҳзаҳои муҳим дар бораи тавозунатон хавотир нашавед. Бо ҳолати сифрии тавозун шумо метавонед дар ҳаҷми аз 3 то 30 сомонӣ аз ҷониби ширкат дастгирӣ ёфта, муоширатро ҳатто дар ҳолатҳои душвортарин таъмин кунед.
4. Назорат: Барнома назорати пурраи маълумоти иртиботиатонро таъмин мекунад. Барои беҳтар фаҳмидани эҳтиёҷоти худ дар бораи зангҳо, SMS-паёмакҳо ва истифодаи интернет маълумоти муфассал гиред.
5. Назорати хароҷот: Буҷети худро осон пайгирӣ кунед. Маълумотро дар бораи пардохтҳои охирин, истифодаи дақиқаҳо, мегабайтҳо, SMS ва бақияи тавозун барои рӯз, ҳафта ва моҳ бинед.
6. Ороиши замонавӣ: Тарҳи нав мутобиқи стандартҳои муосири UX/UI, на танҳо ба барнома намуди замонавӣ медиҳад, балки осонии истифодабариро таъмин намуда, таҷрибаи шуморо то ҳадди имкон бой месозад.
7. Мутобиқсозии ранг: Шумо метавонед ранг (торик/равшан) ва забонро барои истифодаи худ интихоб кунед.
8. Дастгирӣ: Барои пайдо кардани наздиктарин нуқтаҳои хидматрасонӣ, гирифтани суроғаҳои дақиқ ва маълумот дар бораи соатҳои корӣ аз маълумоти географӣ истифода баред. Боварӣ ҳосил кунед, ки дастгирӣ ҳамеша вуҷуд дорад, новобаста аз он ки шумо дар куҷоед.
9. Трафики сифр: Худро аз ташвиш дар бораи сарфи трафики интернет озод кунед, зеро ҳамаи хизматрасониҳои барнома ройгон пешниҳод мешаванд.
10. Огоҳӣ: Огоҳиҳои фавриро дар бораи таблиғот, ахбор ва тамоми фаъолияти ширкат гиред. Ин танҳо маълумот нест, балки дастурамали шумо ба навтарин пешрафтҳо ва бартариҳое мебошад, ки барнома пешкаш мекунад.
«Утоқи шахсӣ» на танҳо ба корбар воситаи пурқудрати идоракунии тарофаҳои худро фароҳам меорад, балки фазои беназири виртуалиро низ эҷод мекунад. Ширкат мунтазам оид ба навсозии “Утоқи шахсӣ” кор мекунад, то ҳар як муштарӣ тавонад хизматрасониҳои худро ба осонӣ идора кунад.
Бо имкониятҳои гуногуни ZET-MOBILE аз ояндаи рақамии худ лаззат баред!