Ҷамъи 9: Дар кадом суроғаҳои нав метавон масъалаҳои мобилиро дар Душанбе, НТМ ва Хатлон ҳал намуд?

Навид Хабарҳои расмӣ

Ҷамъи 9: Дар кадом суроғаҳои нав метавон масъалаҳои мобилиро дар Душанбе, НТМ ва Хатлон ҳал намуд?

Боз нӯҳ толори фирмавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Душанбе, НТМ ва Хатлон ифтитоҳ ёфтанд. Чун дигар нуқтаҳои фурӯши боқимондаи оператор онҳо дар маконҳои ниҳоят қулай барои муштариён воқеъ мебошанд.

Душанбе, к. Амиршоев, 1

Дар ноҳияи И. Сомонӣ толори нав дар бинои чанде пеш сохташуда воқеъ мебошад. Дар наздикии он – бонкҳо, мағозаҳо ва хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷойгир ҳастанд.

Душанбе, х. Н. Қарабоев, 26

Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт низ толор дар бинои нави истиқоматӣ кушода шуд. Рӯ ба рӯи он – Театри ҷавонон, маркази дилхушии “Космо Ленд”, дар биноҳои ҳамсоя – дорухонаҳо, мағозаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ. Масъалаҳои мобилиро метавон ҳамзамон ҳангоми анҷоми харидҳо ҳал намуд.

Душанбе, к. М. Турсунзода, 13/23

Дар гирду атрофи толори фирмавии воқеъ дар ноҳияи И.Сомонӣ боғчаи кӯдакона, мактаб, бинои идораи ҷумҳуриявии шиносномадиҳӣ, меҳмонхонаҳои “Румӣ” ва “Ватан” ҷойгир мебошанд. Ин барои меҳмонони пойтахт қулай аст.

Ҷамоати Харангон

Толор назди роҳи мошингарди ҷониби деҳаи Варзоб ҷойгир мебошад. Акнун ба сокинони ҷамоати сераҳолӣ зарур намеояд, ки ба шаҳр ё маркази ноҳияи Варзоб бираванд, ҳалли масъалаҳои мобилӣ аз худи хона имконпазир аст.

Ҷамоати Истиқлол, к. Селбар, 1

Аҳолии ҷамоати воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Толори нави ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон медиҳад, ки масъалаҳои марбут ба алоқа дар худи ҳамин ҷой ҳал карда шуда, маблағи сафарҳо ба Шаҳринав сарфа карда шавад.

Ҳисор, к. Сомонӣ, 5

Толори алоқа дар супермаркети “Би-1” кушода шуд. Ин барои муштариёне, ки барои харидҳо меоянд, хеле қулай аст.

Ҷамоати Навободдеҳа, к.Ваҳдат, 1

Қаблан барои боздид аз толор мардумро зарур меомад, ки ба шаҳри Турсунзода бираванд. Акнун дар ҷамоат толори фирмавии алоҳида кушода шуд.

Файзобод, к. И. Сомонӣ

Теъдоди сокинони деҳаи шаҳрмонанди Файзобод зиёда аз 12 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Қаблан онҳо маҷбур буданд, ки барои харидани SIM-корт ё гирифтани машварат оид ба танзимкунии интернети мобилӣ танҳо ба Ваҳдат бираванд. Акнун ба онҳо лозим намеояд, ки бо ин мақсадҳо 30 километр масофаро тай намоянд.

Норак, бозори “Рамзи Норак

Бозори нав дар Норак охири соли 2023 кушода шуда буд, ин яке аз маконҳои маъруфтарини шаҳр ба шумор меравад. Дар ин ҷой акнун на танҳо метавон ҳама чизҳои зарурии худро харидорӣ кард, балки аз толори ширкати “МегаФон Тоҷикистон” низ боздид намуд.